Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон созишномаи пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳад кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путин гуфт, кишвараш созишномаи пойгоҳи ҳарбиро ба тасвиб хоҳад расонд.

Мулоқоти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ново-Огарево бо нашри изҳоротҳо поён ёфт. Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, сарони ҳарду кишвар аз натиҷаҳои мулоқот изҳори қаноатмандӣ карданд. Владимир Путин гуфт, барои рушди робитаҳои Тоҷикистону Русия, ки борҳо аз имтиҳони таърих гузаштааст, заминаи мусоид фароҳам шудааст. Дар робита ба тасвиби созиш оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷкиистон ӯ изҳор намуд, ки ҳама ҳамоҳангсозиҳо дар ин маврид дар кишвараш ба поён расидаанд ва дар Тоҷикистон ҳам ба зудӣ анҷом хоҳанд ёфт.

Раисиҷумҳури Русия дар робита ба беҳсозии шароити кору зиндагии муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия гуфт, тарафҳо ба созиш расиданд, ки ба ҳама мушкилоти ин муҳоҷирон ба таври сареъ расидагӣ кунанд. Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ки ширкатҳои русӣ сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро ривоҷ хоҳанд дод. Ӯ рӯи мавзӯи тарбияи кадрҳо ҳам тамаркӯз кард ва афзуд, ки то ҳол чанд донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон филиалҳои худро ифтитоҳ кардаанд ва қарор аст, ки ба зудӣ филиали Донишкадаи энерҷии Маскав ҳам боз шавад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муҳимтарин натиҷаи мулоқоти Маскав аст, ки дар робитаҳои миёни Русияву Тоҷикистон як раванди мусбат пайдо шуд. Ба гуфтаи сарвари Тоҷикистон, созмшнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамин тирамоҳ тасвиб хоҳад шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00


Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҷумҳур дар нимаи дувуми рӯзи 31-уми июл вориди Маскав шуда буд. Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов пештар хабар дод, ки мулоқоти ғайрирасмии ду раҳбар шоми чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Бино бар иттилои Радиои Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 31-уми июл, тахминан соатҳои 21-22 бо ҳам шом хӯрданд. Дар ин зиёфат чӣ суҳбат ба миён омад, хабар дода намешавад.

Тавра хабар дода будем, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар мушовираш дар масоили байналмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони дифоъ, рушди иқтисод ва энерживу саноат Шералӣ Хайруллоев, Шариф Раҳимзода ва Шералӣ Гул, муовини аввали вазири хориҷа Маҳмудҷон Собиров, раҳбари Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев ва мақомоти дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекарданд.

Дар ҳайъати Тоҷикистон ин дафъа вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ нест. Сухангӯи вазорат Абулфайз Атоев дар посух ба суоли Озодӣ дар ин бора гуфт, оқои Зарифӣ бояд дар расми қабули бинои нави вазорати хориҷа аз сӯи куммиссиюни давлатӣ ширкат кунад ва ба ҳамин далел ба Маскав нарафтааст.

Хабари сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рӯзи 26 июл, дар пайи сӯҳбати телефонии ӯ бо Путин нашр шуд. Дар пайи он сӯҳбат сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки "сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, пиромуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар намуданд."

Бино ба ин манбаъ, Владимир Путин пешниҳод карда буд, ки "барои баррасии муфассалтари мавзӯъоти зикргардида сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва 1 августи соли ҷорӣ сурат гирад. Ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд."

Мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифт, ки то интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ се моҳи дигар фурсат боқӣ мондааст. Дар маҳофил ҳадс мезананд, ки ҳадафи аслии ин сафар таъйиди номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи Маскав барои боз як давраи нави ҳафтсолаи раҳбарӣ дар ивази тасвиби созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бошад. Коршиносони рус бо такя ба ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи то тирамоҳ тасвиб шудани ин санад мегӯянд, ки аҷаб нест Владимир Путин пуштибонии худро аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон эълом дошта бошад.

Cергей Абашин, доктори улуми таърих, ходими аршади пажӯҳишгоҳи этнология ва антропологияи Академияи улуми Русия, мегӯяд, ки дидору гуфтугӯҳо дар Маскав ҳатман бар суди Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд буд. "Ман фикр мекунам, ки агар раисиҷумҳур Путин пуштибонии худро аз тариқи телевизион иброз надорад ҳам, худи ин сафар ва созишҳое, ки дар ҷараёни он баррасӣ ё ҳосил мешаванд, ба манфиати Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи қабл аз интихоботӣ хоҳанд буд. Аз ин рӯ фикр намекунам, ки агар Путин рӯирост аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш накунад, раҳбари Тоҷикистон озурда шавад. Аслан ризояти Русия барои ин сафар дар арафаи интихобот – ба навъе пуштибонӣ маҳсуб мешавад. Зимнан, Русия аз забони сиёсатмадорону таҳлилгарон ва мансабдорони баландмартабааш ҳамеша эълом медошт, ки аз ҳукумати феълии Душанбе ҷонибдорӣ мекунад", мегӯяд таҳлилгари рус.

Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, ҳам ба “хариду фурӯш” шудани мавзӯи тасвиби созиш оид ба пойгоҳи низомии 201-ум дар гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон шак надорад. Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз пуштибонии Русия дар интихоботи раёсаҷумҳурӣ бархурдор шавад ва итминон ҳосил кунад, ки Маскав дар пушти ӯ мустақилона ба ҷустуҷӯи шарику ҳампаймони нав аз миёни сиёсатмадорони тоҷик шурӯъ нахоҳад кард. Ба гуфтаи сиёсатшинос, мақомоти Русия аз “маскавгурези”-и Душанбе ва имкони рӯ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, ИМА, овардани он нигаронанд. Артем Улунян меафзояд, “дар Маскав аз тақвияти нуфузи Амрико дар Тоҷикистон ҳарос доранд, зеро моҳҳои ахир Ӯзбакистон, дигар кишвари минтақа, ба таҳкими равобит бо Вошингтон тарҷеҳ медиҳад ва ин барои Кремл “хело дардовар” аст”.

Аз нигоҳи сиёсатшинос, шояд дар музокироти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дигар мавзӯъҳо, аз ҷумла, дубора дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мустақар шудани сарҳадбонҳои рус ва ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки як фишанги фишори Маскав болои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, мавриди баҳсу баррасӣ қарор доштанд. Ба гуфтаи сиёсатшинос, "байид нест, агар баъдан Маскав бозгашти сарҳадбонҳояш ба марзҳои Тоҷикистонро ҳам чун яке аз шартҳои пуштибонии номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба миён гузорад".
XS
SM
MD
LG