Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак таъсис мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонун дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ислоҳот ворид кард ва ба ин тартиб, заминаро барои таъсиси Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак фароҳам намуд.

Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 16-уми декабри худ ба қонун дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ислоҳот ворид кард ва ба ин тартиб заминаро барои таъсиси Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак муҳайё намуд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон рӯзи чоршанбеи 16 декабр дар иҷлоси парлумон тарҳи санад дар ин заминаро муаррифӣ кард. Бештари намояндагони парлумон таъсиси Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро дар Тоҷикистон як амри муҳим ва зарурӣ хонда ва гуфтаанд, ки вазъи кӯдакону ноболиғон ба чунин иқдом водор кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 214 ноболиғ даст ба ҷиноятҳои мухталиф зада ва зиндонӣ шудаанд. Ба ҳамин тартиб, теъдоди кӯдакону духтароне, ки бо сабабҳои гуногун аз мактаб дур мондаанд, дар ҳоли афзоиш будааст. Ба гуфтаи вакилон, дар ду соли ахир 2400 кӯдаку ноболиғ ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор ятим ба сар мебаранд, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак метавонад дар беҳбуди вазъи ҳуқуқии ин афрод мусоидат кунад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нишасти рӯзи 16-уми декабр парлумон аз талошҳои Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русиядар мавриди қазияи Умаралӣ Назарови 5-моҳа ситоиш карда ва гуфтааст, ки фаъолияти Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон низ бояд мисли ҷаноби Астахов бошад.

Зимнан, Павел Астахов аз мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли он кишвар қотеъона тақозо карда буд, ки қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро дар Санкт-Петербург мунсифона таҳқиқ карда, ба амали маъмурони пулис ва Хадамоти муҳоҷират баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Тибқи ин санад, Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак шахсе интихоб мешавад, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ ва сини ӯ аз 35-сола боло бошад. Дар назар аст, дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ва дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ намояндагиии Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон таъсис шавад. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак аз тарафи президент ва бо ризояти Маҷлиси Намояндагон таъйин карда мешавад. Дар сурати набудани Валокати ҳуқуқи инсон, вазифаи ӯро ваклоатдори ҳуқуқи кӯдак иҷро мекунад.

КОРИ КӮДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Кори кӯдакон дар Тоҷикистон: Дар кӯчаву бозор ва дар саҳро
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди таъсиси идораи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон, бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик пешниҳод карда буданд, ки беҳтар аст омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар назди парлумон ва ё раёсати ҷумҳурӣ таъсис дода шавад. Ба қавли ҳуқуқдонҳои тоҷик ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, худ аз ҳаводиси пурсарусадо канораҷӯӣ мекунад.

Аз таъсиси Омбудсмени ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон наздик ба 7 сол сол сипарӣ мешавад, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин муддатро давраи имкониятҳои аздастрафта ва бидуни пешрафт меноманд. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди он, ки қонунгузории Тоҷикистон ба омбудсмен ваколатҳои зиёд додааст, вай то кунун натавонистааст аз ин зарфиятҳо истифодаи назаррас кунад. Ин аст, ки бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик пешниҳод доранд, ки ниҳоди ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак ҷудо аз идораи омбудсмен таъсис дода шавад.

Идораи Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳоле таъсис мешавад, ки масъалаи ҳуқуқи кӯдак ҳамвора яке аз масоили доғ дар Тоҷикистон будааст. Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданӣ ҳамеша аз мавориди хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон истифода аз нерӯи кории онҳо ва ҳамчуни камбуди ғизои атфоли тоҷик нигаронӣ карданд. Ахиран як таҳқиқ нишон додааст, ки сабаби кӯтоҳқад будани 300 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон истеъмоли ғизои камвитамин ва номуносиб аст.

ОЁ ҒИЗОИ КӮДАКОНИ ТОҶИК ЗИЁНОВАР АСТ?

Ғизоҳои кӯдакони тоҷик зиёновар аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

XS
SM
MD
LG