Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷири тоҷик ситоиш, аммо зодгоҳашро "фаромӯш" карданд


Алиназар Баҳодуров
Алиназар Баҳодуров

Мақомоти Русия ба як ҷавони тоҷик, ки ҷони худро дар хатар гузошта, барои боздошти як марди мусаллаҳ кумак расонд, изҳори сипос кардаанд. Алиназар Баҳодурови 21-сола рӯзи 4-уми апрел аз намояндаи Вазорати умури дохилии Русия сипосномаи расмӣ гирифт. Сипоснома “Пулис аз Шумо миннатдор аст” ном дорад.

  • Баҳодуров ҳарчанд хурсанд аст, ки кори ӯро қадрдонӣ карданд, ҳайрон ҳам ҳаст, ки чаро матбуоти Русия аз бурдани номи зодгоҳи ӯ парҳез мекунад. Алиназар донишҷӯи факултаи молия ва иқтисоди донишгоҳи Толятти ва зодаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аст.
Занг задем, ки ислоҳ кунанд. Вале онҳо бе он ки хато кардаанд, хабар навиштанд, ки “тоҷиктабори зодаи Узбекистон” ҷиноят содир кардааст

Ӯ рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, охири моҳи март баъди берун омадан аз ҷойи кор, марди мусаллаҳеро бо корд ва дастонаш хунолуд дид, ки фирор мекард. "Ист, гуфтам, ки ба сӯям давид ва бо корд ҳамла кардан хост. Худамро муҳофизат кардам ва ӯро ба замин хобондам. Тахминан баъди 15 дақиқа кормандони милиса омаданд" -- гуфт ӯ.

"Вазифаи инсонӣ"

Вазорати умури дохилии Русия гуфт, Баҳодуров дар боздошти “ҷинояткори хатарноке мусоидат кардааст, ки ронандаи як мусофирбарро чанд корд зада, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст”. Барои ин шуҷоат, ба гуфтаи вазорат, Хайрулло Аҳмадхонов, сардори пулиси шаҳри Толятти ба Алиназар шахсан сипосгузорӣ кард.

Алиназар, ки варзишгар ҳам ҳаст, мегӯяд, “ин корро барои он накард, ки касе ба ӯ раҳмат гӯяд ва ё аз кишвари таваллудаш ном барад.” Ба қавли ӯ, “ман вазифаи инсонии худро иҷро кардам. Чӣ гуфтанд, ё нагуфтанд, бароям муҳим нест.”

Хабари Вазорати умури дохилии Русияро расонаҳои гуногуни ин кишвар нашр кардаанд, вале дар ин миён аз кадом кишвар ва намояндаи кадом миллат будани ҷавон "фаромӯш" шудааст. Баръакси хабарҳои манфӣ, ки бисёре аз матбуоти Русия рӯи он таъкид мекунанд.

Қудрат Каримов, яке аз шиносҳои Алиназар мегӯяд, ингуна рафтори матбуоти Русия “дарднок аст” ва ба муносибат бо муҳоҷирон таъсири бад мегузорад. Ба қавли ӯ, агар муҳоҷире кори бад кард, ҳатман зодаи куҷо будану аз куҷо омаданашро менависанд, вале агар кори хуб карданд, “зикри миллату зодгоҳи онҳо фаромӯш мешавад.”

"Даҳ сол пеш ҳам вазъият чунин буд"

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷики муқими Бишкек мегӯяд, “ин як дардест, ки солҳо боз аксари расонаҳои Русия ба он гирифторанд.”

Рӯзноманигори тоҷик афзуд, даҳ сол пеш ҳам ин тамоюл буд, ки расонаҳои русӣ ба кори хуби муҳоҷирон таваҷҷӯҳ намекарданд, вале аз хурдтарин кори бади онҳо ҳангома месозанд.

“Ин бисёр мушкили ҷиддӣ аст, ки матбуот нафрат бармеангезад. Ҳоло дигар гуруҳҳои зиёди муҳоҷирбадбин пайдо шудаанд, ки барои сахттар кардани кору зиндагии муҳоҷирон шиор медиҳанд. Мисоли охирон дар Ёқутистон буд, ки мавҷи эътирози зидди муҳоҷиронро бедор кард”, -- гуфт Марат Мамадшоев.

"Борҳо эътироз кардем. Бенатиҷа"

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

​Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, борҳо аз чунин амалкарди расонаҳои русӣ эътироз кардаанд, вале бенатиҷа. Ӯ гуфт, боре дар матбуот хабаре пайдо шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҷинояти сангине содир кардааст, вале таҳқиқ нишон дод, ки ӯ аз Тоҷикистон нест.

“Занг задем, ки ислоҳ кунанд. Вале онҳо бе он ки хато кардаанд, хабар навиштанд, ки “тоҷиктабори зодаи Узбекистон” ҷиноят содир кардааст”.

Ба гуфтаи ӯ, дар дигар ҷой як ҷавони тоҷик се нафарро аз сӯхтор наҷот дод ва худаш ҳалок шуд, аммо ҳеҷ расонае аз ин қаҳрамонии ҷавони тоҷик нанавишт.

Ҳудуди як миллион нафар аз шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва як замон сиёсатмадорони Русия онҳоро "хатари хазандае" барои амнияти кишварашон номидаанд. Ба дунболи сиёстмадорон матбуоти Русия, чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ вожаҳои "муҳоҷир" ва "тоҷик"-ро дар сархатти хабарҳои ҷиноӣ ҷой медиҳад.

XS
SM
MD
LG