Гурӯҳе аз хонандагони мактаби миёна дар Душанбе пас аз хабардор шудан аз "амалиёт"-и нозирони милиса дар яке аз марказҳои бозиҳои компютерӣ худро аз ошёнаи севум ба замин партофтаанд. Ба иттилои дарёфтӣ чанде аз онҳо маҷруҳ шуда, камаш як нафар дар бемористон бистарист. Омӯзгорону волидон дар ин ҳодиса якдигарро гунаҳкор мекунанд. Додситонӣ парвандаи маъмурӣ кушодааст.
“Аз ин пеш ҳам ба даст афтода будам”
Ҳодиса рӯзи 26-уми май дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар наздикии бозори "Корвон", рӯй додааст. Маркази бозиҳои компютерӣ дар ошёнаи сеюми як бинои бисёртабақа ҷойгир аст ва ҳоло ба дараш муҳр задаанд.
Шоҳидон гуфтанд, камаш ҳафт хонандаи мактаб бо ҳадафи гурехтан аз тирезаи марказ худро партофта, дар натиҷа, пою даст, сар ва қабурғаашон ҷароҳат бардоштааст.
Д.К., хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 5-и пойтахт, яке аз онҳост, ки мегӯяд, аз тарси маъмурони милиса маҷбур шуд, худро ба поён партояд. Вай аз пушти сар захм бардошта, дар шифохонаи "Истиқолол" муолиҷа мегирад.
Мусоҳиби мо рӯзи 31-уми май гуфт, "дарро аз дохил маҳкам карда будем. Сахт кӯфтанд. Дидем, ки милисаҳо дар пушти даранд. Ҳамроҳи ман 7 нафар аз ҳамсинфонам буданд. Милисаҳо як бори дигар маро дар чунин ҷой дошта буданд. Гуфтам аз тиреза мепарам, вақте ба ҳуш омадам, ки дар беморхона ҳастам."
Дар мактаб гуфтанд, “гуноҳи волидон аст”
Табибон гуфтанд, рӯзи аввал вазъи саломати Д.К. вазнин буд ва ҳоло беҳтар шудааст. Ин хонандаи мактаби рақами 5-и пойтахт таъкид кард, ки чанд рӯз пеш рафиқонаш ба хабаргирӣ омада буданд ва аз онҳо фаҳмидааст, ки чанд ҳамсинфи дигараш низ худро аз ошёнаи севум партофта буданд.
Беҳрӯз, яке аз шоҳидони ҳодиса, гуфт, азбаски ноболиғон рост ба замин наафтиданд, бино бар ин, ҷароҳати сахт набардоштанд: "Аввал дар "казирок" банд монда, сипас ба замин заданд. Дидам, ки яке аз онҳо хуншор ва аз ҳуш рафта буд. Баъзеи дигар бо вуҷуди маҷруҳ будан талоши гурехтанро мекарданд".
Рустам Нурматов, муовини мудири мактаби рақами 5 дар Душанбе, гуфт, ҳодиса пас аз соати дарсӣ шудааст ва дар ин қазия бештар волидонро гунаҳкор донист.
Модар мепурсад, “чаро кӯдаконро ба марказ роҳ доданд?”
Д.К.-и 16-сола мегӯяд, онҳо вақте ба маркази компютерӣ рафта буданд, ки дарсҳояшон ба поён нарасида буд. Таҳмина, модари ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин қазия танҳо волидон гунаҳкор нестанд.
"Модоме ки рафтани наврасону кӯдакон ба чунин марказҳои компютерӣ манъ аст, чаро дарашонро барои фарзандони мо боз мекунанд? Чаро ин марказҳо ҳанӯз фаъоланд?" – суол гузошт ӯ.
То ҳол назари соҳиби маркази бозиҳои компютерӣ ба ҳодиса маълум нест. Додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба дари маркази бозиҳои компютерӣ муҳр задааст ва рӯи 31-уми май касе дар он ҷо набуд.
Дар Додситонии ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ парванда кушодаанд ва аз омӯзгорон то волидону молики маркази компютерӣ бозпурсӣ хоҳанд шуд. Ин меъёри қонун то 300 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
“Меваи мамнуъ ширин аст”?
Муҳаммад Боқиев, як масъули Хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар ноҳияи Фирдавсӣ, мегӯяд, аз ҳодиса огоҳ аст, аммо тафсилоташро намедонад. Ӯ таъкид кард, ки кормандони пулис рейдҳои нақшавӣ мегузаронанд ва агар вориди кадом маркази компютерӣ шудаанд, пас, бар асоси ҳамин нақша аст.
Пештар низ дар пайи санҷишу амалиёти мақомот дар марказҳои бозиҳои компютерӣ фирори ҷавонон ва рух додани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш вуҷуд доштааст. Маъмурони милиса мегӯянд, борҳо ба соҳибони марказҳои бозиҳои компютерӣ, букмекерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор додаанд, ки хонандагони мактабро роҳ надиҳанд. Баъзе аз моликони марказҳои бозиҳои компютерӣ мегӯянд, назорати пурраи вазъро надоранд.