Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 22-юми декабр 16-умин паёмаш порлумони кишварро ироа кард. Зимни ироаи паёми, ки беш аз ду соат идома кард, аз бӯҳрони бонкҳо, маҳсулоти пастсифати бозорҳо, чолишҳои амниятӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ва масоили дигар сӯҳбат кард.
Коршиносон мегӯянд, дар сӯҳбатҳои президент бояд амиқтар ба мушкили мубориза бо фасод ва ҳам пастравии нишондодҳои демократӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешуд.
Ба таъкиди афроде, ки паёми имсолаи раиси ҷумҳурро пайгирӣ карданд, Эмомалӣ Раҳмон имсол бештар рӯи масъалаи амнияти минтақа, мушкили бонкҳо, соҳибкорӣ, ворид шудани маҳсулоти пастсифат ва мушкили фасод, зиёдтар сӯҳбат кард.
"Дастур барои наҷоти ҳарчи зудтари ду бонки низомсоз"
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар барномаи таҷдиди ду бонк -- "Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк"-ро таҳия кунад. Раисиҷумҳур системаи феълии низоми бонкӣ дар кишварро тормози асосӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар низоми бонкии Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, баъди сармоягузории ду бонки низомсоз аз ҷониби давлат, як қатор корҳо анҷом шуда, як қисми пасандози муштариён баргардонда шуд. Аммо ба қавли раисҷумҳур, корҳои анҷомёфта кофӣ нестанд ва ҳукумат бояд нақшаи таҷдиди "Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк"-ро дар мӯҳлати кӯтоҳ таҳия кунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми пасандози муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ 9 миллиард сомонро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5 дарсад камтар мебошад.
Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз низоми бонкдории кишвар дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир баъди шурӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва таъсири он ба даромади муҳоҷирони корӣ ва пули интиқолии онҳо ба Тоҷикистон, бонкҳо ба мушкили пардохтпазирӣ рӯбарӯ шуданд.
Моратория санҷиши фаъолияти соҳибкорон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз санҷишҳои мукаррари ниҳодҳои давлатӣ дар нисбати соҳибкорон ибрози нигаронӣ карда ва гуфт, ки барои ду сол дар ин замина моратория эълон карда шавад.
Вай дар ин замин афзуд, ба ҷуз аз санҷишҳои нақшавӣ, ки аз ҷониби Додситонии кулл, Палатаи ҳисоб ва Оҷонсии зидди фасод анҷом дода мешавад, дигар дар нисбати ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар ду соли оянда, моратория эълон шавад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, тибқи таҳлилҳо, дар соли равон нисбат ба ҳар шахси ҳуқуқӣ 5 санҷиш анҷом шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз ин қабл низ аз мақомоти кишвар хоста буд, ки аз дахолат ба кори соҳибкорон даст бардоранд. Ӯ тафтишҳои пайваста ва санҷишҳои бидуни асоси фаъолияти соҳибкорон ва, инчунин, фоизҳои баланди қарзи бонкиро аз мониаҳои рушди иқтисод дар кишвар гуфта буд.
Оқои Раҳмон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи даҳҳо соҳибкор ва молики корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорон дар Душанбе гуфта буд, ки "ҳанӯз дахолати мақомоти санҷишу назорат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ зиёд ба назар мерасад, ки ин боис ба нигаронист."
Интиқод аз ворид кардани маҳсулоти пастсифат аз хориҷ
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти тафтишотии кишвар барои назорати суст дар роҳи ворид ва паҳн шудани маҳсулоти пастсифат шадидан интиқод кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар сохтору мақомоти назораткунандаи давлатӣ беш аз 5 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд, аммо бо ин вуҷуд маҳсулоти пастсифат аз хориҷ ба кишвар ворид мешавад.
“Имрӯз худашон тариқи телевизион нишон дода истодаанд, ки дар ин амбор маҳсулоти пастсифат пайдо шуд. Ки инро иҷоза дод, ки ба кишвар ворид шавад? “Вақте, ки маълумотҳо дастрас шуданд, баъдан корҳои санҷишӣ фаъолона мисли мавсимӣ оғоз шуда, ҳама ин масъаларо қапиданд, гӯё нав бедор шуда, ин масъаларо диданд. Онҳоро кӣ иҷоза дод, худи онҳо.”
Раисҷумҳур ҳамчунин аз ҳалокати як сокини ноҳияи Восеъ ва заҳролуд шудани як оила дар пайи хӯрдани ҳасиб ёддовар шуд ва пурсид кард, ки кӣ ҷавоби онро медиҳад?
Чанд рӯз қабл чаҳор узви як хонавода дар деҳаи Кадучуии ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда, яке аз кӯдакон - Умаралӣ Давлатови 3-сола ба ҳалокат расид.
Чархаи аввали "Роғун" ба кор медарояд
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт, ки Тоҷикистон дар се соли оянда ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт. Ӯ аз рушди бахши энержӣ дар кишвар қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки ҳукумат тавонист аҳолиро дар давраи тирамоҳ ва зимистон ба нерӯи барқ таъмин кард. Ӯ ҳамзамон аз мардум даъват кард, ки нерӯи барқро сарфа намоянд.
Оқои Раҳмон хабар дод, ки соли 2018 нахустин чархаи нерӯгоҳи барқӣ - "Роғун" маврид истифода қарор мегирад. Вай гуфт, дар соли 2017 барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҷудо шуд ва қарор аст дар соли 2018 қариб 5 миллиард сомонӣ ҷудо гардад.
Эмомалӣ Раҳмон: "Ҷуғрофиёи нооромиҳо тағйир кардааст"
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, ки ҷуғрофиёи нооромиҳо дар ҷаҳон торафт васеъ мегардад ва нишонаҳои нави ҷанги сард дар ҷаҳон, Тоҷикистонро низ нигарон кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми декабр дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ гуфт, ки дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, паёдашавии нишонаҳои марҳилаи нави ҷанги сард боиси нигаронӣ мебошад. Вай афзуд, идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқтар гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисоди амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар паёмаш оид ба масъалаҳои муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ин ҳамкориҳо бояд бештар вусъат ёфта, рафтуомади одамон ва захираҳои меҳнатӣ осонтар шавад. “Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориамонро дар соҳаи амният тақвият бахшида, якҷоя бар зидди хатарҳои муосир истодагарӣ намоем. Ҳамкории созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳама халқҳову минтақаҳои Осиёи Марказӣ мебошад,”-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар сиёсати хориҷии кишвараш ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти стратегӣ дорад. Вай ҳамчунин афзуд, Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиё аст. Оқои Раҳмон гуфт, ки равобит бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар сиёсати ҷаҳонии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад.
Нуктаҳои дигар муҳими паёми Президент инҳо эълони соли 2018 ҳамчун “"Соли рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", аз андоз озод кардани таҷҳизот барои соҳаи паррандапарварӣ ва дорусозӣ, зиёд шудани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, афзоиши фасод дар ниҳодҳои қудратӣ ва ғайра буданд.
“Тамаркуз бояд рӯи мушкили фасод мебуд”
Раисҷумҳур дар ҳоле аз вуҷуди чанд мушкил дар паёмаш ёдоварӣ шуд, ки ба гуфтаи коршиносон баъзе масъалаҳое аз суханронии Президент дур монданд ва ё ҳаддиақал ба таври зарурӣ баён нашуданд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, баъд аз паём як суол боқӣ монд, ки то куҷо равандҳое, ки дар паём ишора кард, амалӣ мешаванд? Чун элементҳои иҷрошавии ин мақсадҳо ба қавли ҷаноби Қодиров, дар паёми раисҷумҳур зикри худро наёфтанд.
Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, масъалаи асосие, ки бояд рӯйи он президент Эмомалӣ Раҳмон тамаркузи зиёд мекард, ин фасод ва ришвахорӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон буд.
“Раисҷумҳур дар бораи воридшавии маҳсулоти пастсифат ба бозор нигаронӣ карданд. Бубинед, агар ҳамон пора набошад, он маҳсулоти пастсифат ворид намешавад, Чун маҳсулоти пастсифтро аз тариқи додани пора ворид мекунанд. Баъдан мушкили дуюме, дар ин ҷода аст, набудани мутахассисони хуб дар соҳаи назорат аз болои сифат аст. Чун онҳо ба талабот ҷавобгӯ мебуданд, ин қадар маҳсулоти пастсифат фурӯхта намешуд. Яъне ё онҳо мутахассиси хуб нестанд ва ё гирифтори фасод ҳастанд. Варианти севвум вуҷуд надорад."
Абдумалик Қодиров мегӯяд, бисёр мехоҳад баъд аз паёми раисҷумҳур дар ҷомеа тағйироти куллӣ сурат бигирад. Аммо ба назари ҷаноби Қодиров, инро танҳо вақт нишон медиҳад, “чун бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.”
Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мисле ки имрӯз ба риояи қонуни танзим зиёд таваҷҷуҳ карда мешавад, бояд ба мубориза бо фасод чунин таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Дар он сурат ба таъкиди Абдумалик Қодиров, "мо метавонем фасодро барҳам дода, дигар соҳаҳоро пеш барем."
Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, паёми Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон дар шакли ҳисобот пешниҳод шуд ва дар пайи худ бисёр суолҳоро боқӣ гузошт. Ба қавли ҷаноби Ҳакимов, бояд дар паём дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зарурати таҳкими ниҳодҳои демократӣ ҳамчун механизми назорати мардум, махсус таъкид мешуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент, гурӯҳҳои вижа таъсис дода мешаванд, ки нукоти суханронии Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум шарҳ медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, аммо дар умум авзоъ тағйир намекунад.