Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон манъи содироти молҳояш ба Тоҷикистонро тасдиқ кард


Ҷониби Эрон тасдиқ кардааст, ки содироти молаш ба Тоҷикистон бинобар "дарҷ нашудани мушаххасоти коло бо забони тоҷикӣ" (ҳуруфи сириллик), манъ шудааст.

Утоқ (палата)-и бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон бо пахши як иттилоия, манъи содироти молу коло аз он кишвар ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст.

Дар хабарномае, ки дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шудааст, ба нақл аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон омадааст: "Бо таваҷҷуҳ ба мусаввабаи қонунии давлати Тоҷикистон, тоҷирони содиркунанда ба мақсади Тоҷикистон мебоист мушаххасоти колоро ба забони тоҷикӣ бар рӯи коло дарҷ намоянд."

Ба навиштаи сомонаи Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии Эрон, аз ҷониби Тоҷикистон дархост гирифтаанд, ки бидуни барчаспҳо бо хуруфи сириллик иҷозаи содироти молу колои эронӣ ба Точикистон, дода намешавад.

Ин дар ҳолест, ки раиси порлумони Эрон Алии Лориҷонӣ рӯзи 19 апрел дар ҳошияи нишасти раҳбарони парлумонҳои 19 кишвари узви АвруОсиё, ки дар Маскав баргузор шуд, маҳдудиятҳои ба миёномада дар масоили гумрукӣ миёни ду кишварро бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Лориҷонӣ дар мулоқот бо Зуҳуров аз ҷумла гуфтааст, ки "дар ин замина бархе маҳдудиятҳои ба миён омада бояд бартараф шавад."

Аз ин қабл бархе аз соҳибкорони тоҷик гуфта буданд, ки воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон "бинобар кашф шудани маводи бе сифат" муваққатан қатъ шудааст ва онҳо машварат гирифтаанд, то анҷоми бозҷӯӣ аз воридоти молу маҳсулот аз Эрон худдорӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ки дар ин авохир панҷ соҳибкор аз Эрон маводи пастифат ворид кардаанд.

Як тоҷири тоҷик, ки худро Муҳиддин Ҷумъаев муаррифӣ кард, рӯзи 14-уми апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, тасмим дошт, аз Эрон тариқи ду мошини боркаш гӯшт ворид кунад, аммо намояндагони Оҷонсии “Тоҷикстандарт” барояш маслиҳат додаанд, ки феълан интиқоли гӯштро боздорад. Ба қавли ин соҳибкор аз онҳо талаб шудааст, минбаъд ҳар молу маҳсулоте, ки аз Эрон ворид мешавад, санаи дақиқи истеҳсол ва тамға бо навиштаҷоти кириллӣ дошта бошад, зеро сокинони Тоҷикистон ҳарфҳои форсиро намедонанд ва ҳангоми харид ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.

Як мақоми давлатӣ бидуни зикри номаш ҳафтаи гузашта ба Озодӣ гуфт, ин маҳдудият пас аз кашфи маҳсулоти пастсифати ғизоӣ аз Эрон ба миён омад. Ӯ гуфт, ахиран панҷ тоҷири тоҷик аз Эрон гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ворид кардаанд, ки дар бастабандиҳо санаи истеҳсол тоза буда, аммо мӯҳлати истифодаи гӯшту шир кайҳо гузашта будааст.

Тоҷикистон ва Эрон дар даҳсолаҳои ахир тиҷоратҳои дуҷонибаро ба роҳ мондаанд, ки ин гардиши моли Эронро дар бозорҳои Тоҷикистон таъмин кардааст. Маводи истеҳсоли Эрон аз қабили гӯшту шир, мева ва равғану хокаи либосшӯӣ дар бозорҳои Тоҷикистон фаровон ба назар мерасад. Эрон ҳамчунин дар пружаҳои бузурги энержӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон низ нақш дорад. Як туннели бузург дар шимоли кишвар ва нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 2” бо сармояи Эрон бунёд ёфтаанд.

Аммо ба назар мерасад, ки дар ин авохир ду кишвари ҳамзабон дар баъзе масоил забон наёфтанд ва муносибати онҳоро наметавон гарму самимӣ тавсиф кард. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон ғайб задаанд ва даъвати раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба як конфронс дар Теҳрон омилҳои аслии сарди миёни ду кишвар дониста мешавад. Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта Ҳизби наҳзати исломиро як созмони теророристӣ эълон кард ва алайҳи раҳбарони он бо ҷурми терроризм парванда кушод.

Аммо ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти давлатӣ манъи мувақатии молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ надорад ва ин бештар ба тақаллубкории соҳибкорон вобаста аст.

Бо ин ҳол, ба иттилои расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба ин кишвар 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Зуҳриддин Кенҷаев, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, "дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 26 миллион сомонӣ аз Эрон молу маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад кам аст. Кам шудани воридот ба бӯҳрони молӣ рабт дорад, ки қобилияти харидорӣ кам шудааст ва худи тоҷирон кам молу маҳсулот ворид мекунанд."

Эрон, яке аз панҷ кишвари асосӣ дар миёни коршарикони тиҷории Тоҷикистон аст. Тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар соли 2015 аз Эрон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 123 миллион доллар мол ворид шудааст ва Тоҷикистон дар ҳаҷми 59 миллион доллар ба Эрон мол содир кардааст.

XS
SM
MD
LG