Мошинҳои барқӣ бо сабаби аз кор мондани нуқтаҳои барқдиҳӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармондаанд ва тақрибан як ҳафта аст, ки наметавонанд аз ноҳияи Айнӣ берун шаванд. Мақомот мегӯянд, нуқтаҳои қуввадиҳии мошинҳо бо идораи барқ шартнома надоштанд ва барои ҳамин хати барқи онҳоро буриданд. Назаре, ки соҳибони ширкатҳо рад мекунанд.
Мошини барқии Шоҳрасул Ҷӯраев соатҳо дар назди нуқтаи барқгирии “Ораш” интизор меистад, то барқ ояду батареяҳои мошинаш нерӯ бигирад. Ӯ танҳо нест ва даҳҳо ронандаи дигар низ ҳамин аҳволро доранд.
Ин ронанда 2-юми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш барои қувва мондани мошинаш ба нуқтаи барқдиҳӣ омад, аммо он кор намекард.
“Рафта ба қуввадиҳандаи хонагӣ гузоштам. Лекин шиддати барқ дар хона бисёр суст аст, дар 6 ё 7 соат қувва медиҳад. Дар нуқтаи қуввадиҳанда бошад батарея дар ним соат пур мешавад. Мусофирон вақти зиёд надоранд, ки соатҳо интизор шаванд,”-шикоят мекунад ин ронанда.
Нуқтаи бензинфурӯшии “Ораш” аввали моҳи июл баъди муроҷиати зиёди ронандагон, барои мошинҳои барқӣ дастгоҳи нерӯгирӣ насб кард. Масъулонаш мегӯянд, рӯзона то 100 мошини барқӣ аз он истифода мекард. Ҳамин ҳафта, интиқоли барқ ба ин нуқтаи заруриро қатъ кардаанд.
Озарахш Исрофилов, корманди нуқтаи сӯзишвории “Ораш” ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини идораи барқ ба сабаби надоштани шартнома хати барқро буриданд. Ҳол онки Исрофилов шартномаи корашро пешниҳод карда мегӯяд, барои гирифтани то 240 киловат иҷозатнома доранд.
Видеоро инҷо бинед:
“Мо 15 – 20 рӯз кор кардем, ягон гап нашуд, ягон гап назад, нагуфтанд, ки шартнома нест. Акнун ду рӯз шуд, барқ надорем”.
Ин вазъро нуқтаи сӯзишвории “Руснефт” ҳам доштааст, вале идораи барқ муваққатан ба онҳо иҷозаи кор додаанд. Бо вуҷуди ин навбат дар ин ҷо ҳам зиёд аст.
Мақомот сабаби қатъи нерӯи барқ дар ин нуқтаҳоро қоидавайронкунӣ гуфтанд. Бурӣ Қодиров, намояндаи шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфт, нуқтаҳои барқдиҳӣ бо онҳо шартнома надоранд.
“Онҳо аввал ба минтақаи Панҷакент нигоҳ мекарданд. Баъди тақсим шудани ҷамъият ба тобеъияти мо гузаштанд. Аз он вақт шартнома надоранд,”-шарҳ медиҳад Қодиров.
Моликони нуқтаҳои фурӯши қувваи барқ шарҳи масъули идораи барқро беасос мегӯянд. Мушкил айби кадом тарафе бошад, аммо ҷабри онро ронандагон мекашанд.
Хоҳиши ронанда Шоҳрасул Ҷӯраев танҳо ин аст, ки “нуқтаи қуввадиҳандаи барқиро фаъол кунанд, то мусофирон ба нақлиёташон барқ гиранду то манзилашон расанд.”
Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти мошинҳои барқӣ таваҷҷуҳ дорад ва ворид кардани ин навъи нақлиётро аз боҷи гумрукӣ озод кардааст. Дар шаҳри Душанбе ҳам бештари таксиҳо ба мошинҳои барқӣ гузаштаанд. Аксари ин мошинҳо истеҳсоли чинӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, қувваи нақлиёти барқӣ дар роҳҳои кӯҳӣ зиёдтар сарф мешавад ва барои ҳамин дар гӯшаву канори Тоҷикистон нуқтаҳои баргирӣ бояд гузошта шаванд.
Гуфтугӯ