Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шириншо Шотемур. Сарнавишти лабрез аз лаҳзаҳои ҷолиб ва фоҷиа


Муҷассамаи Шириншо Шотемур дар Хоруғ. Соли 2009
Муҷассамаи Шириншо Шотемур дар Хоруғ. Соли 2009

Аввали моҳи декабри имсол ба таваллуди қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншо Шотемур 120 сол пур мешавад. Шахсияте, ки дар саргаҳи давлати муосири тоҷикон ва бедориву худшиносии миллии он қарор дорад. Ӯ вафодорона ба ҳукумате хидмат кард, ки сарнавишти давлатдории тоҷиконро рақам зад, аммо ин давлатдорӣ бо қимати ҷони ҳазорон инсон, аз ҷумла ҷони худи Шириншо Шотемур ва бисёре аз онҳое, ки ӯ дӯст медошт, ба даст омад.

Бо ёдоварӣ аз таърихи саркӯбҳо (ё "террори сурх") бисёриҳо дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки навъи нигоҳ ба даврони Шӯравӣ ва раванди барқарор кардани он бояд бознигарӣ шавад. Бо вуҷуди ин ҳама, номи Шириншо Шотемур бо гузашти 82 сол аз марги ӯ дар шумори қаҳрамонони ғайри қобили инкори миллати тоҷик мондааст.

Донишдӯстӣ ба рағми ҳама чиз

Сарнавишти Шириншо Шотемур лабрез аз фоҷиаву лаҳзаҳои ҷолибест. Ӯ дар хонаводаи бузургу камбизоати аҷдоди саидҳо (пасванди "шо" маънои мансубият ба хонаводаи пайғамбарро дорад) дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Дар 8-солагӣ аз падару модар маҳрум шуд ва аммааш ӯро ба парасторӣ гирифт. Тобистон бо ҳамсолони худ ба кору меҳнати сангине машғул мешуд ва зимистон ба деҳаи Хоса мерафт, ки онҷо дар пеши охун (муаллим)-ҳои маҳаллӣ хатту саводро (ғайрирасмӣ) меомӯхт.

Шириншо Шотемур (аз рост) бо Садриддин Айнӣ
Шириншо Шотемур (аз рост) бо Садриддин Айнӣ

"Шириншо дар миёни ҳамсолонаш дурахшиши хосе дошт. Омили асосии муваффақияташ ин буд, ки алоқаи шадиди ӯ ба дониш ва талошҳо барои дарки дунёи давру бари худаш буд," - мегӯяд Қурбон Аламшоев, рӯзноманигори тоҷик, ки солҳои дароз ба тадқиқи кору рӯзгори Шотемур машғул аст.

Ба гуфтаи ӯ, вақте дар Хоруғ бори аввал мактаб кушода шуд, он ҷо 20 наврас аз оилаҳои маъруф мехонданд, ки дар миёни онҳо аз ҳама нодор (камбағал) Шириншо буд. Дар ниҳоят аз миёни ин ҳама ӯ ягона касе буд, ки мехост таҳсилро дар кишвари дигар идома бидиҳад.

Бо шарофати донишдӯстии худ Шириншо Шотемур бо афсари рус Топорнин шинос шуд, ки ӯро ба Тошканд бурд ва онҷо таҳсилашро идома дод ва баъдан вориди дорулмуаллимин шуд. Бино ба гуфтаи Аламшоев, ӯ мардикорӣ мекард ва бо фарқ аз бештари ҳамшаҳриёни худ, ки ҳамчунин дар Тошканд муҳоҷир буданд, тамоми маблағҳои бадастовардаашро барои таҳсил ва рушди худаш масраф мекард.

Роҳ ба сӯи коммунизм

"Моҳи октябри соли 1917 дар дорулмуаллимин инқилоб маро фаро гирифт, то ин замон дар бораи сотсиализм, муборизаҳои синфӣ ва ғайра тасаввуроте надоштам", – таъкид мекунад Шириншо Шотемур дар шарҳи холи худаш. Ӯ таҳсилро дар дорулмуаллимин, ки баъдтар Мактаби меҳнати педагогӣ номида шуд, то соли 1921 идома дод. Зимнан, ҳаводиси инқилоб дар Тошканд таъсири бузурге рӯйи афкор ва ҷаҳонбинии ин ҷавони кӯҳистонӣ гузошт ва оғози фаъолиятҳои иҷтимоиву сиёсии ӯ гаштанд.

Соли 1921 Шотемур узви Ҳизби коммунистии Русия (болшевикҳо) шуд. Кори ӯ аз Кумитаи озуқавории Хуҷанд оғоз ёфт. Баъдан, дар оғози соли 1921 ӯро ба Тошканд даъват карданд, ки бо дастури Ҳизби коммунист ба Помир дар ҳайати сегона (тройка)-и ҳарбию сиёсӣ фиристода мешавад. Рисолати асосии ин сегона дар Помир таҳти назорати низомӣ қарор додани минтақа, ташкили кумитаҳои инқилобӣ (ревком) – нахустин ниҳоди давлатии Шӯравӣ дар минтақа ва деҳот ва роҳандозии корҳои ҳизбиву шӯроӣ буд.

Давлат Худоназаров
Давлат Худоназаров

"Ӯ аз соли 1914 дар зодгоҳаш набуд ва ин хаббаро бо хурсандӣ напазируфт, зеро эҳсос кард, ки дар 22-солагиаш ба иҷрои ин масъулият муваффақият намешавад ва талош кард, ин тасмимро ба чолиш бикашад. Вале ба ӯ гуфтанд, ки қумандони ин ҳайат аз ӯ ҳамагӣ ду сол бузургтар аст ва дигар тамоми ҳайати шашнафара ҷавонтаранд," -- ёдовар мешавад дар яке аз мусоҳибаҳо коргардони синамо ва яке аз муҳаққиқони рӯзгори Шотемур Давлат Худоназаров.

Дар ҳайати сегона ба ҷуз аз Шотемур ҳамчунин ашрофзода Троичан Дяков, ки масъули назорат бар отряди марзбонӣ буд ва Ҳаққул Хусуанбаев, ки барои кор бо мардуми Помири Шарқӣ – қирғизҳо фиристода шуда буд ва забонро медонист, шомил буданд.

Натиҷаи кори Шириншо Шотемур, ки баъдтар роҳбари ин сегона шуд, ҳаллу фасли пурраи тақсимоти идории Помир гардид, ки моҳи августи соли 1923 онро воҳиди маъмурии мустақил бо номи Ҳавзаи низомии Помири Ҷумҳурии Туркистон карданд ва марказаш Хоруғ шуд.

Кор дар ҳайати Сегонаи сиёсиву низомӣ тавонмандиҳои мудириятии Шотемурро бармало кард ва ба ташаккули минбаъдаи ӯ ба унвони сиёсатмадор асаргузор шуд.

Мубориза барои давлатдорӣ

Баъди бозгашт ба Тошканд дар зиндагии Шириншо марҳалаи нави мубориза барои таъйини мақоми сиёсиву иҷтимоии тоҷикон дар ҳайати ТуркАССР оғоз шуд. Ҳангоми кор ба унвони дастурдеҳи бахши коммунистии тоҷикӣ ӯ ба андозаи бисёр шоиста ба масъалаи миллии тоҷикон пардохт. Яке аз самараҳои аввали ин талошҳо таъсиси рӯзномаи "Овози тоҷик” бо забони тоҷикӣ буд. Тавре Қурбон Аламшоев дар осори худ менависад, "Шотемур ба андозае ба нашри ин рӯзнома алоқаманд буд, ки шахсан худаш ба ҷустуҷӯйи кормандони ин нашрия дар Самарқанд пардохт."

Қурбон Аламшоев
Қурбон Аламшоев

Ба ҷуз ин, ӯ ба таври фаъолмандона дар ташкили нахустин Донишкадаи равшаннамоии тоҷикӣ (муаллимтайёркунӣ) дар Тошканд, ки барои омӯзиши кӯдакони тоҷик бо забони модарияшон омӯзгор омода мекард, саҳм гирифт.

Ӯ дар шароите, ки сиёсати пантуркизм фаъолона ривоҷ меёфт ва амалан зердасти касоне, ки ин идеяҳоро пеш мебурданд буд, ҳамчунон хостори ҳифзи ҳуввияти тоҷикӣ буд. Соли 1929 баъди талошу муборизаҳои зиёд Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуд. Барои ин ёддошту гузоришҳои навиштаи Шотемур ба Сталин ҳам хеле таъсир гузошт. Аз ҷумла, "Дар бораи вазъи фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон дар ҳайати ҷумҳурии Узбекистон" дар соли 1926, "Истидлоли сиёсии узбекисозии мардуми тоҷик дар ҳудуди ҶШС Узбекистон"; мактуб барои ҷудо кардани ҳавзаи Хуҷанд ва ғ.

Масалан, дар як гузориши ёддоштӣ "Дар бораи вазъи фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон дар ҳайати ҷумҳурии Узбакистон" Шотемур менависад, ки "таҷзияи милливу ҳудудии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди ҷумҳурии Узбекистон (бо шумули дигар миллатҳо) тақрибан 800 ҳазор тоҷик мавҷуд аст", ки "вазъи феълӣ”-и онҳо ниёз ба “таваҷҷуҳи хос” дорад. Ва ёдрас мешавад, ки “дар ҳудуди ҷумҳуриҳои пешини Туркистон ва Бухоро (то тақсимот) аз оғоз, ба истиснои Бадахшони Кӯҳӣ – Помири Ғарбӣ вуҷуди тоҷикон рад шуд, ҳол он ки танҳо бино ба маълумоти расмӣ дар худи Туркистон то шашсад ҳазор тоҷик зиндагӣ мекарданд..."

Тавре аз рисолаи тадқиқотии Қурбон Аламшоев бармеояд, Шотемур дар номаҳои худ далелҳои воқеиро пешниҳод мекунад, ки "барои аксари тоҷикон дар Осиёи Марказӣ мактабҳои миллӣ барҳам дода шуд, ҳатто ҳаққи гап задан ба забони модарияшонро надоштанд, зеро забони онҳо забони амирӣ дониста мешуд, сарфи назар аз ин ки амир узбеки бумӣ буд, вале забони тоҷикиро як забони “фарҳангӣ” ва ғанӣ медонист”.

Ӯ ин иқдомро масхараомез меномад ва ба он монанд мекунад, ки "дар Русия забони русӣ дучори таъқиб шавад, ба он хотир ки он забони давлатии ҳукумати Николайи II аст".

Ӯ ҳамчунин ба далелҳое ишора мекунад, ки раҳбарияти ҷумҳурии Узбекистон ҳуқуқи тоҷиконро нақз мекунад ва дар мактабҳои тоҷикӣ омӯзишро ба забони узбекӣ ворид менамояд ва "доираҳои пантуркистӣ, панисломӣ ва панузбекии равшанфикрон ва руҳониёни узбекҳо талош доранд, мардуми тоҷикро мунҳал бисозанд", ҳарчанд "ба ҷуз Осиёи Марказӣ тоҷикон қисми бештари ҷамъияти кишварҳои марбута (Форс, Афғонистон, Ҳинд)-ро ташкил медиҳанд”.

Он замон на ҳар корманди ҳизб ва давлатӣ ҷуръат мекард, ки ба таври мустақим, бидуни раҳбарияти ҳизб ба номи Сталин номае бо чунин мазмун бинависад, ки метавонист пайомади фоҷиабори пешгӯйинашавандае дар пай дошта бошад.

Вақте аз муборизаҳову талошҳои асосгузорони давлатдории тоҷикон ёдовар мешавем, мунсифона нест, ки ба ҷуз Шириншо Шотемур аз саҳми бузурги шахсиятҳое чун Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Нисор Муҳаммад ва ғайра ҳам ном набарем. Ҳамаи ин ходимони давлатӣ ва ҳизбӣ бо ҳам робитаи дӯстонаи танготанге доштанд ва бар хилофи монеаҳои рақибони худ, тамоми талоши мумкинро барои эҷоди Тоҷикистон ба унвони як ҷумҳурии ҷудогона карданд. Ва ин ғоя ба арзиши ҷони ҳамаи онҳо тамом шуд.

Рушди бо муваффқият ва поёни фоҷиавӣ

"Бидуни шак, Шотемур дар баробари шахсиятҳое чун Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов аз нахустин ходимони давлатие буд, ки барои таъсиси давлатдории тоҷикон нақши калидӣ иҷро карданд. Талошҳои ӯ барои барқарорсозии ҳукумати шӯроӣ дар Помир барои табдили Тоҷикистон ба ҷумҳури мустақили шӯроӣ самара дод ва дар солҳои 1934-1937 ба унвони шахси аввали Тоҷикистон саҳми бузурге дар ҷамъгаройӣ (коллективизатсия) дошт," -- мегӯяд муаррихи тоҷик Абдулло Ғафуров.

Шотемур дар таърихи навини Тоҷикистон нафарест, ки Душанберо ҳамчун деҳа пазируфту ҳамчун шаҳр ба ҳукумати нахустини тоҷикон ҳадя кард. Ба ҷуз ин, ба унвони раиси Кумитаи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон Шириншо Шотемур муаллифи асосии Қонуни Асосии пазируфташуда дар моҳи марти соли 1937 буд.

Аммо инқилоб ҳамчун Зуҳалхудо (бог Сатурн) фарзандони худро фурӯ мебарад ва Шотемури 38-сола дар авҷи рушди шахсиятии худ аз террори сурх дар канор намонд ва қурбонии он шуд. Ӯ 27-уми октябри соли 1937 бо иттиҳоми фаъолиятҳои зиддишуравӣ боздошт ва ба эъдом маҳкум шуд. Ҳукм 27-уми октябр иҷро шуд. Дар иттиҳомот гуфта мешуд, "ӯ раҳбари созмони миллигарои зиддишӯравӣ буд, ки ҳадаф дошт Тоҷикистонро аз ИҶШС ҷудо кунад ва корҳои музиру харобиовар мекард ва актҳои террористиро бар муқобили раҳбарони ҳизбу ҳукумати шӯравӣ омода карда буд."

Ҳукми Шириншо ба таври фоҷиавор ба хонавода ва наздикони ӯ таъсир гузошт, ки солҳои табъиду ҷудоиҳоро пушти сар гузоштанд.

11-уми августи соли 1956 Мушовараи низомии Додгоҳи олии ИҶШС гуноҳи ӯро бекор кард ва Шириншо Шотемур бегуноҳ эълон гардид. Соли 2006 ба Шириншо Шотемур унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Эҳёи миллӣ дар Тоҷикистони муосир, табиатан мунҷар ба бозбаҳогузории арзишҳои таърихӣ шуд. Дар ҷомеа навъи нигоҳ ба босмачигарӣ ва неруҳои муқовими зиди ҳукумати шуравӣ дигар шуд. Вале таърих, тавре маълум аст таҳрифро намепазирад. Ва маълум нест, ки агар Амир дар қудрат боқӣ мемонд чӣ рух медод. Аммо бо таваҷҷуҳ ба вазъи душвори мардуми тоҷик дар он замон метавон ҳадс зад, ки ҳатто сахт буд орзуи доштани як давлати ҷудогонаро дар сар парварид.

XS
SM
MD
LG