Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 75 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро ихроҷ кард. САДО


Додгоҳи вилояти Астрахани Русия 75 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро бо ҷурми нақзи қоидаи будубош дар ин кишвар ҷарима ва ихроҷ кардааст. Сарвар Бахтӣ – сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав – рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳи ҳамаи онҳо ҳадди ақал барои се сол ба Русия баста шуд. Аз ин пеш, Русия 30 нафари дигарро "депорт" карда буд.

Русия 75 муҳоҷири тоҷикро ҷарима ва ихроҷ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим

Вазъият мушкил аст. Ғизо аз ҳисоби худи муҳоҷирон аст. Ҳар нафаре, ки пул надорад, аз дигарон кумак мегирад. Бисёриҳо бепул ҳастанд, гушнаву ташна.

Ин гуруҳи муҳоҷирон аз 2 то 8-уми ноябр дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Астрахан аз қатори Маскав – Душанбе берун оварда шуданд. Сухангӯи сафорат гуфт, муҳоҷирони тоҷик баъд аз эълони қарори додгоҳ ва ҷаримабандӣ аз боздошт раҳо гардида, аз тарафи намояндагони Тоҷикистон шоми 9-уми ноябр тариқи қатор ба Душанбе фиристода шуданд.

Ӯ гуфт, "тавре медонед, як ҳайат аз намояндагони мо дар Астрахан машғули ҳалли масъала буданд, то мушкили муҳоҷирон тӯлонӣ нашавад. Дишаб қатори навбатӣ омад ва 75 шаҳрванди мо ройгон ё бепул ба он савор карда шуданд. Ҳамонгунае, ки қаблан ваъда шуда буд. Онҳо аллакай ба роҳ баромаданд. Ҳоло даҳ шаҳрванди дигари мо дар боздошт ҳастанд. Интизор меравад, қарор нисбат ба онҳо имрӯз содир шавад."

Дар гузашта дар бораи боздошти беш аз 150 муҳоҷири тоҷик дар истгоҳи Оқсарой сухан мерафт. Сарвар Бахтӣ гуфт, бино ба рӯйхати расмие, ки ба онҳо пешниҳод кардааст, то рӯзи 8-уми ноябр 116 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

"Ба сабаби онки иттилои дақиқ набуд, гоҳе дар бораи боздошти 130, 150 ва ҳатто 180 нафар гузориш мешуд. Маълум гардид, ки дар қатори шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо тан аз шаҳрвандони Узбакистону Қирғизистон низ барои нақзи қоидаи будубош аз қаторҳо берун оварда шудаанд", - афзуд ӯ.

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Феълан тамоси телефонӣ бо худи муҳоҷирон, ки давоми як ҳафта дар боздошт буда, ба гуфтаи Сарвар Бахтӣ, ҳоло ба роҳ баромадаанд, барқарор нашудааст. Аммо қаблан баъзе аз акси онҳо ба даст Радиои Озодӣ расид, ки дар шароити баде нигоҳдорӣ мешаванд. Собир Латифов, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик, низ рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вазъи нигоҳдории онҳо хеле вахим аст ва ҳатто ҷойи хоб надоранд.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, “вазъият мушкил аст. Ғизо аз ҳисоби худи муҳоҷирон аст. Ҳар нафаре, ки пул надорад, аз дигарон кумак мегирад. Бисёриҳо бепул ҳастанд, гушнаву ташна.”

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ирсоли ёддошт аз Вазорати умури хориҷии Русия хоста буд, фаврӣ ба ин мушкил расидагӣ кунад. Инчунин, сафорат хоста буд, ки ҷониби Русия боздошти дастҷамъии муҳоҷиронро шарҳ бидиҳад. Зоҳиран то ҳол мақомоти Русия ба ин ёддошти Тоҷикистон ҷавобе надодаанд ва маълум нест, “шикори” якбораи муҳоҷирон дар қатори роҳи оҳан чист.

Бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон, ҳар сол дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор афроди қобили кор аз Тоҷикистон ба Русия рафта, тирамоҳ бармегарданд. Роҳи маъмулии бозгашти муҳоҷирон – аз тариқи ҳавопаймо буда, бархе бо сабаби камии даромадашон тасмим мегиранд тавассути қатор ва автобус ба ватан баргарданд. Дар фасли тирамоҳ, ки мавсими баргашти муҳоҷирон ба ватан аст нархи чиптаи ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон гарон шуда, барои аксар муҳоҷирон дастнорас мешавад.

Ахиран масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 9 моҳ тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофирро ба манзил расондаанд, ки дар муқоиса ба 3 соли пеш се баробар бештар аст. Дар гузашта бинобар мушкилоти роҳ, хусусан дар марзи Узбакистон ва Русия, мусофирон аз сафар бо қатор парҳез мекарданд.

XS
SM
MD
LG