Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки шоҳиди ҳузури коргарон дар назди яке аз дафтарҳои “Фароз” дар шаҳри Душанбе шуданд, мегӯянд, чанд мошини милиса ҳам инҷо омаданд ва афсарони милиса аз коргарон хостаанд, ки пароканда шаванд.
Чаро коргарон эътироз карданд?
Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати “Фароз” хостааст, ки ҳар килои шираи камолро ё бо қимати 10-долларӣ ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.
Ӯ гуфт, ки баъзе аз онҳое, ки омадаанд, дар ноҳияи Ҳисор хоҷагии кишоварзӣ доранд ва ба ҳар корманд сари ҳар шираи камол 200 сомонӣ мепардохтанд. Ҳоло ба қавли ӯ, "Фароз" мехоҳад, ҳар кило шираи камолро, ки қаблан 70 то 80 доллар буд, 10 долларӣ бихарад.
Дар видеоҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки мардуми асабонӣ дар яке аз ин маҳаллаҳо аз Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мепурсанд, ки “барои чӣ одамони моро савор карда мебаред”. Зоҳиран онҳо ба боздошти чанде аз коргароне ишора мекунанд, ки барои расонидани шикоят ба дари ширкати "Фароз" омадаанд.
Назари ширкати "Фароз" чист?
Масъулини ширкати "Фароз" мегӯянд, онҳо мехоҳанд коргарон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бар асоси шартнома кор кунанд, чун ширкат барои ҳар килограмм шираи камол маблағ намедиҳад. Исматулло Зиёев, муовини раиси ширкати "Фароз" пас аз пароканда шудани эътирозгарон дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи калони коргарон баъди эълони ҷои кор аз тариқи телевизион, норозӣ шуданд ва хостанд мо тартиби додани маблағро барои ҷамъоварии шираи камол бекор накунем.
"Ин ки мо нархро то 10 доллар кардем, ин асос надорад. Инро ҳам шояд ҳамон миёнравҳое, ки бо мо шартнома карда, ба коргарон боз маблағ дода, онҳоро барои ҷамъоварии шираи камол кор мефаромуданд, гуфтанд. Мо гуфтем, ки барои коргарон маош муайян мекунем ва нақша мемонем. Барои мисол, барои ҷамъоварии аз 5 то 10 кило, маош таъин мекунем. Баъдан барои ҳар килои зиёдатӣ бонус медиҳем. Вале инашро ҳам бояд гӯям, ки пардохти ҳаққи музди коргарон ҳам вобаста ба бозор аст. Дар охири мавсим муайян мешавад, ки талабгор ба чанд сомонӣ мехарад. Агар мо имсол як маблағро гуфта бошем, соли дигар онро гуфта наметавонем",-афзуд Исматулло Зиёев.
Аммо ин масъули ширкати "Фароз" гуфт, онҳо бовар доштанд, афроде, ки дар назди дарвозаи ширкат ҷамъ омаданд, ба хотири шартнома ва қабули кор омада буданд, аммо тартиби сӯҳбатро вайрон карданд. "Аз сабаби ин, ки мо пешакӣ эълони ҷои кор дода будем, мо ҳам фикр кардем, ки онҳо барои ҷои кор омада буданд. Мо ҳам тасмим доштем, бо онҳо сӯҳбат карда, дар бораи шартномаи кор ба онҳо мефаҳмонем. Ба хотири он, ки онҳо бисёр буданд ва тартиб вайрон шуд, як каме чунин ҳолат рух дод".
"Мутахассисон"-и афғон дар Тоҷикистон
Ин намояндаи ширкати "Фароз" иддаои коргарони норозиро дар мавриди ин, ки ширкат мехоҳад бо ҷалби шаҳрвандони Афғонистон, ҷамъоварии шираи камолро ба дасти афғонҳо супорад, рад кард. Зиёев гуфт, талабот ба ин навъи растанӣ солҳои ахир пайдо шудааст, аз ин хотир мардуми маҳаллӣ тартиби дурусти ҷамъоварии онро намедонад. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ин масъули ширкати "Фароз", онҳо мутахассисони афғонро ҷалб карданд, ки ба мардум тартиби ҷамъоварии онро нишон диҳанд. "Ин ҳам ба сари 50-60 нафар як афғон ба ҳайси мутахассис таъин карда шудааст",-афзуд вай.
Исматулло Зиёев гуфт, ки ширкати "Фароз" дорои иҷозатнома аст ва бештар аз минтақаҳои Данғараву Ҳисор ва Шаҳринав шираи камол ҷамъоварӣ мекунад ва ҳудуди ҳазор коргар дорад. Теъдоди мутахассисони афғон то 60 нафар будааст. Ин масъули ширкати "Фароз" гуфт, онҳо тасмим надоранд, ки аз ин бештар коргарони афғонро ҷалб кунанд.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар бораи ҷамъ омадани мардум дар назди дари ширкат то кунун шарҳе надодааст.
Тиҷорати ширкати камол дар дасти "Фароз"
“Шираи камол”, ки аз рустаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.
Ширкати “Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад. Ширкат тиҷораташро дар арсаи тибро аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард.
Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP)дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назоратро бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар дар ихтиёр дорад.
Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеҷ вокунише накард.