Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Шӯҳрат Қудратов ишора ба фасоди додгоҳӣ?


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки вакили дифои боздоштшуда Шӯҳрат Қудратовро аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт, тибқи моддаҳое, ки Шӯҳрат Қудратов айбдор мешавад, ба вай аз панҷ то 10 соли зиндон таҳдид мекунанд. Ҳамчунин тибқи қонуни нав дар бораи адвокатҳо, шахсоне, ки дорои доғи судӣ ҳастанд, дигар ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти ҳуқуқшиносиро надоранд.

Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси ин оҷонсӣ дар нишасти хабарии рӯзи 30-уми июл гуфт, ки Қудратов вакили раиси пешини ширкати "Мовароуннаҳр" Ҷӯрабек Охунов низ буд ва наздикони Охунов ӯро ба гирифтани 8 ҳазор доллар айбдор мекунанд. Аризаи шикоятӣ дар ин бора ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол гаштааст.

Ҷаноби Ғоиб афзуд, ба Шӯҳрат Қудратов, ҳеҷ хусумат надорад ва ҳатто боре ҳам ӯро надидааст ва дар фаъолияти Қудратов "сад дар сад таркиби ҷинояти вазнин вуҷуд дошта, ӯ наметавонад дар ҷараёни тафтишот дар озодӣ бимонад. Зеро имкон дорад, ки ба ҷабрдидадҳо ва шоҳидон фишор биёварад."

Абдулфаттоҳи Ғоиб
Абдулфаттоҳи Ғоиб

Раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт "сабти навори гирифтани пора вуҷуд дорад ва худам бевосита онро гӯш кардам. Шӯҳрат Қудратов дар як ҳолат як ҳазор ва дар ҳолати дигар 1500 доллар мегирад. Он одаме, ки пора медиҳад, дар асл ҳамчун шоҳид аст, аммо мехоҳанд ӯро ҳамчун айбдоркунанда дар парванда гунаҳкор кунанд. Он одам мегӯяд, ки ман шоҳидам, барои чӣ маблағ бидиҳам. Вале Қудратов мегӯяд, ки туро метавонанд ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кунанд. Ин пулро ман ба судя медиҳам, бо судя ман гапзанон кардам, вале бо прокурор худат ҳал кун."

Ҷаноби Ғоиб садамаи автомобилии Қудратовро низ ёдовар шуд ва гуфт, Қудратов дар он ҳангом худро "шахси баобрӯ" номида, гуфтааст, маблағи зиёнро мепардозад, аммо то ҳол он 3000 сомониро надодааст.

Абдулфаттоҳи Ғоиб дар идомаи сӯҳбаташ, бо интиқод аз фаъолияти бархе вакилони мудофеъ гуфт, баъзан онҳо дар байни суду прокурор ба ҳайси миёнрав фаъолият мекунанд, дар ҳоле ки вазифаи онҳо танҳо аз расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ иборат аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 14 мавриди фасодкории вакилони мудофеъ сабт шудааст.

Аммо Зафар Қурбонов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, адвокат ҳаргиз бо ибтикори худ миёнрав намешавад: «Вақте зерҳимоя таҳрик накунад, ки бо пул ин корро анҷом бидиҳем, ҳеҷ гоҳ адвокат худаш мутасаддии ин кор намешавад. Вақтҳои охир санги маломат фақат ба сӯи адвокатҳо мерезад, аммо масъала то он ҳадде нест, чуноне ки тобиш дода мешавад. Зеро мавридҳое ҳаст, зерҳимоя худаш маблағ пешниҳод мекунад ва ҳатто ба ҷуз аз адвокатҳо нафарони дигареро низ пайдо менамояд.»

Вакили дифои Қудратов -- Раҳматилло Зоиров ин ҳарфи Абдулфаттоҳи Ғоибро дар мавриди миёнравии адвокатҳо иқрори худи ӯ ба фасодзада будани додгоҳу додситонӣ медонанд. Ҷаноби Зоиров, боздошти Шӯҳрат Қудратовро, ба интиқодҳои шадидаш аз ниҳодҳои давлатӣ, бавижа Оҷонсии зидди фасод, рабт медиҳад. Вай гуфт: «Ман фикр мекунам, ки боздошти вай пурра марбут ба хусумати шахсӣ, ахлоқӣ ва ҳам сиёсист. Хусумат дар он ифода мешавад, ки вақте Қудратов ҳамчун ҳимоятгари Зайд Саидов буд, он ҷо муноқишаҳо байни ӯву муфаттишони оҷонсӣ ҷой дошт. Ин аллакай дуюмин ҳимоятгари Зайд Саидов аст, ки дар нисбаташ кори ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аз тарафи дигар ба ҷойи он, ки раҳбари оҷонсӣ ба таври объективӣ ҳам тарафи вазнинкунанда ва сабуккунандаро баррасӣ накарда, танҳо аз нигоҳи айбдоркунӣ, сиёҳкунӣ амал мекунанд, худ ҷой доштани хусуматро нишон медиҳад.»

Гузашта аз ин ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, ӯ ва зерҳимояааш то кунун аз мавҷудияти ҳеҷ сабти овозие, ки гунаҳкории Шӯҳрат Қудратовро дар гирифтани пора исбот мекунад, хабар надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи ваъдаи Ғоиб, ин сабти овоз, пас аз анҷоми тафтишот дастраси расонаҳо хоҳад шуд. Қудратов аз вакилонест, ки дар қазияҳои пурсару садо, махсусан парвандаҳои сиёсӣ ҳимоятгари айбдоршавандаҳо будааст. Ҳарчанд ин қазиҳо дар додгоҳ пирӯз наомадаанд, аммо ба гуфтаи ҳамкоронаш, ӯ тавонистааст даъвои зерҳимояҳои худро матбуотӣ ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба стандардҳои дугона дар пажӯҳиши қазияҳо ҷалб кунад.

Пештар масъулони Оҷонсии зидди фасод Фахриддин Зокиров, яке аз дигар аз вакилони мудофеи Заид Саидовро, низ ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карданд. Ҳоло Зокиров дар боздоштгоҳ қарор дорад ва раиси оҷонсӣ мегӯяд, дар нисбати ӯ низ айбҳои нав пайдо шудааст.

XS
SM
MD
LG