Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои манъи воридот аз Эрон. Шарҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб


Абдуфатоҳи Ғоиб
Абдуфатоҳи Ғоиб

Раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ба далели сифати пасти ин маҳсулот маҳдуд шудааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби манъи воридоти чойи хушк, гӯшти паранда ва гӯшти қимаю дигар навъи маҳсулоти ширкатҳои Эронро дар сифати пасти онҳо медонад.

Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудияти ҷоришуда дар роҳи воридоти молҳои эронӣ пас аз он оғоз ёфт, ки Оҷонсии “Тоҷикстандарт” бо кашфи пастифатии маҳсулот воридоти онҳоро мамнӯъ донист.

Дар посухи расмии Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки рӯзи 5 май ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст: “Маҳдудиятҳо нисбати воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба ҳолатҳои аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” надодани сертификати мутобиқат ба як қатор маҳсулоти хӯрокаи пастсифат аз қабили чой, гӯшти паранда, қима аз гӯшти парранда ва ғайра ба миён омадааст.”

Раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, “ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти молҳои пастсифати ба ҳаёт ва саломатии инсон зараровар новобаста аз кадом давлате, ки набошад, чораҳои дахлдор меандешанд.”

Дар се моҳи ахир низ Оҷонсии "Тоҷикистандарт" ба таври бесобиқа аз бозору мағозаҳо молу маҳсулоти пастсифат ошкор кардааст, ки аксаран аз Эрон ворид шудаанд. Ин Оҷонси дар се моҳи ахир наздик ба ду ҳазор тонна молу маҳсулоти пастсифат ошкор кардааст, ки аксаран тавлиди ширкатҳои эронӣ ҳастанд.

Тасдиқи расмии маҳдудияти воридоти молу маҳсулоти эронӣ ҳам аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан соҳибкорони тоҷик шикоят карда буданд, ки барояшон дигар иҷозаи воридоти мол аз ин кишварро намедиҳанд.

Хадамоти гумрук маҳдудияти ҷоришуда дар роҳи воридоти молҳои Эронро ба сифати пасти онҳо рабт медиҳад, аммо ҷониби Эрон мегӯяд, содироти молаш ба Тоҷикистон бинобар "дарҷ нашудани мушаххасоти коло бо забони тоҷикӣ" (ҳуруфи сириллик), манъ шудааст.

Утоқ (палата)-и бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон низ бо пахши як иттилоия, манъи содироти молу коло аз он кишвар ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст.

Дар хабарномае, ки дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шудааст, ба нақл аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон омадааст: "Бо таваҷҷуҳ ба мусаввабаи қонунии давлати Тоҷикистон, тоҷирони содиркунанда ба мақсади Тоҷикистон мебоист мушаххасоти колоро ба забони тоҷикӣ бар рӯи коло дарҷ намоянд."

Ба навиштаи сомонаи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон, аз ҷониби Тоҷикистон иттилоъ гирифтаанд, ки бидуни барчаспҳо бо хуруфи сириллик иҷозаи содироти молу колои эронӣ ба Тоҷикистон дода намешавад.

Ин дар ҳолест, ки раиси порлумони Эрон Алии Лориҷонӣ рӯзи 19 апрел дар ҳошияи нишасти раҳбарони парлумонҳои 19 кишвари АвруОсиё дар Маскав маҳдудиятҳои ба миёномада дар масоили гумрукӣ миёни Теҳрону Душанберо бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ кард. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Лориҷонӣ дар мулоқот бо Зуҳуров аз ҷумла гуфтааст, ки "дар ин замина бархе маҳдудиятҳои ба миён омада бояд бартараф шавад."

Аз ин қабл бархе аз соҳибкорони тоҷик гуфта буданд, ки воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон "бинобар кашф шудани маводи бесифат" муваққатан қатъ шудааст ва онҳо машварат гирифтаанд, то анҷоми бозҷӯӣ аз воридоти молу маҳсулот аз Эрон худдорӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ки дар ин авохир панҷ соҳибкор аз Эрон маводи пастифат ворид кардаанд.

Тоҷикистон ва Эрон дар даҳсолаҳои ахир тиҷоратҳои дуҷонибаро ба роҳ мондаанд, ки ин гардиши моли Эронро дар бозорҳои Тоҷикистон таъмин кардааст. Маводи истеҳсоли Эрон аз қабили гӯшту шир, мева ва равғану хокаи либосшӯӣ дар бозорҳои Тоҷикистон фаровон ба назар мерасад. Эрон ҳамчунин дар тарҳҳои бузурги энержӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон низ нақш дорад. Нақби бузурги “Истиқлол” дар шимоли кишвар ва нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” дар ҷануб бо сармояи Эрон бунёд шудаанд.

Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ

Аммо ба назар мерасад, ки дар ин авохир ду кишвари ҳамзабон дар баъзе масоил забон наёфтанд ва муносибати онҳоро наметавон гарму самимӣ тавсиф кард. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон ғайб задаанд ва даъвати раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба як конфронс дар Теҳрон омилҳои аслии сарди миёни ду кишвар дониста мешавад. Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта Ҳизби наҳзати исломиро як созмони теророристӣ эълон кард ва алайҳи раҳбарони он бо ҷурми терроризм парванда кушод.

Аммо ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти давлатӣ манъи мувақатии молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ надорад ва ин бештар ба тақаллубкории соҳибкорон вобаста аст.

Бо ин ҳол, ба иттилои расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба ин кишвар 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Зуҳриддин Кенҷаев, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, "дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Эрон ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад кам аст. Кам шудани воридот ба бӯҳрони молӣ рабт дорад, ки қобилияти харидорӣ кам шудааст ва худи тоҷирон кам молу маҳсулот ворид мекунанд."

Эрон, яке аз панҷ кишвари асосӣ дар миёни коршарикони тиҷории Тоҷикистон аст. Тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2015 аз Эрон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 123 миллион доллар мол ворид шудааст ва Тоҷикистон дар ҳаҷми 59 миллион доллар ба Эрон мол содир кардааст.

XS
SM
MD
LG