Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кул: "Қазияи Қувватов ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст"


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, то дарёфти иттилои расмӣ дар бораи раҳоии Умаралӣ Қувватов, аз маҳбаси Дубай қазияи ӯро намешавад ниҳоӣ гуфт.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба озодшавии соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов то ҳол ҳеҷ санади расмиро аз додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб дарёфт накардаст ва то замони расидани ин санад қазияи ӯро тамомшуда намеҳисобад.

Абдусамеъ Додобоев, сарвари Раёсати байнулмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Додситонии кул ба Радиои «Озодӣ» гуфт, тафсири қазияи мазкур ба зиммаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст, ки мустақиман парвандаро таҳқиқ мекунад.

Аммо, Бахтиёр Юсупов, сарвари Раёсати ҷиллавгирӣ аз коррупсияи Агентӣ мегӯяд, тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноӣ масъулияти тамоми истирдодҳо аз хориҷ ба Тоҷикистон ба зиммаи Додситонии кул аст ва тафсилоти парвандаи Умаралӣ Қувватов ҳам барои ҷомеа ошкор карда намешавад, чун сирри тафтишотист.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
Линки мустақим


Хабари аз маҳбаси Дубай озод шудани Қувватов, ки тибқи интизороти мақомоти Душанбе мебоист базудӣ ба Тоҷикистон истирдод мешуд, рӯзи гузашта аз тарафи наздиконаш пахш гашт. Умаралӣ Қувватов, собиқ мудири кулли ширкатҳои «Фароз» ва «Тоҷирон» аст, ки ба сирқати 6 миллион сомонӣ ё 1, 2 миллион доллар муттаҳам шудааст.

Қувватов 23 декабри соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Араб бо дастури Интерпол дастгир шуда буд. Манобеи наздик ба Умаралӣ Қувватов мегӯянд, ӯ ҳоло дар шаҳри Дубай, таҳти назорати кормандони амниятии ин кишвар аст ва азбаски рӯзи ҷумъа дар Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзи истироҳат аст, тамос бо ӯ низ имконнопазир шудааст.

Қувватов, ки ҳатто аз маҳбаси Дубай бо хабарнигорон пайваста дар тамос буд, аз дирӯз ба ин тараф садо баланд накардааст ва ҷойи буду бошаш низ махфӣ нигаҳ дошта мешавад. Наздикони ӯ мегӯянд, бо назардошти чанд ҳодисаи рабоиш ва иҷборан ба Тоҷикистон баргардонидани гумонбарони ҷиноят, мисли Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара, онҳо талош хоҳанд кард, ки Қувватов бидуни осеб ба ҷойи амн бирасад.
XS
SM
MD
LG