Имсол бо ҳама ғаму андӯҳаш барои оилаи ҳунарманди маъруф Сурайё Қосимова ва духтарони ситорааш хотирмон шуд. Имсол бонувони ҳунарманд дар маъракаҳои фарҳангиву саҳнаҳои ҳунарӣ якҷо буданд, ҳамроҳ тарона хонданд ва консерти муштарак ҳам барпо карданд. Шояд ҳам лаҳзаҳои сангини зиндагӣ онҳоро бештар ба ҳам наздик кард.
Дафни писари 16-солаи гирифтори саратон дар моҳи апрел ва як муддат гирифтор шудани хонум Сурайё ба бемории ҷиддӣ аз саҳифаҳои ғамангези соли ин хонавода буд. Вале то охири сол овозхони маъруф ба зиндагии маъмуливу саҳнаи ҳунар баргашт ва инро Шабнаму Фарзона “як ҷасорати модар” номиданд.
Хоҳарони овозадор Шабнаму Фарзона дар чанд соли ахир бо як имидж ё шеваи хоси пӯшиши либос ва рӯймолбандӣ, дар маҳфилҳо зоҳир мешаванд. Ин тағйир дар пӯшиши либос ҳам баъди сафар ба ҳаҷ сурат гирифт.
Пас аз марги писар ӯ дар консерти ҳунарии духтараш Фарзона рӯйи саҳна омад. Хонум Сураё Қосимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Соли 2017 барои ман ҳам вазнинӣ дошт, ҳам хурсандӣ. Ҳар инсон ҳамеша кӯшиш мекунад хурсанду хушбахт бошад. Дар соли 2017 мо бо Шабнаму Фаридун дар барномаи консертии Фарзона ширкат доштем ва лаҳзае ҳам бошад ман худро хушбахт эҳсос кардам”.
Фарзона духтари хурдии Сурайё ҳам бо вуҷуди ҳама ташвишҳое, ки гиребонгири хонаводаш шуд ва бо он, ки модари ду фарзанд аст, имсол сермаҳсул ва фаъол буд. Ӯ баъди чандин сол барномаи консертии худро ташкил кард. Дар баробари модару хоҳар дар ин барнома ӯро Фаридуни Хуршед ҳамроҳӣ кард. Фарзона аз ӯ чун як дӯсти хубаш ном мебарад, ва ин норӯшани дар зиндагии муштаракӣ ду овозхони маъруф сару садоҳоеро дар миёни мухлисонашон ба по кард.
Афроди наздик ба ин ду нафар мегӯянд, онҳо ҳоло зиндагии муштарак надоранд. Вале дар аксҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимои дида мешавад, дар баробари Фарзона, Фаридун ҳам дар паҳлӯи Закия ва Муҳаммад Хуршед, писару духтари Фарзона ҳаст. Хабари издивоҷи Фарзона ва Фаридун ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз таваллуди нахустфарзандашон Закия дар соли 2015 расонаӣ шуд. Онҳо гуфтанд, ки издивоҷашон хеле пештар ва бидуни сарусадои зиёд сурат гирифтааст.
Фарзона дар сӯҳбати ахираш бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз таваллуди фарзанд, зан ҷиддӣ ва серталаб мешавад. “Зан баъди таваллуди фарзанд дар ҳақиқат ҷиддӣ мешавад, ба ҳами хотир оила, фарзанд, ҳама шоҳид буд, ки ман хеле хомӯш будам ва ҳамаи қудратҳоро ҷамъ карда қувват гирифта, ба мухлисони худам фарзонаро нишон додам.”
Ба фарқ аз Фарзона, Фаридуни Хуршед имсол натавонист консерти махсуси худро баргузор кунад, ҳарчанд таронаҳои нав ҳам дошт. Аз ҷумла таронаҳое бо Фарзонаи Хуршед ҳам, ки якҷо дар консерти Фарзона иҷро карданд. Фаридун мегӯяд, нақшаҳои ӯ барои соли 2018 монд. “Нақшаҳое, ки дар соли 2017 доштем, яктоаш амалӣ нашуд. Аммо ишоаллоҳ дар соли 2018 кӯшиш дорам, ҳамаи нақшаҳоямонро амалӣ кунем. Консертеро, ки дар ин сол натавонистем баргузор кунем, соли нав амалӣ мекунем. Ҳамчунин якчанд клипҳои нав ҳам дастраси мухлисон хоҳем кард”
Ҳоло Фарзона саҳфаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоиро аз аксу навори ду фарзандаш пур кардааст. Мехоҳад модаре, мисли модари худаш Сурайё Қосим бошад. Фарзона бовар дорад модараш дар ҳарду самт ҳам кор ва ҳам тарбияи фарзандон муваффақ буд. Тарбияи фарзандонро Фарзона ба дигарон чандон бовар намекунад.
“Рости гап, ман ҳар саҳаре, ки аз хоб мехезам, бе фарзандон худро тасаввур карда наметавонам, мегӯям, 24 соли ҳаётро чӣ хел бе фарзанд гузарондаам. Тарбияи фарзандро ба касе бовар карда наметавонам, ба хотире, ки фарзандони худам ҳастанд. Мисли модарам, Сурайё Қосимова, ки ҳам моро тарбия дод ва ҳам корашро иҷро мекард. Имрӯз мебинед, ки бад нестем. То имрӯз касе ба шустани фарзанди ман даст нарасидааст. Ҳамаашро худам мекунам.”
Хоҳарони овозадор Шабнаму Фарзона дар чанд соли ахир бо як имидж ё шеваи хоси пӯшиши либос ва рӯймолбандӣ, дар маҳфилҳо зоҳир мешаванд. Ин тағйир дар пӯшиши либос ҳам баъди сафар ба ҳаҷ сурат гирифт. Чанд соли пеш дар мавриди сару либоси онҳо, ба вижа атрофи пӯшиши Шабнам, сару садоҳо зиёд буд.
Сурайё Қосим ҳам ба он таъкид мекунад, ки ҳамеша талош кардааст, фарзандони ҳунармандашро ба роҳи рост ҳидоят кунад. “Пеш аз ҳама ҳар санъаткор бояд як тарзи хестану шиштан ва тарзи рафтору гуфторро дошта бошанд. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки хоксор бошанд ва ватани худро дӯст доранд”
Фарзона ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вижа "Инстаграм" фаъол ва аз мушкили ба сари ҳамкасбаш Дилноза Каримова омада огоҳанд. Аммо Фарзона мегӯяд, дарди дили Дилнозаро хуб дарк мекунад ва омодаи кӯмак аст. Фарзона ҳам, ки чанде пеш бар асари бемории саратон бародарашро аз даст дод, мегӯяд.
“Ҳарчанд тифлони ман танашон сиҳатанд, аммо рӯзҳое мешавад, ки тасп мекунанду беморе мешаванд, ман ин дардро тоқат карда наметавонам. Ба ҳамин хотир, ба ҳамкасби азизам сабр мехоҳам ва ҳар кӯмаке, ки аз дастам меояд баҳраш мекунам. Аввал ин, ки гадои Худо мешаваму шифои тифли нозанинро мехоҳам. Дувумаш ҳам ин, ки ҳар кӯмаке ҳаст ман дастгирӣ мекунам”
Барои Дилноза шифои фарзанд мехоҳад, вале барои дигарон дар соли нав Фарзона таманниёти дигар дорад. Ӯ махсусан аз мардон мехоҳад ҳамсарони худро наранҷонанд. “Таманниёти ман барои ҳамвататнон дар соли нав ин аст, ки ҳамеша меҳри илоҳӣ дошта бошад занони тоҷик ҳамеша зебо созанд ва мардон ҳам ҳамсарони худро хафа насозанд”
Фарзонаи Хуршед 29 сол дошта, духтари хурдии Сурайё Қосимова аст. Карйераи овозхониашро 12 соли пеш шурӯъ карда, дар соли 2015 дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple MusicAwards 2015” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон унвон шуд. Соли 2015 хабарҳо дар бораи издивоҷи ӯ ва Фаридуни Хуршед расонаӣ шуд. Имсол ҳам Тоҷикистонро дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards" хоҳарон Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё – муаррифӣ карданд.