Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ дар иртибот ба садама бо ширкати Расули Амонулло гуфт, ки "нисбати ин ҳодиса бо модаи 212 парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад."
Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки Расули Амонуллоҳ дар ҷараёни тафтишот бидуни ҳеҷ гуна саркашӣ ширкат мекунад.
Бо гузашти беш аз 4 моҳ аз садамаи нақлиётии пурсару садои шаби 9-уми октябр, ки 3 нафарро кушта ва 3 нафари дигарро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт, танҳо модари Расули Амонуллоҳи 16-сол, барои вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар бо маблағи 120 сомонӣ ҷарима шудааст. Аммо ин ҷазо танҳо барои аз тарбият дур мондани писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рабт дода мешавад.
Дар садамае, ки шаби 9-уми октябр дар маркази Душанбе рух дод ва имрӯз ба номи Расули Амонуллоҳ рақам зада мешавад, се нафар -- Аловуддин Саидов, Сурайё Исмоилова ва Уктам Мансуров ба ҳалокат расида, се нафари дигар шадидан маҷруҳ шуданд.
Боздошти беш аз 100 тан ба иттиҳоми узвияти гурӯҳҳои мамнӯъ
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар соли гузашта нисбати соли қаблӣ зиёд шуда ва даҳҳо тан аз аъзои гурӯҳҳои мамнӯъ боздошт шудааст. Абдураҳмон Бузмаков, муовини авали вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар як соли ахир «48 нафар ба иттиҳоми аъзогӣ ба гурӯҳҳои ташкилотҳои террористӣ, 31 нафар аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, 17 нафар аъзои ҳаракати «Ансоруллоҳ» ва 6 нафар аъзои гурӯҳи Абдулло Раҳимов, ки 12 ҷиноят содир кардаанд, дастгир шудаанд.»
Абдураҳмон Бузмаков гуфт, ки соли гузашта 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 118 нафар муайян ва дастгир шудаанд, ки дар содир намудани беш аз 90 ҷинояти махсусан вазнин, аз ҷумла ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитӣ, ташкили иттиҳодияҳои ҷиноӣ, террористӣ, ва ғайра даст доштаанд.
Ба гуфтаи Абдураҳим Бузмаков, дар соли 2013 дар Тоҷикистон 18 336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 1743 ҷиноят зиёд аст. Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87 дарсадро ташкил мекунад.
Дар умум, аз 3111 ҷинояти вазнин, аз ҷумла куштор - 112, роҳзанӣ 48, ғоратгарӣ – 170, таҷовуз ба номус 51, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 107, авбошӣ 1227, қаллобӣ 2209, дуздӣ 3624 ҳолатро ташкил мекунад.
Муовини вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон дар мактабу омӯзишгоҳҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, ҳануз ҳам қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» пурра иҷро намешавад. Бузмаков афзуд: «дар соли 2013 ҷинояткорӣ нисбати соли 2012 байни ноболиғон 81 ҳолат ва миёни ҷавонон 203 ҳолат афзудааст. Барои риоя накардани қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» нисбати 6300 волидайн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда ба судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ирсол карда шудааст. Аз ин миқдор 5494 нафар бо маблағи беш аз 228 ҳазор сомонӣ ҷарима ва нисбати 437 нафар огаҳӣ дода шуд».
Муҷозоти 4 нафар дар робита ба марги Умедҷон Тоҷиев
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки вобаста ба марги Умедҷон Тоҷиев, чаҳор нафар кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара муҷозот шудаанд. Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷиистон рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, як нафар аз масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара аз вазифа барканор ва се нафари дигар танбеҳ гирифта ва огоҳонида шуданд. Ба ин далел, ҷаноби Бузмаков иддаоҳо дар бораи чора нандешидан нисбати ин қазияро рад кард.
Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ дар бемористони маҳбаси Хуҷанд ба таври мармуз даргузашт. Мақомоти ҲНИТ аз қавли вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев гуфтанд, ки пас аз боздошт дар идораи пулиси Исфара, ӯро шадидан латту кӯб карданд ва боз барои ба гардан гирифтани гуноҳ ба ӯ барқ задаанд ва ин ҳама ба қалбаш таъсир кардааст, ки ниҳоят якбора дилаш аз задан мондааст.
Ба ҷавобгарӣ кашида шудани кормандони пулис
Абдураҳмон Бузмаков зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 20013 мизони қонунвайронкунӣ тавассути кормандони ин сохтор коҳиш ёфтааст. Ҷаноби Бузмаков афзуд, дар соли 2013, 50 нафар аз кормандони вазорати корҳои дохилӣ барои қонунвайронкунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Бузмаков, "ин рақам дар соли 2012, 72 нафарро ташкил додааст."
Аммо муовини аввали вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки дар ин давра нисбати кормандони пулис шикояте нашудааст, баръакс 11 мавриди паст задани шаъну эътибори кормандони милиса сабт гардидааст.
Дар дуздии мошинҳо шаҳрвандони Тоҷикистон даст надоранд
Абдураҳмон Бузмаков дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди дуздии мошинҳо аз Олмон гуфт, ки 127 адад мошинҳои дуздӣ ошкор шуданд, ки 57 адади он ба Олмон марбут мегирад, аммо ин мошинҳо то ба Тоҷикистон расидан, аз чандин кишвар мегузарад.
Ба таъкиди ҷаноби Бузмаков, шаҳрвандони Тоҷикистон дар дуздии мошинҳо даст надоранд ва иддаоҳо дар ин замина асосе надоранд. Ҳатто ҷаноби Бузмаков афзуд, ки ба ҷониби Тоҷикистон дар маврид дуздии мошинҳо аз ҳеҷ кишваре, ҳатто аз Олмон муроҷиат нашудааст ва бо ҷониби Олмон шартномаи ҳамкорӣ таҳия гардидааст, вале муддати як сол боз ин санад имзо нашудааст.
Боздошти 11 ҷинотякор тариқи Интерпол
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2013, дар сатҳи байналмилаӣ 11 ҷинояткор, бо дархости Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки 10 нафари онҳо дар Русия ва 1 нафар дар Италия."
Ба гуфтаи ҷаноби Бузмаков, ин афрод ҷиноятҳои вазнин, назири куштор, таҷовуз ба номус ва дигар ҷиноятҳоро анҷом дода ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд.
Аз Сабина ва Малика хабаре нест
Абдураҳмон Бузмаков дар иртибот ба ҳодисаи бедарак шудани Малика ва Сабина Араловаҳо гуфт, ки "тафтишот фарзияҳое дар ин маврид дар даст дорад ва сари он фаъолият бурда истодаанд."
Ба таъкиди ҷаноби Бузмаков, "чун сирри тафтишот аст, ба ин далел фарзияҳоро номбар намекунем, аммо гуфта наметавонем, ки имрӯз ё пагоҳ ва ё дар муддати як ҳафта ҷиноят ошкор хоҳад шуд. Чун тафтишот идома дорад."
Зимнан, ба иттилои муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар як соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон 614 ҳодисаи ғайб ё бедарак шудани шаҳрвандон ба қайд гирфта шудааст.
"Вазъи марз ором аст"
Абдураҳмон Бузмаковвазъият дар марзи ин кишвар бо Қирғизистонро ором хонд. Ба гуфтаи ҷаноби Бузмаков, "вазъ дар минтақаи баҳси ахир ором аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳамбастагӣ фаъолият доранд ва то кунун ҳеҷ гуна ҳодисае рух надодааст."