Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони тоҷик мегӯянд, COVID-19 нигоҳи мардумро ба онҳо тағйир дод. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бархе аз пизишкони тоҷик гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои гузашта имсол иди касбии худро бо рӯҳияи дигар ва хотираҳои гуногун аз рӯзҳои сахти мубориза ба зидди коронавируси нав ҷашн гирифтанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон 18-уми август ҳамчун рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад.

Дар гузашта пизишкони тоҷикро ба бепарвоӣ ва соҳаи тибро ба фасодзадагӣ муттаҳам мекарданд. Ҳоло, ба қавли худи онҳо, замони пандемия нигоҳи мардумро ба табибон ва корашон ба таври мусбат тағйир додааст.

Нозим Шодиев, пизишки бемористони Ибни Сино дар Душанбе, мегӯяд, "дар шароити коронавирус мардум дарк карданд, ки табибон низ як бахши муҳими ҷомеа ҳастанд".

"Ҳарчанд давраи сахт буд, маҳз дар ҳамин замон эҳсос кардем, ки пуштибонии мардум ва эҳтиромашон нисбат ба табибон бештар шуд", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ҷашни Рӯзи табибони тоҷик дар шароити пандемия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Парвиз, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, таваҷҷуҳу эҳтироми мардум ба пизишкону кормандони дигари соҳаи тиб дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Ӯ мегӯяд, "маҳз дар ин давра ба ҳар касе, ки пул дошт ё надошт, баробар хидмат расонданд, маслиҳат доданд, дилбардорӣ карданд. Ҳарчанд, албатта, ба баъзе шифохонаҳо одамони одӣ роҳ намеёфтанд ва ё нархи доруҳо якбора боло рафт."

Аз замони эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон тақрибан чаҳор моҳ мегузарад. Дар рӯзҳои аввал шифохонаҳои Тоҷикистон аз маризони "илтиҳоби шуш" ва коронавируси нав пур буд ва ҳар рӯз дар бораи маргу мир ва бемор шудани сокинон хабар мерасид.

Баъзе аз табибон мегӯянд, ҳоло вазъият беҳтар шудааст, вале дар рӯзҳои аввали сирояти бемории COVID-19 ба камбуди маводи беҳдоштӣ ва васоили муҳофизатӣ рӯ ба рӯ буданд ва маҳз ин мушкилро бо ёрии мардум ҳал карданд. Рамзулло Юсуфов, пизишки беморхонаи ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, рӯзи 18-уми август тасдиқ кард, ки "дар рӯзҳои аввали паҳншавии бемории коронавирус маводи кофии тиббиву беҳдоштӣ ва муҳофизатӣ аз вирусро надоштем. Баъдан ин мушкил ҳалли худро ёфт."

Малика Юсуфова, табиби дигари тоҷик мегӯяд, ба сабаби он ки ҳоло шумори беморон дар шифохонаҳо дубора бештар мешавад, нигарон ҳастанд, вале дар айни замон бовар доранд, мубориза бо коронавирусро бо сари баланд ба поён мебаранд.

Ӯ дар мавриди он ки иди касбии худро чӣ гуна таҷлил карданд, гуфт, "як рӯзро фақат иди пизишк гуфта намешавад. Барои пизишк ҳар вақте як бемори вазнин шифо ёфт, ид аст ва шодиву фараҳ дар дили табиб шуъла мезанад."

Ба муносибати иди касбии табибон дар шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои алоҳида баргузор гардид. Дар Душанбе раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо табибон мулоқот кард ва аз кори онҳо дар давраи пандемияи коронавирус ситоиш намуд. Ӯ гуфт: "Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд."

Раиси ҷумҳур ҳамзамон аз мушкилоту норасоӣ дар соҳаи тиб гуфт ва "паст намудани сатҳи муҳоҷирати табибонро ба хориҷи кишвар" масъалаи аввалиндараҷа номид.

Бо ин ҳол, на президент ва на Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори пизишконеро, ки дар замони пандемия ҷони худро аз даст доданд, эълон накарданд. Дар ҳоле ки қаблан раёсати тандурустии Суғд марги се пизишк аз коронавируси нав ва раёсати тандурустии Хатлон марги 29 тан аз илтиҳоби шушро тасдиқ карда буданд.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон низ дар оғози моҳи июн гуфта буд, ки аз замони паҳншавии бемории ҳамагир то он дам беш аз 1700 корманди тиббии Тоҷикистон ба коронавируси нав мубтало шудаанд.

Ба иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор табиб кор мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG