Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯ ба рӯ бо "педофил"


Мақомоти Додситонии кулл мегӯянд, дар соли 2012 кӯдакон 50 маврид аз дасти педофилҳои маҳаллӣ ҷон ба саломат бурдаанд.

Афзоиши озори ҷинсии кӯдакон ва таҳриф шудани иштиёқи шаҳвонии аҳолӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронии Додситонии кулли кишвар шудааст.

Фаррух Рауфов, муовини сардори Раёсати бозҷӯии парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон дар як ҳамоиш ба хабарнигорон гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 219 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки 50 мавриди он марбут ба «ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ», яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст.

Фаррух Рауфов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар 13 соли охир мизони ҷиноёти ахлоқӣ дар Тоҷикистон 128 фоиз афзудааст. Ӯ бо таъкиди «ҷавоншавӣ»-и ҷиноятҳои ҷинсӣ, мисол овард, ки танҳо дар соли гузашта 81 ҷинояти «алоқаи ҷинсӣ бо нболиғони зери 16-сола» ба қайд гирифта шудааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00
Линки мустақим



Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулл, афроди муттаҳам дар «педофилия» аксаран маълумоти олӣ надоранд ва афроди бекору камсавод будаанд.

Фаррух Рауфов аз расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон даъват кард, ки дар амри ҷилавгирӣ аз чунин амалкардҳои бадахлоқона ва ҷиноёти сангин алайҳи кӯдакону ноболиғон, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тобистони гузашта додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон омӯзгореро бо ҷурми “педофилия” ба 25 сол зиндонӣ кард. Муфаттишон мегӯянд, ин омӯзгор дар зарфи ду сол ба шогирдони синфҳои ибтидоӣ, яъне духтаракони 8-10-сола дасдарозӣ кардааст.

Манбаъ дар додгоҳи ноҳияи Ҷомӣ гуфта буд, ки гуноҳи ин омӯзгори 32-сола, ки падари се фарзанд буда, собиқаи 10-солаи омӯзгорӣ дошт, тибқи ду моддаи кодекси ҷиноятӣ, яъне “амали зӯроварии дорои хусусиятӣ шаҳвонӣ, нисбати шахси баръало ба синни 14-солагӣ нарасида” (моддаи 139, қ.4) ва “кирдори бадахлоқона” (моддаи 142) маҳкум ба зиндон ва маҳрум аз ҳуқуқи идомаи фаъолияти омӯзгорӣ шудааст.

Соли 2011-ум низ, ба иттилои мақомоти додситонии вилояти Хатлон, як зани омӯзгор дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ барои доштани робитаи маҳрамона бо шогирди ҳабдаҳсолааш боздошт шуда буд. “Муаллимаи 27-солаи фанни математика, ки оиладор набудааст, бо шогирди синфи 11-умаш робитаи ҷинсӣ доштааст.

Дар пайи нашри хабари боздошти омӯзгоре бо иттиҳоми сӯйиистифодаи ҷинсӣ аз шогирдони мактаб, Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфта буд, ки қасд дорад, ба зудтарин фурсат мавзӯи таҳия ва қабули қонуни марбут ба ташдиди ҷазо барои “педофилия”-ро масъалагузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG