Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Х.Холиқназаров: "СҲШ дар оянда сарнавишти ҷаҳонро ҳал мекунад"


Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой тадриҷан ба нерӯе табдил меёбад, ки сарнавишти ҷаҳонро ҳал мекунад.

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки рӯзи 5 август дар як мизи гирд сӯҳбат мекард, гуфт, пас аз соли 2005, замоне, ки мавқеи СҲШ дар минтақа мустаҳкам шуд, хоҳишмандони ба даст овардани узвияти он афзуданд, соли 2007 амрикоиҳо чанд маротиба ба Пекин сафар карда, ҳатто хостори ба даст овардани мавқеи нозирӣ дар ин созмон шуданд: «Ба ҳар ҳол, далелҳо хуб бозгӯӣ мекунанд, ки обрӯи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой боло рафт ва ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехостанд нозири он бошанд. Ҳоло музокироти пайваста сурат мегиранд, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб карда шаванд. Ин далели он аст, ки Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯз ба рӯз дар сиёсати байнулмилалӣ, дар геополитика нерӯ мегирад ва ба ин васила ба он созмони қавӣ табдил меёбад, ки дар оянда сарнавишти ҷаҳонро ҳал мекунад.»

Худойбердӣ Холиқназаров
Худойбердӣ Холиқназаров

Холиқназаров дар ҳоле аз СҲШ ситоиш кард, ки рӯзҳои 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узв, кишварҳои нозир ва шарикони муколамааш, дар умум 15 кишвар ва 4 созмони ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Ин созмон давоми мантиқии гурӯҳи «4 +1» аст. Соли 1995 чор кишвари собиқ Шӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз як сӯ ва Чин аз сӯи дигар ба хотири ҳалли баҳсҳои марзии аз 200 соли пеш боқимонда, сари мизи музокирот нишастанд. «4 +1» соли 1996 дар шаҳри Шонгҳойи Чин ба «Панҷгонаи Шонгҳой» ва 15 июни соли 2001 бо ҳамроҳ шудани Узбакистон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой табдил ёфт.

Аввалин санаде, ки СҲШ имзо кард, Эъломияи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ном дошт ва онҷо ин нукта ҳам зикр шуд, ки вазифаи аввалиндараҷааш, таъмини амният дар минтақа хоҳад буд. Соли 2004 дар созмон Сохтори минтақаии зиддитеррористӣ ҳам бо марказаш дар Тошканд фаъол шуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои амниятии кишварҳои узвро ба зимма дорад. Бино ба иттилои Худойбердӣ Холиқназаров, тайи даҳ соли ахир мақомоти амниятии кишварҳои узви СҲШ беш аз 1000 амали террористиро ошкор ва ҷилавгирӣ кардаанд, ки аз ин 500 амалиёти терористӣ дар ҷойҳои серодам ба нақша гирифта шуда буд. Бар пояи иттилои муштарак, 480 пойгоҳи террористӣ ва 2615 ҷангӣ нобуду боздошт, 6 ҳазор силоҳ ва беш аз 1 миллион ҷангафзор мусодира шудаанд.

Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, тарҳҳоти иқтисодие, назири роҳҳову лӯлаи газ ва хатҳои баландшиддати барқ дар доираи ин созмон амалӣ шудаанд. Соли 2005 Чин барои аъзои созмон 900 миллион доллар ихтисос дод. Тоҷикистон бо пешниҳоди 60 тарҳ 680 миллион доллари ин маблағро аз худ кард. Ин қарзи дарозмуддат то 40 сол буда, солона 2 дарсад судро ташкил медиҳад.

Умед Давлатзода
Умед Давлатзода

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин маблағҳо барои роҳандозии ду аз се ҳадафи стратегӣ – баромадан аз бунбасти нақлиётӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ кӯмак карданд. То соли 2009 роҳҳои асосии кишвар, аз ҷумла Душанбе – Чаноқ, сохта шуданд. Пас аз хуруҷи Узбакистон аз низоми ягонаи барқии минтақа хатти 500 - волтаи «Ҷануб - Шимол» низ бо ин маблағ сохта шуд.

Умеди Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт: «Дар посух ба ин суол, ки СҲШ чӣ қадар барои Тоҷикистон муҳим аст, танҳо як рақамро меорам: дар нимаи аввали соли 2014 саҳми 5 кишвари узви ин созмон дар гардиши моли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз нисф зиёд аст. Мо бо 150 кишвари ҷаҳон додугирифти тиҷоратӣ дорем. 50 дарсади ин ҳаҷм ба кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рост меояд. Ин худ далели он аст, ки ин паҳно то куҷо ба ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии мо муҳим аст.»

Дар ҳошияи ин ситоишҳо, коршиносон бар ин ҳам ишорат мекунанд, ки ба истилоҳ, «ҳанӯз як гул аз сад гул» - и СҲШ нашукуфтааст. Ба қавли онҳо, ин созмон ҳатто дар иҷрои вазифаи аввалиндараҷааш – таъмини амният дар минтақа мушкил дорад. Далели онҳо ҳам ин аст, ки маркази Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар Тошканд ҷойгир аст, аммо Узбакистон дар размоишҳои ин сохтор соли гузашта дар Қазоқистон ва имсол дар Чин ширкат надошт.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, сарвари маркази таҳқиқотии «Шарқ» мегӯяд, тарҳҳои иқтисодии созмон ҳам асосан дуҷониба иҷро мешаванд, на бар асоси тавофуқи ҳамаи ҷонибҳо: «Масалан, ташаббуси Чин дар бораи роҳандозии Бонки СҲШ дастгирӣ наёфт. Чин омода аст 10 миллиард доллар онро сармоягузорӣ кунад. Русия мувофиқ нест, зеро мушкили молиявӣ дорад. Ё дар масъалаи лӯлаҳои газ, ки аз Туркманистону Узбакистон ва Қазоқистон мегузаранд, Русия мухолиф аст. Ин лӯлаҳо ба лӯлаҳои Русия рақобат эҷод мекунанд.»

Коршиносон мушкили умдаи СҲШ-ро маҳз аз бархӯрди манофеи ду кишвари муҳими он – Русия ва Чин вобаста медонанд, бахусус, пас аз он, ки аз соли оянда кишварҳои нав узвияти онро ба даст хоҳанд овард, онҳо низ таҳти нуфузи яке аз онҳо метавонанд раванд ва ин ҳол вазни яке аз паллаҳои тарозуро вазнин мекунад.

XS
SM
MD
LG