Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати омодабош ҳастанд"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар робита бо нооромиҳо дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, нирӯҳои марзбонии кишвар ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 3 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тоҷик дар бораи шурӯи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва

Соле пеш Толибон барои чанд рӯз Қундузро зери назорат дароварданд
Соле пеш Толибон барои чанд рӯз Қундузро зери назорат дароварданд

ҷунбиши Толибон дар вилояти Қундуз хабар доранд, вале то ба ҳол ҳодисаҳои убури ғайриқонунӣ аз марз ё ба ҳудуди Тоҷикистон афтодани гулӯлаю тирҳои тасодуфӣ ба мушоҳида нарасидааст. Улуғхоҷаев гуфт, ​"ҳанӯз дар бораи хатари эҳтимолӣ ба сарҳадҳои Тоҷикистон пешгӯӣ кардан душвор аст. Ба ҳар сурат, минтақаҳои сарҳадӣ бо вилояти Қундузи Афғонистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ пурзӯр мешавад. Инчунин, дар хатти дувуми сарҳад нерӯҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қарор доранд. Агар зарур шуд, онҳо ба ёрии сарҳадбонон меоянд."

Шаби 3 октябр ҳамалаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Қундуз – маркази вилояти ҳамноми он, ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд. Шералӣ Камол, як фармондеҳи пулиси Қундуз ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ҳамлаи Толибон соати 00:30-и шаби 3 октябр оғоз шуд. Аз рӯи иттилои охир, ҳоло ҷангҳо дар канораҳои шаҳр идома дорад.

Ҳанӯз дар бораи хатари эҳтимолӣ ба сарҳадҳои Тоҷикистон пешгӯӣ кардан душвор аст. Ба ҳар сурат, минтақаҳои сарҳадӣ бо вилояти Қундузи Афғонистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ пурзӯр мешавад.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи "Твиттер" иддао кард, ки ҳамлаҳои густарда ба шаҳри Қундуз аз чор масир сурат гирифт ва дар минтақаи Наво Толибон 4 постгоҳро тасарруф кардаанд. Чандин нафар аз сарбозони нерӯҳои давлатӣ кушта шудаанд.

Хабарнигори Рейтерс дар шаҳри Қундуз 5 ҷангии Толибонро дидааст, ки силоҳи Калашников-47, пулемёт ва гранатомёт доштаанд. Ҳамлаи густурда ба шаҳри Қундуз ба солгарди тасарруфи ин шаҳр аз ҷониби Толибон мувофиқ омадааст. Он замон, нерӯҳои Толибон тавонистанд муддати 3 рӯз шаҳри Қундузро дар дасти худ нигоҳ доранд.

Дар моҳҳои апрел, июл ва августи соли ҷорӣ низ дар наздикии ин шаҳр даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Афғонистон бо ҷангиёни Толибон рух додааст. Як сол пеш низ Толибон дар ҳамин рӯзҳо Қундузро ишғол карда буданд.

Фармондеҳони маҳаллии пулис мегӯянд, ҳамлаи ахир шоми якшанбе оғоз ёфт ва ҳоло Толибон дар хонаи баъзе сокинони маҳаллӣ камин гирифтаанд. Ба қавли шоҳидон, қабл аз шурӯи ҳамла, Толибон пинҳонӣ аз посгоҳҳои амниятӣ убур намуда, ба шаҳр дохил шуда буданд.

3 октябр маркази шаҳри Кундузро полиси маҳаллӣ назорат мекард
3 октябр маркази шаҳри Кундузро полиси маҳаллӣ назорат мекард

Хабарнигори Рейтерс омодашавии нерӯҳои амниятии афғон барои ҳамла ба Толибонро дар минтақаи Хокканӣ, воқеъ дар ҷанубуғарби Қундуз ба навор гирифтааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки ба минтақа нерӯи тозанафас фиристодааст.

Дар Кобул нерӯҳои паймони НАТО тасдиқ кардаанд, ки дар гирду атрофи Қундуз задухӯрде рух дод, вале, ба гуфти онҳо, ҳамлаи густурдаи Толибон мушоҳида нашудааст. Ҳамзамон дар гӯшаҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла вилояти ҷанубии Ҳилманд ҳамла сурат гирифта, вулусволии Лашкаргоҳ – маркази вилояти Ҳилманд таҳти назорати Толибон гузаштааст.

Соли гузашта Қундуз чанд рӯз таҳти назорати Толибон буд. Ин ҳодисаро бузургтарин нокомии ҳукумати Афғонистон баъди беруншавии нерӯҳои байналмилалӣ аз хоки ин кишвар дар соли 2014 меноманд.

XS
SM
MD
LG