Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар робита ба даргузашти Сӯҳроб Шарифов гуфт, ӯ як чеҳраи хоси сиёсӣ ва камназир буд ва дар робита ба вазъи сиёсии кишвар дар ҳамаи марҳилаҳо назареро баён медошт, ки на ба манфиати кадом як тараф, балки ба манфиати Тоҷикистон ва ба сӯди манофеи миллӣ буд.
Оқои Зоиров гуфт: “Вақте Сӯҳроб Шарифов дар мақоми муовини мудири шӯъбаи таҳлилу иттилооти дастгоҳи президент ва ман мушовири калони президент оид ба масоили ҳуқуқ будам, зуд-зуд вомехӯрдем, доир ба масоили мухталифи сиёсӣ баҳс мекардем. Дар баъзе масоили усулӣ ихтилоф доштем, вале дар умум мавқеу фикрҳои мо монанд буд." Ӯ афзуд, марги афроде мисли Сӯҳроб Шарифов зоеаи сангине барои Тоҷикистон аст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ даргузашти Сӯҳроб Шарифовро барои маҳофили сиёсии кишвар талафоти бузург хонд. Раҳбарияти ҲНИТ дар як номаи таслият ба хонадон, наздикон ва ҳамсафони Сӯҳроб Шарифов, аз ҷумла гуфтааст: "Марҳум инсони шарифу меҳрубон, сиёсатмадори дурандеш, суханвари муваффақ ва таҳлилгари чирадасти сиёсии кишвар буд.”
Худойбердӣ Холиқназарзода, раҳбари кунунии Маркази таҳқиқоти стратегии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Сӯҳроб Шарифов як инсони наҷибу донишманд ва сиёсатмадори огоҳ тайи 6 сол раҳбари ин марказ буд дар тарбияи насли нави ҷавонон ҳамчун таҳлилгару коршинос нақши чашмгир дошт. Ӯ гуфт, Сӯҳроб Шарифов худ аз сиёсатдонҳои насли нав буд, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар ҳузури амиқ дошт.
Худойбердӣ Холиқназарзода гуфт, Сӯҳроб Шарифов тайи солҳое ки дар Маркази стратегӣ кор мекарду баъдан вакили Маҷлиси намояндагон буд, "ҳамеша барои рушди Тоҷикистон ва тарбияи насли созандаву огоҳ кӯшиш кардааст. Мо аз марги ӯ сахт андӯҳгинем. Рӯҳаш шод бод!”
Лутфулло Саидмуродов, вакили Маҷлиси намояндагон дар робита ба марги вакили порлумон Сӯҳроб Шарифов гуфт, ки марги ин донишманд як талафоти бузург барои ҷомеъаи Тоҷикистон аст.
“Вай инсони бузург буд. Бовар кунед, аслан наметавонам ҳарф занам, худамро аз даст додаам... Ин талафоти бузург аст барои мо, тоҷикҳо,” - гуфт Лутфулло Саидмуродов, ки хеле бо эҳсос сӯҳбат мекард. Вай гуфт, вакилони порлумон тоза аз марги ин ҳамкораш хабардор шуда, дар ҳоли шок қарор доранд: “Мо ҳоло шитоб дорем ки ба маросими дафни Сӯҳроб бирасем ва шадидан андӯҳгинем.”
Даҳҳо нафар аз хешовандону наздикон ва ҳамкорони Сӯҳроб Шарифов дар назди беморхона ҷамъ омада буданд, ки дар миёни онҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон низ дида мешуд.
Номзади илми фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ, Сӯҳроб Шарифов аз соли 2011 инҷониб вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои
байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аст. Дар интихоботи ояндаи порлумонӣ Шарифов аз ҳавзаи интихоботии шумораи 3-и Шоҳмансур номзад гашта буд.
Яке аз беҳтарин таҳлилгарони умури сиёсӣ, муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ ва даҳҳо мақолаи илмӣ роҷеъ ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, Сӯҳроб Шарифов қаблан дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ кор кардааст.
Муаллифи ду китоб оид ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, аъзои Шӯрои коршиносони Созмони Ҳамкории Шанхай, ОДКБ, Шӯроҳои илмии Академияи САҲА (Бишкек) ва Шӯро оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсӣ, дорандаи медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.
Сӯҳбатҳои видеоии Сӯҳроб Шарифов бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед: