Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи «Next1» аз консерти Сиёвуши Қумайшӣ зарари молӣ дид


Сиёвуши Қумайшӣ.
Сиёвуши Қумайшӣ.

Гуфта мешавад, ки толор пур аз тамошобин буд, вале як қисми мухлисон билет надоштанд. Ширкат мегӯяд, ки хисороти молӣ ба овозхон таъсир надоштааст

Ромин Ҷаъфарӣ, яке аз мудирони аршади шабакаи телевизионии «Next1» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баргузор кардани консерти овозхони саршиноси эронии муқими Амрико, Сиёвуши Қумайшӣ дар шаҳри Душанбе ба ширкат зиёни молӣ овардааст.

Ӯ гуфт, шабака натавонист ҳатто ба андозаи пардохти иҷораи толор билет бифурӯшад. "Мо харҷу масрафи зиёд кардем. Чор нафарро, ки аз Амрико даъват кардем, билети бизнес-класс доштанд, ҳамчунин ҳазинаи меҳмонхона, хурду хӯрок, пули барқ, чопи билет, реклама ин ҳама аз ҷайби мо рафт. Одам зиёд буд, аммо натавонистем, пули толорро пардохт кунем»- гуфт Ромин Ҷаъфарӣ.

Ҳарчанд ин масъули баргузории консерт ба толори пур аз тамошобин таъкид мекунад, аммо шоҳидон мегӯянд, мардуми зиёд бидуни харидани билет дохили толор шуданд ва бештарашон кормандони давлатӣ буданд. Ромин Ҷаъфарӣ ҳам инро тасдиқ кард, аммо гуфт, чунин ҳолатҳо дар ҳама ҷо ба чашм мерасанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00
Линки мустақим


Чанде аз дӯстдорони мусиқӣ ба иллати аз ҳад гарон будани қиммати билет ба ин консерт нарафтаанд. Ба ақидаи онҳо, маҳз гаронии нарх сабаб шуд, ки билетҳо ба фурӯш нарафтанд ва бархе аз бинандагон аз “дари чап”, ба истилоҳ вориди толор шаванд.

Аммо ба назари Ромин Ҷаъфарӣ мушкили аслии ҳунармандон дар Тоҷикистон гаронии иҷораи Кохи Борбад аст. «Ҳунармандони камтаре метавонанд, ин ҷо консерт баргузор кунанд, чун қимати Кохи Борбад ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ аст. Мо аз дӯстони бахши фарҳанг хоҳиш мекунем, ки рӯи ин масъала таҷдиди назар бишавад, то мо тавонем, ҳунармандони бештареро ба Тоҷикистон даъват бикунем» - гуфт оқои Ҷаъфарӣ.

Масъули ширкати «Next1» гаронии арзиши билетро барои консерти Сиёвуши Қумайшӣ эътироф кард ва афзуд, “вақте дӯстон гуфтанд, ки шояд одамон харида наметавонанд, нархро поён овардем ва ҳар билет ба қимати 150 сомонӣ фурӯхта шуд.”

Оқои Ҷаъфарӣ ба суоле, ки бо ин ҳол ба Сиёвуши Қумайшӣ чӣ миқдор ҳаққуззаҳма пардохта хоҳад шуд, посух надод. Аммо гуфт, «оқои Қумайшӣ бо мо ҳамкорӣ доранд. Ин ягона консерте нест, ки бо ҳузури ӯ барпо кардем. Мо дар аксари нуқоти дунё консерти ӯро баргузор мекунем. Бо ӯ қарордоди яксола дорем. Мо ба ӯ мегӯем, ки тӯли сол чанд консерт баргузор кунем ва ҳаққуззаҳамаи ин консертҳо чӣ қадар аст. Аммо мушаххас маблағашро гуфта наметавонам.»

Ромин Ҷаъфарӣ мегӯяд, бо вуҷуди зарари молӣ ният дорад, консерти ҳунармандони дигарро низ боз дар Тоҷикистон баргузор кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барномаи як ҳунарманди дигарро ҳам ба нақша гирифтаанд, ки барои мардуми тоҷик сюрприз хоҳад буд, аммо ҳанӯз наметавонад, исмашро маълум созад.

Масъули шабакаи «Next1» ба суоли мо, ки оё сафари хонум Гугуш ҳам ба Тоҷикистон имконпазир хоҳад буд гуфт, толори Кохи Брбад барои баргузории консерти хонум Гугуш хеле хурд аст: «Мо умед дорем, ки хонум Гугушро ба Тоҷикистон оварем, аммо мушкил дар толори Кохи Борбад аст. Толор барои мухлисоне, ки мехоҳанд ин консертро тамошо кунанд, бисёр хурд аст. Хонум Гугуш бештар аз як бор консерт намедиҳанд ва мардуми зиёд метавонанд бенасиб монанд. Мо аз хонум Гугуш хоҳиш кардем, ки ду рӯз дар шаҳри Душанбе ва як рӯз дар Хуҷанд консерт баргузор кунанд, мутаассифона, ҳанӯз хонум Гугуш ба ин мавзӯъ мувофиқат накардаанд. Умедворам, ки сари ин мавзӯъ бо эшон ба зудӣ ба тавофуқ бирасем ва мухлисони зиёди ӯро хушҳол бисозем».

Ромин Ҷаъфарӣ умедвор аст, ки то консерти ҳунармандони дигар қимати иҷораи Кохи Борбад каме поён биравад ва онҳо дигар мисле, ки дар консерти Сиёвуши Қумайшӣ воқеъ гардид, зарар набинанд.

Аммо худи Сиёвуши Қумайшӣ ҳозир нашуд бо мо сӯҳбат кунад. Вай гуфт, бемор асту таб дорад ва наметавонад мусоҳиба анҷом диҳад.

Зимнан, Сиёвуши Қумайшӣ овозхони эронии муқими Амрикост, ки соли 1945 дар устони Хузистони Эрон ба дунё омадааст. Соли 1979 тарки Эрон кард ва то ҳол дар Лос-Анҷелос ба сар мебарард. То кунун 18 албоми таронаҳояшро нашр кардааст. Консерти ӯ рӯзи 13 август дар толори Кохи Борбади Душанбе баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG