Аз ин баъд афроде, ки бидуни барнома ва ё ҷои кори мушаххас азми сафар ба хориҷро доранд, аз ҷониби мақомот мавриди пурсиш қарор мегиранд, то маълум шавад, ки ҳадаф аз баромадани онҳо аз қаламрави кишвар чист.
Махсусан онҳое бояд мавриди пурсиш қарор бигиранд, ки хонаводагӣ ё якҷо бо оилаи худ аз ватан берун мераванд. Онҳо бояд собит кунанд, ки бо чӣ ҳадаф аз кишвар берун мешаванд. Масъулияти пурсиши афроди машкук бар дӯши ҷамотҳо дар маҳал ва ниҳодҳои қудратӣ гузошта шуд.
Масъалаи ҳамоиши шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии ДОИШ ва ошкор кардани пайравону таблиғгарони ин гурӯҳ дар дохили кишвар, аз масоили муҳими Шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистонин ниҳод унвон мешавад, ки рӯзи панҷшанбеи 10-уми март дар Додситонии кулли Тоҷикистон баргузор шуд.
Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар навоҳӣ ва шаҳрҳо ҷавононе ҳастанд, ки мехоҳанд ҳамроҳи зану фарзандони худ ба Русия раванд ва масъулони ҷамоат дар маҳалҳо ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ муваззаф шуданд, ки ба таври фаврӣ ва бидуни сарусадо, бо онҳо сӯҳбат анҷом диҳанд ва дақиқ кунанд, ки сафари хонаводагӣ чӣ ҳадафро думбол мекунад. “Бисёр ҷавононе, ки ба Сурия рафтанд, бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ озими Русия шуданд ва аз онҷо бо таблиғи миёнаравҳо, ба Сурия рафтаанд” - гуфт сухангӯи Додситони кулл.
Дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсоз, дар баробари намояндагони ниҳодҳои қудратӣ, ҳамчунин намояндагони Вазорати маориф, Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва идораҳои дигар низ ҳузур доштанд ва аз онҳо низ дар ин росто даъват карда шуд, ки дар амри ҷилавгирӣ аз сафари ҷавонон ба Сурия, мусоидат кунанд.
Муҳаммадризо Халифазода гуфт, ки мақомоти қудратӣ аз сафари 34 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ ҷилавгирӣ кардаанд ва беш аз 140 тани дигар, ки бо ДОИШ ҳамкорӣ доштанд, аз Сурия, Русия, Қирғизистон ва давлатҳои дигар ба Тоҷикистон баргаштанд. Ба гуфтаи сухангӯи Додситонии кулл, "аксари онҳо афродеанд, ки аз карда пушаймон буданд ва мақомоти кишвар барои бозгардонидани онҳо мусоидат кардаанд."
Мақомоти Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҳамоиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳукуматҳои маҳалливу марказиро аз поён то ба боло басиҷ карда, зоҳиран шабакаеро сохтааст, ки ҳалқаҳои он аз ҳар шакку шубҳаи худ дар робита ба ақидаву гароиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳои хатарнок, ба якдигар гузориш медиҳанд. Рӯҳониён дар масоҷид ва раҳбарони ҷамоатҳҳои маҳаллӣ аз пешсафони тарғиботи алайҳи ДОИШ буда, масъулияти аслӣ, ки мақомот онро "корҳои фаҳмондадиҳӣ" меноманд, бар дӯши ҳамин ду гурӯҳҳо гузошта шудааст.
Тибқи маълумоти тоза, ки ду моҳи пеш аз забони раиси ҷумҳури Тоҷикистон садо дод, беш аз 1000 нафар шаҳрванди кишвар ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шудаанд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки садҳо нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта шудаанд.
Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон инчунин ба гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон, ба мисли "Ансоруллоҳ" ва "Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шудаанд. Дар бораи теъдоди онҳо маълумоти дақиқ дастрас нест. Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки бинобар байъат байни гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, ҳоло гуфтан душвор аст, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷангии кадом гурӯҳ ҳастанд.