Раёсати корҳои дохилии пойтахт дар охири моҳи октябр ҳарду бозиро барои кӯдакону наврасон манъ кард. Далелаш ҳам хулосаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст, ки "Counter Strike" ва "Grand Theft Auto"-ро олуда ба зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ номид.
На дар Раёсати корҳои дохилӣ ва на дар Вазорати фарҳанг ҳозир нашуданд, ки қазияро шарҳ диҳанд. Сокинон тавсияро шуниданд ва ҳам хабари рейдҳои эҳтимолиро ба марказҳои бозии компютерӣ. Бархе аз онҳо тарафдори ин қароранд ва бархе ҳам мухолиф.
"Баъзе аз бетартибиҳое, ки дар Русия шуд, айнан таъсири компютер аст. Баъд ба гурӯҳҳои террористӣ якҷоя мешаванд," – гуфт Сӯҳроб Тошев, сокини шаҳри Душанбе.
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, баръакс, бовар дорад, ки бозии "Counter Strike" аз нуқтаи назари омодагии дифои ҳарбӣ таъсири мусбат дорад.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, дар ҳарду бозӣ шаҳрсозиву ободонӣ низ ҳаст: "Омӯхтан мумкин аст, ки модели ҳаёти воқеиро дар онҷо чӣ гуна месозанд. Дар бозии "Grand Theft Auto" метавонед, ки модели шаҳри худатонро созед. Агар хато накунам, ба фикрам, модели шаҳри Хуҷанд дар онҷо дастрас ҳаст."
Ба назари як ҳамсуҳбати мо, ки барои ноболиғ будан ному насабаш зикр намешавад, ҳамсолони ӯ бештар ба бозиҳое шавқ доранд, ки дар онҳо тирпаронӣ сурат мегирад.
Ҷомеашинос Беҳрӯ Насурова ҷонибдори он аст, ки марказҳои бозии компютерӣ ба наврасону ҷавонон бештар бозиҳои зеҳнӣ пешниҳод кунанд
"Бинед, ҳатто шоҳмотро дар ҳамон ҷо бозӣ мекунанд, ки хуб аст. Ин ақлро такмил медиҳад. Ё ҳаст бозиҳои стратегӣ. Стратегияи шаҳрро месозанд, стратегияи давлатро месозад. Дар муддати кӯтоҳ бояд аз ҳамин мушкилот барояд. Медонед, ин барои шахсияти кӯдак чӣ қадар хуб аст. Мутаассифона, мо имрӯз ин ҷанбаҳояшро дида наметавонем”, -- шарҳ дод ӯ.
Ба назари барномасоз Шаҳрон Комилов, бозиҳои компютерӣ ҷанбаҳои хуб зиёд доранд: "Инсон ба воситаи бозиҳои компютерӣ дар худ шуълаеро ба вуҷуд меорад, ки метавонад дар омӯзиш ба ӯ мадад кунад. Барои намуна, диққати ӯро ба техника ва компютер ҷалб мекунанд."
"Бозиҳое ҳастанд, ки баъзан саҳнаҳои хушунат доранд, аммо дар ҳамин бозиҳо низ чизи хуб пайдо кардан мумкин аст," -- илова кард мусоҳиби мо.
Коршиноси фанновариҳои навин Рустам Гулов низ мегӯяд, Тоҷикистон ба ҷойи манъ кардани ин гуна бозиҳо бояд созандаи онҳо шавад ва дар саноати бозиҳои компютерӣ ҷойгоҳ пайдо кунад: "Мо бояд аз дунё қафо намонем. Ҳар дафъае, ки мо ягон чизро манъ мекунем, моро боз панҷ қадам қафо мезанад, даҳ қадам қафо мезанад. Хусусан, ҳамин бозии “Counter Strike”-ро ба назар гирем, як бозии хеле машҳур дар дунё ҳаст. Саводи бозигарии "Game Literacy" ин ҳам як ҷузъи муҳими саводи расонаӣ ҳаст."
Бозиҳои компютерӣ ва рафтани наврасону ҷавонон ба марказҳои бозӣ ҳамеша як мавзӯи доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2017 ба соҳибони Марказҳои бозии компютерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор дода буд, ки ноболиғонро ба коргоҳи худ роҳ надиҳанд. Ҷавонону наврасоне, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, гуфтанд, манъ кардан осон аст, вале имкониятҳои дигари истироҳату фароғат фароҳам овардан душвор.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед: