Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Кали зирак" то идеяи миллӣ


"Маша и Медведь" - аз маъруфтарин афсонаҳои русии солҳои охир
"Маша и Медведь" - аз маъруфтарин афсонаҳои русии солҳои охир

Аксари модарбузургҳо мегӯянд, набераҳои онҳоро акнун "Маша и Медведь" бузург мекунад.

Дар Тоҷикистон момаҳои афсонагӯ дигар набераҳои афсонашунав надоранд.
Ҳафизамоҳ Раҳматова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки соҳиби ҳафт набера аст, мегӯяд, дар кӯдакӣ аз модарбузургаш афсонаҳои зиёдеро аз бар кард ва орзу дошт, рӯзе ин афсонаҳоро барои набераҳои худ қисса кунад. Аммо набераҳои ҳозирзамон, ки мебоист панду насиҳати модарбузургро аз қиссаҳои қадимӣ дар зеҳни худ ҷой кунанд, андарзро аз филмҳои тасвириву забони ҷонварон мешунаванд.

Набераҳое, ки аз афсона безоранд

Ҳафизамоҳ Раҳматова мегӯяд шояд қиссаву афсонаҳои ӯ моли гузашта бошанд, вале ба назари ӯ ҳеҷ филми тасвирӣ наметавонад ҷойи каломи зинда аз забони модарбузургро бигирад. «Он чизе, ки аз китобу аз бобову бибӣ шунида будам, мехоҳам ба набераҳоям бирасонам. Ҳарчанд, гоҳ ба афсонаҳоям гӯш мекунанд ва гоҳ не, вале ман дилсард намешавам. Охир рӯзи дароз дар назди телевизиор нишастан ва суратҳои ҳайвонҳоро тамошо кардан аз ҳама ҷиҳат ба фикри ман
Ҳафизамоҳ Раҳматова бо наберагонаш
Ҳафизамоҳ Раҳматова бо наберагонаш
ба саломатии кӯдак зарар дорад.

Бигзор филмҳои тасвириро тамошо кунанд, аммо ба ин ҳад зиёд не. Вақте ба мо калонтарҳо афсона мегуфтанд, бинед, ки чӣ қадар ширин буд ва ҳоло ҳам дар хотирамон боқӣ мондааст».

Сӯбати мо бо Ҳафизамоҳ Раҳматова дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ҳамроҳ бо набераҳояш дар ҷустуҷӯи китобҳои бачагона ба ҷашнвораи «Ҳафтаи китобҳои кӯдакону наврасон» омада буд. Ин фестивал дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст.
Аммо баъди чанде гаштугузор Ҳафизамоҳ Раҳматова гуфт, ки дар ин фестивал ягон нусха китоби афсона барои кӯдакон вуҷуд надорад.


«Китоб намехонанд, аммо расм тамошо мекунанд»

Моҳбону Ҷумъаева, масъули китобхонаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан ҳам дар чанд соли ахир китоби афсона барои наврасон нашр нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, китобхонаи онҳо хонандаҳои зиёди хурдсол дорад, вале дар бештари маврид ин хурдсолон ба китобҳое таваҷҷӯҳ мекунанд, ки танҳо расмҳои ранга доранд ва маъмулан дар замони Шӯравӣ нашр шудаанд. Хонуми Моҳбону мегӯяд, солона дар маҷмӯъ китобҳои кӯдакона бо теъдоди 300 то 500 нусха
Моҳбону Ҷумъаева
Моҳбону Ҷумъаева
нашр мешавад, ки ба дасти ҳамаи хонандаҳо намерасанд.


«Аз нависандагону адибон хоҳиш мекунам, ки ин чизро ҷиддӣ бигиранд ва бештар барои кӯдакон қиссаву ривоятҳои ҷолиб нависанд. Агар китобе чизи ҷолиб дошта бошад, ҳатман харидору хонанда пайдо мекунад.

Имрӯз бошад, 80 дар сади китобҳои кӯдаконаи китобхонаи моро адабиёти русӣ ташкил медиҳад, ки аксаран ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест. Китобҳои зиёд чоп мешавад, вале афсӯс, ки китобҳои кӯдакона барои синни то 12-сола хеле кам аст», гуфт М.Ҷумъаева.



«Кали зирак» ва идеяи миллӣ

Қурбон Нуралиев, директори шабакаҳои китобхонаҳои Кӯлоб мегӯяд, афсонаҳои гузаштагони мо мисли «Бузаки ҷингилапо» ва «Кали зирак» ба талаботи маънавии кӯдаки имрӯз посухгӯ нест. Ба гуфтаи ӯ, бештари китобҳои афсонаҳои тоҷикон дар замони Шӯравӣ бо интиқоди замони ғуломдориву феодалӣ ва шоҳони золиму халқи мазлум иншо шудаанд, ки имрӯз барои кӯдак номаҳфум аст. Нуралиев мегӯяд, нависандагони мо бояд афсонаҳои миллӣ ва замонавӣ эҷод кунанд, то кӯдакони мо дар рӯҳияи бегонагӣ тарбия наёбанд.


«Замона дигар ва пешрафта шудааст. Афсонаҳое бояд иншо шаванд, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ навишта шудаанд. Афсона дар зеҳни кӯдак то охири умр таъсиргузор аст, аз ин рӯ бояд афсонаҳо хуб ба кӯдак гуфта шавад. Филмҳое, ки имрӯз дар дӯконҳои мо пур аст, хеҷ гоҳ ба кӯдакон таъсири хуб надоранд. Хубтар аст, ки афсона ё филмҳое нашр шавад, ки як кӯдаки миллӣ ба воя расонад».



«Маша и Медвед»-и русӣ ва кӯдаки тоҷик

Шодӣ Салимов, як омӯзгори дигар мегӯяд, қаҳрамони афсона барои кӯдак идеал мешавад ва ҳоло ба ҳеҷ сурат «Кали зирак»-и бепадару модар ва соҳиби як момаи пир наметавонад идеали кӯдаки тоҷик гардад. Дар чанд сӯҳбат бо расонаҳо адибони тоҷик китобҳои афсона барои кӯдаконро бинобар сатҳи пасти зиндагӣ камхаридор донистанд.


Аммо Шодӣ Салимов мегӯяд, ҳар ҳафтае шоҳид аст, ки камбизоаттарин волидайн як диски филми тасвирии кӯдакона, ки аз ду то панҷ сомонӣ арзиш дорад, харидорӣ мекунад. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, гап сари мазмуну мӯҳтаво меравад, вагарна мардум имкони харидории китоби ҷолиб барои фарзандони худро доранд.


«Бубинед, ки мултфилми кӯдаконаи «Маша и Медвед» ҳар ҳафта нашр мешавад ва падару модарон бо се сомонӣ онро харидорӣ мекунанд. Ин афсона барои кӯдаки тоҷик бегона аст, зеро дар он ҷо фақат анъанаҳои русӣ тасвир меёбад. Барфу арчаву Соли Нав. Дар як моҳ як падару модар барои харидории чанд бахши ин филм то 12 сомонӣ сарф мекунад. Агар китоб ё филми хуби тоҷикӣ бошад, гап дар сари пул нест. Маънои хуб дошта бошад, ҳама мехарад», гуфт ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хонум Ҳафизамоҳ, модарбзуруги 7 набера, ки мехост аз фестивали «Ҳафтаи китобҳои кӯдакону наврасон» китоби нави афсона харидорӣ кунад, бо дастони холӣ ба назди наберагонаш баргашт. Ё шояд ӯ ҳам пас аз ин ба наберагонаш дигар филмҳои тавсирии «Маша и Медвед» ва нусхаи ҷадиди филми тасвирии «Шрек-4»-ро ҳадя мебарад.

Ба кӯдаконатон китоби бадеӣ мехаред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00
XS
SM
MD
LG