Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Донишҷӯи Зоҳидон" 7 сол гирифт


Додгоҳии олии Тоҷикистон Ҳабибулло Идиев, форуғаттаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эрон ва маҳбуси пешини зиндони «Пули Чархӣ»-и Афғонистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Ансоруллоҳ», ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳабибулло Идиев рӯзи 22-юми январ бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз ҳукми зерҳимояашро, ки бар асоси моддаи 187 Кодекси ҷиноӣ дар ҳамкорӣ бо созмони "Ансоруллоҳ" гунаҳкор дониста мешуд, эълон намуд ва ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, далелҳое, ки онҳо доштанд ва аз сӯҳбатҳое, ки бо шоҳидон анҷом доданд, ҳамкории Ҳабибуллоҳ бо гурӯҳи «Ансорулоҳ» ё кадом гуруҳи тундрави тасдиқи худро наёфтанд. Аз ин ҷиҳат онҳо ба ҳукми додгоҳ розӣ набуда ва аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Додгоҳи олӣ пас аз 7 соли эълони ҳукми Ҳабибулло Идиев бо назардошти Қонуни авфи соли 2011, ду соли ӯро кам намуда ва сипас бо дарназардошти ин, ки вай аз моҳи майи соли 2013 ба ин тараф дар боздоштгоҳ ба сар мебурд, 9 моҳи дигарро кам кард ва ба ин тартиб Ҳабибулло Идиев 4 солу 7 моҳро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар авввали моҳи декабри соли гузашта парвандаи Ҳабибуло Идиев, фориғутаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эронро, ки дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешуд, махфӣ намуда пас аз баррасӣ бо айбдории ба моддаи 187 Кодекси ҷиноӣ дар ҳамкорӣ бо созмони "Ансоруллоҳ", дар авоили моҳи январи соли равон ба Додгоҳи олӣ ирсол дошт.

Ҳабибулло Идиев тақрибан дар моҳи апрел вақте, ки аз маҳбаси «Пули чархи»-и Афғонистон раҳо шуда бо мусоидати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул ба Душанбе интиқол ёфт, баробари ба замин нишастани ҳавопаймо, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Идиев дар забонхати худаш навиштааст, ки қаблан барои таҳсили улуми исломӣ аз Русия ба Миср рафта ва аз онҷо ба Эрон омад ва дар Зоҳидон дар яке аз донишгоҳҳо ба омӯзиши улуми исломӣ пардохт. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 2009 барои таблиғи ислом сафарҳоеро дар шаҳристонҳои Эрон анҷом додааст.

Аммо Идиев тасодуфан паспорти хориҷиашро гум кард ва мехост аз тариқи Покистон ба Афғонистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон убур кунад. Аммо дар Бадахшони Афғонистон аз тарафи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва барои вайрон намудани марз аз ҷониби додгоҳи ин кишвар, барои 1 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, дар ибтидо мақомоти амниятии Афғонистон ӯро ҷосуси Русия, сипас ҷосуси Эрон ва баъдан як гумоштаи Толибон эълон карданд. Аммо дар ниҳояти амр аз ин иттиҳомот даст кашида, Идиевро барои убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карданд.

Тавре Ҳабибулло Идиев ба вакили мудофеаш гуфтааст, пас аз раҳоияш аз зиндони «Пули чархӣ», созмони Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар гӯё имкони идомаи зиндагӣ дар кишварҳои ғарбиро ба ӯ пешкаш кардаанд, аммо ӯ розӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG