Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 21 октябр аз боздошти як гурӯҳи қоочоқбари маводи мухаддир, бо шумули як афсари баландпояи нирӯҳои марзбонии ин кишвар, ва мусодираи 100 кило афюну 34 кило ҳероин аз аъзои ин гурӯҳ хабар додаааст.
Як мақоми КДАМ рӯзи 21 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки амалиёти боздошти ин гурӯҳи фаромиллии қочоқбар бо пуштибонии воҳиди вижаи зидддитеррори “Алфа” сурат гирифтааст. Бино ба гузориши КДАМ, “фаъолияти гурӯҳи фаромиллӣ ошкор карда шуд, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон иборат бурда, дар тӯли муддати тӯлонӣ ба қочоқу тиҷорати маводи мухаддир машғул будааст.”
Дар ҷараёни ин амалиёт як афсари баландпояи сарраёсати нирӯҳои марзбонии КДАМ низ дастгир шудааст. Мақомот исм ва унвони низомии ӯро ошкор накардаанд, вале мегӯянд, ки ин афсар 32 сол дорад ва ба ин гурӯҳи қочоқбар дар интиқоли 100 кило афюн ва 32 кило ҳероин кумак кардааст. Дар ҷараёни бозпурсиҳо аъзои боздоштшудаи ин гурӯҳ иқрор кардаанд, ки маводи мухаддирро дар нимаи дувуми моҳи сентябр аз як гурӯҳи силоҳбадасте дар Афғонистон, ки ба гуфтаи онҳо, аз 20 нафар иборат аст, ба даст овардаанд.
Ҳамсӯҳбати Озодӣ мегӯяд, боздошти ин гурӯҳ натиҷаи чанд моҳи кори маъмурони КДАМ будааст. Дар гузориши расмии ин кумита ҳам гуфта мешавад, ки тайи се моҳ аз паси қочоқбарон назорат бурдаанд, то онҳоро бо далелҳои шайъӣ дастгир кунанд: “Дар ин муддат аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ ва тамосҳояшон маълум карда шуд. Муқаррар гардид, ки онҳо бо истифода аз робитаҳои худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупо ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо машғул буданд.”
Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ҷараёни интиқоли 132 кило афюну ҳероин аз заамони роҳӣ шуданаш аз Афғонистон то расиданаш ба Душанбе пурра таҳти назорати ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон сурат мегирифт. Дар натиҷаи амалиёт ибтидо 2 узви ин гурӯҳи қочоқбар бо 100 кило афюну ва 32 кило ҳероин дар пойтахти Тоҷикистон дастгир шуданд. Баъдан боз 3 узви дигари ин гурӯҳи фаромиллӣ боздошт ва аз манзили якеи онҳо боз 2 кило ҳероини дигар ёфт шуд.
Алайҳи ин афрод дар ҳоли ҳозир бар асоси моддаҳои 323(сохтакорӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ), 347( хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он), 289(қочоқ) ва 200 (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо мақсади фурӯш)-и Кодекси ҷиноятиии Тоҷикистон парванда кушодаанд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон - бузургтарин тавлидкунандаи афюну ҳероин - 1370 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, ба хусус афюну ҳероин, ба бозорҳои Қазоқистону Русия, табдил ёфтааст. Аммо аз сӯи мақомоти Тоҷикистон хабари боздошти як гурӯҳи қочоқбаре, ки доманаи қочоқу тиҷорати маводи мухаддираш аз марзи Русия ҳам фаро рафта, тавре мақомоти КДАМ иддао мекунад, то ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мерасад, бори аввал расонаӣ мешавад.