Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси гарми мақомот: Фасод дар Тоҷикистон аз куҷо об мехӯрад?


Ҳусейн Сайфиддинов
Ҳусейн Сайфиддинов

Нишасти мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе ба баҳси шадид миёни мақомоти қудратӣ табдил ёфт.

Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар нишасти «Масоили рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар самти муқовимат бо коррупсия» бо изҳори ноқаноатмандӣ аз ҷараёни мубориза бо фасод ва ришва созмонҳои ҷамъиятиро ба ҳамкорӣ даъват карданд.

Ҳусейн Сайфиддинов, мушовири президенти Тоҷикистон ва дабири Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия зимни ибрози назар дар ҳамоиши «Масоили рушди ҳамкории иҷтимоӣ дар самти муқовимат бо коррупсия» рӯзи сешанбеи 2-юми июл гуфт, бинобар камрангии ҳамкориҳои созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ мубориза бо фасод дар Тоҷикистон то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодааст.


Мақомот: Мубориза бо фасод бештар дар рӯи қоғаз аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Сайфиддинов ҳамчунин афзуд, муҷозот ва маҳкама кашидан барои фасодкорӣ боиси он шудааст, ки ин тамоюл рӯ ба зери соя биорад. Ҷаноби Сайфиддинов ҳамчунин гуфт, «масъалаи фасод ҷиддӣ аст, зеро буду боши давлату миллат, пешрафти иқтисод ва зиндагии мардум аз гирифтани пеши роҳи омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия вобасата аст. Агар ин корро мо дар ҳамабастагӣ ба роҳ монда натавонем, танҳо бо роҳи боздошту ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мушкилоти коррупсияро бартараф кардан наметавонем.»

Ҳусейн Сайфиддинов бо ёдоварӣ аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия ва баҳогузорӣ аз фаъолияти Оҷонсии зидди фасоди кишвар беш аз 90 дарсади кормандони ин ниҳодро масъулиятшинос хонд.

Аммо сардори раёсати амнияти вазорати умури дохила (ВУД) Раҳмон Давлатов нисбат ба фаъолияти Ожонси зидди фасоди кишвар изҳори норозигӣ намуда, таъкид кард, ки кормандони ин ниҳод дар бархе ҳолатҳо худ даст ба фасод мезананд ва шояд танҳо 5 дарсади онҳо вазифаҳои худро содиқона анҷом диҳанд.

Ба гунаи мисол,
Раҳмон Давлатов
Раҳмон Давлатов
гуфт,вақте кормандони Оҷонсии зидди фасод аз даст доштани Баҳром Шокиров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба вазорати умури дохила хабар дода ва барои боздошти ӯ ба ҳамкорӣ даъват карданд, вазорат пас аз исбот шудани ҷурм ӯро аз вазифа барканор кард.Аммо пас ним сол ин Оҷонсӣ ӯро ба вазифаи муовини раиси шӯъбаи коррупсия таъин кард.

Ӯ афзуд, «мо ба наздики рейдҳои муштарак барои мошинҳои сиёҳшиша ва ғайримақсаднок истифода бурдани мошинҳои хидматӣ анҷом додем ва корманди оҷонсиро манъ кардем.Ӯ талони махсуси Вазорати умури дохилиро нишон дод, ки ин талон аслан ба шишаҳои сиёҳ рабт надошт. Зеро қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон мавҷуд аст, ки барои дарёфти иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои мошин 1000 доллар бояд супурда ва он ба ҳисоби НБО Роғун гузаронида шавад. Аммо ин корманд тамоман итоат накард ва ба раҳбарияташ занг зад. Протокол то ҳоло дар дасти мост ва маблағ то ҳанӯз супорида нашудааст. Танҳо ба хотири он ки ӯ корманди оҷонсии коррупсия будааст. Шумо мегӯед, қонунҳо қабул шудаанд, аммо иҷрои ин қонунҳо танҳо дар рӯи қоғаз мемонанд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, онҳо садҳо ҳамин гуна далелҳоро дар нисбати маъмурони Оҷонсӣ дар даст доранд, ва чунин наҳва муборизаро алайҳи ришваву фасод дар Тоҷикистон номумкин месозад.

Дар навбати худ, Ҳусейн Сайфиддинов, мушовири президенти Тоҷикистон ва дабири Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия аз вуҷуди чунин амалкард дар миёни маъмурони оҷонсии мазкур изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ҳатман ин далелҳоро таҳқиқ ва дар сатҳи раисиҷумҳур баррасӣ хоҳанд кард.

Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест,ки коррупсия як бахши низоми идоракунии давлатиро ташкил медиҳад.Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо Коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасод таъсис дод. Аммо ҳарчанд мақомоти расмии кишвар натиҷаи муборизаи худро муассир нишон медиҳанд, вале ба навиштаи созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон натавонистааст дар ин амр пешрафти чашмгир кунад.


Ҳамзамон гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ аз вуҷуди густурдаи фасод ва коррупсия дар Тоҷикистон ҳикоят мекунанд ва аз ҷумла маҷаллаи Forbes дар гузориши моҳи ноябри соли 2012-и худ таҳти унвони "Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ", Тоҷикистонро дар миёни 141 давлати дунё аз нигоҳи фасод, дар зинаи 128-ум ҷой дода буд.

Акбар Абдулло, раиси Маркази тарғиб ва ташакули маърифати зидди коррупсионӣ мегӯяд,«барои қиёс бояд бигӯям, ки баъди баҳогузории созмони Transparency International дар ҷамъбасти соли 2012 Тоҷикистон дар байни 176 давлат дар мақоми 157 ҷой дорад. Ин дар кадом поя қарор доштани коррупсияро дар кишвар нишон медиҳад. Дар Шӯрои муқовимат бо коррупсия аксар роҳбарони якуми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ шомил гардидаанд.Дар ҳоле, ки онҳо барои саҳмгузор будан дар кори ин Шӯро вақт ҳам надоранд.Беҳтар мебуд, агар ба ҷойи онҳо созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дохил кунанд, то фаъолияти шӯро муассир шавад.»

Бо ин ҳама гуфта мешавад, коррупсия дар Тоҷикистон то ҳадде реша давондааст, ки сокинони кишвар бидуни ришва кореро анҷом додан наметавонанд. Бино ба таҳлилҳои Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ҳарчанд қисми бештари мардум ба амали коррупсионӣ зид бошанд ҳам, аммо дар ҳолати зӯромад дар чунин додугирифти ғайриқонунӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG