"Азия-Плюс" дар робита ба тасмими Бритониё барои коҳиши мизони кӯмакҳояш ба Тоҷикистон навиштааст, "агар иддаои ҳукумати Англия дар мавриди ба сирқат рафтани маблағҳои кӯмакии ин кишвар тасдиқ шаванд, ин ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма ворид хоҳад кард."
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи нашрия, қаблан ширкати бритониёии «Ernst and Young» зимни аудити Бонки Миллии Тоҷикистон мавориди истифодаи ғайримуассири маблағҳои давлатиро ошкор ва дар пайи он Сандуқи Байналмилалии Пул баргардондани маблағи 48 миллион доллар кӯмаки қарзиашро талаб карда буд.
"Миллат" дар матлабе зери унвони "Қӯштеппагиҳоро то Қасри Президент кӣ кашонд?", навиштааст, "бубинед, ҳукуматҳои маҳаллӣ як мушкили кӯчакеро, ки дар сатҳи ҷамоатҳо бояд ҳал шавад, бузург карда, ба сатҳи ҳукумати марказӣ ва Президент мерасонанд. Мардумро новобаста аз хоҳишашон водор месозанд, ки пеши Қасри президент раванду мушкилашонро дар миён бизгоранд. Ва ин бори аввал нест."
"Тоҷикистон" аз қурбон шудани як сокини дигари ноҳияи Панҷакент бар асари бархӯрд бо минаи Узбакистон изҳори нигаронӣ карда, навиштааст, "ин қурбониҳо ба хотири чист? Оё дар ин муддат ягон нафар террорист ё исломгарое, ки ҳукумати ҳамсояи мо аз онҳо метарсад дар марз ба ин минаҳо бархӯрдаанд?"
Мояи тааҷҷуб ва ташвиши нашрия он аст, ки "чаро то имрӯз Узбакистон харитаи майдонҳои минакорикардаи худро ба Тоҷикистон не, ҳадди ақалл ба созмонҳои байналмилалӣ намедиҳад?"
"Ҷумҳурият", нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар саҳифаи аввали худ акси Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоуглендро зери сарлавҳаи “Шӯхиҳои баҳсбарангези “раҳбари мунтазир” чоп кардааст.
Муаллифи матлаб агарчӣ Викиликсро торнамои “иғвогар” хондааст, вале ба шарҳи сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ ва Ричард Ҳоугленд пардохтааст, ки дар қатори садҳо номаи маҳрамонаи дипломатҳои амрикоӣ, ин сомона ошкор карда буд. "Ҷумҳурият" ҳарфҳои Кабирӣ, ки баъзе аз ҷузъиёти сӯҳбаташ бо Ҳоуглендро шӯхиомез хонда буд, танқид карда навиштааст, "ҳайронам, чӣ гуна нафаре, ки худро аз сиёсатмадорони сатҳи аввали як кишвари мустақил муаррифӣ мекунад ва сарварии як ҳизби мухолифи давлатро ба ӯҳда дорад, бо сафири кишвари дигар “шӯхиомез" сӯҳбат мекардааст."
"Озодагон" ба муносибати рӯзи Артиши Миллӣ зери сарлавҳаи «Киро метавон хизматгори Ватан номид?» назари чанд тан аз соҳибназарон ва шаҳрвандонро пурсон шудааст, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, дар посух ин суол гуфтааст, «фаъолияти олимон, нависандагон, шоирон, файласуфон ва дигар равшанфикроне, ки нисбати ватани худ эътиқод доранд, хизмат ба ватан шуморида мешавад.... Имрӯз ҳар нафаре, ки ба хизмати ҳарбӣ меравад, аз ватандӯстии шахсии ӯ вобаста аст. Фирор аз сафи Артиш хиёнат ба ватан ҳисоб мешавад».
"Пажвок" мавзӯи иқтидори низомии Русия дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта навиштааст, ки «Русия бо доштани пойгоҳи низомӣ, чанд қисму фирқаҳои ҷангӣ дар минтақаҳои гуногун ва бо беш аз 5 ҳазор низомӣ дар хоки Тоҷикистон ҳузури қавиеро соҳиб шудааст».
Бархе аз нашрияҳо ислоҳи Кодекси андозро, ки андозҳои наверо барои расонаҳо дар назар дорад, «зарбаи ҷонкоҳ ба тани ҷомеаи шаҳрвандӣ » арзёбӣ карда ва навиштаанд, ки ин амр «ташаккул ва рушди ин бахшро бозмедорад».
"СССР" дар матлабе зери номи "Журналистикаи озод барои чист?" аз ҷорӣ шудани андозҳои нав барои расонаҳо интиқод карда ва мансабдорони фасодкор, ҳатул ва хиёнаткорро барои ин иқдомашон табрик гуфтааст. Нашрия навиштааст, ки «насибатон кунад, ки газетаҳои мустақил дар Тоҷикистон баста мегарданд! Мутмаинан! Чаро фасодкор гуфтем? Зеро чанд чиновнике, ки аъмолашон дар матбуоти даврии озоду мустақил варақгардон будӣ, ахиран тавонистанд ба масъулин «исбот» кунанд, ки андозҳои нав ба манфиати кор аст. Акнун ҳамин мондааст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳам банданд!...»
"Наҷот" дар матлабе ба мавзӯи истиқлолият ва демократия пардохта ва навиштааст, «ҳарчанд дастгоҳии давлатии мо тавассути ниҳодҳои таблиғотиву идеологии худ тавонистааст тарғиби истиқлолиятро то ҳадде ба роҳ монад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки таблиғи хушку холие, ки васоити таблиғӣ мебаранд, назди мардум барги коҳе арзиш надорад. Ҳатто то дараҷае тарғибот беасар монда, ки афроде аҳди шӯравиро надидаву нақлашро аз забони умрдидае шунида, он замонро беҳтар шуморида, орзу менамоянд, ки кош чандин сол пештар ба дунё меомаданд ва он замонро ба чашми худ медиданд.»
Нашрия дар идомаи ин матлаб навиштааст, ки «агар пештар, яъне ҳангоми побарҷо будани системаи шӯравӣ сиёсат ба манфиати иддае аз ҳамақидаҳо рӯи кор омада буд, дар даврони истиқлол ҳам ин усул тарк карда нашуд, балки бадтар аз он сурат гирифта истодааст».
"Фараж" роҳи мошингарди «Душанбе -Хуҷанд» -ро роҳи пул ва хатар дониста ва дар матлабе «Роҳҳо, эй роҳҳои пурхатар...» навиштааст, бо он, ки ширкати IRS масъулияти бархе аз қисматҳои ин роҳро, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, бар дӯш дорад, аммо «ронандагон худ ба тоза кардани он машғуланд.»
Ба навиштаи нашрия, ронандагону мусофиронро вазъи ин роҳ, фаромадани тарма ва саҳлангории ширкати IRS ба ташвиш овардааст. Зеро ба навиштаи нашрия, дар ин авохир наздик ба 200 адад мошин дар қисмати роҳи ширкати IRS дар банди тарма монда ва раҳоӣ аз ин вазъ мушкилоти фаровонеро барои ронанадагон ва мусофирони онҳо, ки дар миёнашон кӯдакон низ будаанд, ба бор овардааст.