Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон хабар додааст, ки тавофуқ миёни сармоягузорон ва соҳибкорону мақомоти тоҷик рӯзи 21-уми июн дар як ҳамоиш дар Душанбе имзо шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки соҳибкорони Чин қисме аз ин маблағро дар сохтмони корхонаи оҳангудозӣ дар кони оҳани “Шоҳқадамбулоқ” дар наздикии Хуҷанд сарф мекунанд.
Мақомот мегӯянд, кони “Шоҳқадамбулоқ” садҳо миллион тон захираи оҳан дорад.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, соҳибкорони Чин бо усули замонавӣ варзишгоҳи Душанберо азнав месозанд ва ба пойтахти Тоҷикистон “барои хидматрасонии таксӣ” электромобил ворид мекунанд. Дар ин бастаи сармоягузории нав, соҳибкорони Чин гуфтаанд, ки “хати кредитӣ барои харидорӣ намудани техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ дар конҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, сохтмони маркази логистикӣ ва сохтмони заводи металургии Талко Голд”-ро дар назар доранд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфтааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 500 ширкат бо сармояи Чин кор мекунанд ва дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.
Коршиносони мустақил ҳузури рӯзафзуни Чин дар Тоҷикистонро хатарнок барои истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар медонанд, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, "Чин шарики стратегӣ буда, ҳузураш боиси рушд хоҳад шуд.”