Дафтари марказии «Конт Груп Тоҷикистон» дар Душанбе сафари Рустам Саидов ба Эронро таъйид кард. Вале гуфт, ки ӯ як ҳафта дар Эрон дар рухсатӣ қарор дошт ва ҳоло сари кор баргаштааст. Ин манбаъ аз ироаи тафсилоти бештар дар бораи сафари раиси «Конт Груп Тоҷикистон» худдорӣ кард, аммо бино ба иттилоъи манобеъи огоҳ дар Эрон, Рустам Саидов бо даъвати додситонии Теҳрон ва ҳам шахсан бо дархости миллиардери боздоштшуда Бобаки Занҷонӣ ба Теҳрон омада, мавриди бозпурсии мақомоти Эрон қарор гирифтааст. Худи Рустам Саидов барои шарҳи ин хабар дастрас нест.
Даъвати раиси «Конт Груп Тоҷикистон» ба Теҳрон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл расонаҳои Эрон аз қавли сухангуи додситонӣ дар бораи қарзи ниҳоии Бобаки Занҷонӣ пеши вазорати нафти ин кишвар иттилоъ пахш карданд. Бино ба иттилои ин манобеъ, Занҷонӣ рӯйхати амволаш дар дохил ва хориҷи Эронро ба ихтиёри тафтишот гузоштааст, аммо додситонӣ гуфтааст, ки қарзи ӯ пеши вазорати нафт ба 2,5 миллиард евро мерасад ва дороиҳои ӯ барои пӯшондани он кифоят намекунанд. Ҳарчанд қаблан гуфта мешуд, ки дороиҳои Бобаки Занҷонӣ 15 миллиард евроро ташкил медиҳад.
«Конт Груп Тоҷикистон» гурӯҳи ширкатҳоест, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва Бобаки Занҷониро асосгузори онҳо медонанд. Ин ҳолдинги гуногунҷанбаест, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline", "Asian Express Transport" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад. «Конт инвестмент», яке аз бонкҳои фаъол дар Тоҷикистон низ аз ниҳоди молиявии таҳти назорати Бобаки Занҷонӣ маҳсуб мешуд, ки пас аз таҳрими Амрико, таҳти назорати як шаҳрванди Туркия гузаштааст.
Ба сурати умум ҳаҷми сармоягузориҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион евро баровард мешавад. Занҷонӣ дар солҳои охир бузургтарин сармоягузори хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар расми ифтитоҳи терминали автобусҳоли Душанбе ва гузоштани хишти аввали як фурӯшгоҳи азими ӯ дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 2013 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат дошт.
Бобаки Занҷонӣ рӯзи 30 декабр бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ дар Теҳрон боздошт шуд ва мақомоти Эрон эълон карданд, ки ӯ аз Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷати қалбакии интиқоли 2 миллиарду 460 миллион евроро пешниҳод кардааст. Бонки миллии Тоҷикистон инро рад карда, гуфт, ҳеҷ гуна ҳуҷҷатеро дар ихтиёри ин миллиардери эронӣ нагузоштааст.
Тибқи иттилоъи «Конт груп Тоҷикистон», Рустам Саидов дар қатори Ҳамид Фаллоҳ Хиравӣ, шаҳрванди Эрон ва Маҳмадамин Оймаҳмадов, шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳайъати раҳбарияти ин ҳолдинг қарор дорад.