Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кӯли Сарез камераҳои назоратӣ насб мекунанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои назорати вазъи дарёчаи Сарез, дар атрофи ин кӯл камераҳо насб мекунанд. Ин камераҳо аз Душанбе назорат хоҳанд шуд.

Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки барои назорати вазъи кӯли Сарез камераҳо насб хоҳад шуд ва онро аз Душанбе контрол хоҳанд кард. Ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳимов, ин таҷҳизот аз берун ворид карда мешаванд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки кӯли Сарез бар асари офатҳои табии соли гузашта зарари ҷиддӣ надидааст.

Кӯли Сарез зарари ҷиддӣ надидааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Аз ин қабл, Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илҳои Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ бо ишора ба асароти заминларзаҳо ба кӯли Сарез гуфт, ки "Сарез то кунун ҳеч осеб надидааст ва бо чунин нерӯе, ки замин дар Тоҷикистон меҷунбад, аслан зиён нахоҳад дид."

Мавзӯи кӯли Сарез пас аз заминларзаи рӯзи ҳафтуми декабри соли гузашта дар сархати расонаҳо қарор гирифт ва нигаронии баъзе аз сокинонро ба бор овард. Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, заминларзаи рӯзи 7-уми декабр дар 22-километрии кӯли мазкур рух дода, иқтидораш ба 5-6 дараҷаи Рихтер баробар будааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон он замон гуфт, дар натиҷаи ин зилзилаи шадид ва сангрезии атрофи рӯдхонаи пурхатар дар водии Бартанг, сатҳи оби кӯли маснӯии тобистони имсол дар пайи обхезиҳо ташкилшуда низ то 5 сантиметр боло рафтааст.

Бархе аз сокинони Рӯшон пас аз зилзилаи рӯзи 7-уми декабр гуфтанд, ки овозаи зарар дидани кӯли Сарез онҳоро ба изтироб овардааст ва аксари мардум аз тарси он, ки кӯл мабодо рахна нашавад, шабро дар берун аз хонаҳояшон рӯз карданд. Мақомоти Бадахшон гуфтанд, деҳаҳое, ки дар гирду атрофи кӯли Сарез мавҷуданд, хисороти хеле ҷиддӣ дидаанд. Манзилҳо, мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ хароб гардидаанд.

Сарез соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, 17 миллиард метри мукааб об дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар сурати рахнашавии оби Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони дигар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯбарӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG