Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи заминсозӣ изҳор доштааст, ки "дар кишвар гурӯҳҳои муташаккиле созмон ёфтаанд, ки бо ҳамкории масъулони давлатӣ ба тақсим ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд."
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки "баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ худсарона ба шаҳрвандон замин ҷудо кардаанд."
Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони Кумитаи заминсозӣ хостааст, аз иҷрои супоришҳои ғайриқонунии раисони ҳукумат дар минтақаҳо саркашӣ кунанд: «Беҳтараш вазифаро холӣ кунеду қонунро вайрон насозед. Ин ҷавобгарӣ дорад. Дар пушти панҷара миёни чор девор, не раиса мебинед, не амакиатонро. Шумо мемонеду сари қоқатон.»
Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки дар давоми солҳои 2007-2011 ва 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод 625 ҷиноят вобаста ба истифодаи ғайриқонунии замин ошкор карда шудааст.
Баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шароити камзаминии кишвар самаранокии истифодаи заминҳои мавҷударо мавриди интиқод қарор додаст: «Аз 4 миллиону 712 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии мамлакат танҳо 677 ҳазор гектари он заминҳои корам мебошанд.»
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Э.Раҳмон соли ҷорӣ дар миқёси кишвар 19 ҳазору 600 гектар замини корам, аз ҷумла 14 ҳазору 600 гектар замини обӣ бе кишт мондааст. Инчунин ба гуфтаи раисиҷумҳур танҳо дар аввали соли равон дар мамлакат 35 ҳазору 400 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Аз ҷумла 29 ҳазор гектар замини обӣ ҳамчун замини партов ба қайд гирифта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, аз масъулин хостааст, барои бартараф намудани камбудиҳои зикркардааш, чораҳои фаврӣ андешанд.