Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консертҳои Шабнаму Садриддин ва Фирӯза дар хориҷа барпо намешаванд


Шабнами Сурайё, овозхони машҳури тоҷик
Шабнами Сурайё, овозхони машҳури тоҷик

Коронавирус барномаҳои ҳунарии овозхонҳои машҳури тоҷикро дар хориҷа ба ҳам зад.

Консерти Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин, ду овозхони маъруфи тоҷик, ки қарор буд дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Амрикову Канада баргузор шавад, бекор карда шудааст.

Шабнами Сурайё бо нашри эълоне дар саҳифааш дар "Инстаграм" аз мухлисон барои пеш омадани чунин ҳолат узр пурсид. Вай гуфт, барнома ба далели паҳншавии вируси хатарноки КОВИД-19 дар ҷаҳон, аз ҷумла Амрикову Канада, ба таъхир уфтод.

Шабнами Сурайё, ки ҳоло берун аз кишвар қарор дорад, дар "Инстаграм" гуфт: "Умед дорам, ҳамааш хуб мешавад ва мо ба наздикӣ санаи нави баргузории консертро эълон мекунем."

Барномаи ҳунарии Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк дар ҳоле лағв шуд, ки Амрико тадбиру маҳдудиятҳоро барои ҷилавгирӣ аз коронавирус сахттар кард. Як ҳамсӯҳбати мо аз тоҷикони муқими Амрико гуфт, "ҳоло дар Ню-Йорк ҳамаи маъракаҳоеро, ки дар он одами зиёд ҷамъ меояд, манъ карданд. Қаблан ҷамъомади беш аз 1000 нафар манъ шуд, баъдан ин рақам то 500 поин оварда шуд. Дертар мири шаҳр гуфт, ҷамъомаде, ки дар он аз 150 кас зиёд ширкат мекунад, манъ аст."

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҳоло дар ин шаҳр, дари осорхонаву театрҳо ҳам бастаанд. Аз 13-уми март Амрико барои 30 рӯз вуруди шаҳрвандони 26 кишвари аврупоии маъруф бо номи минтақаи Шенгенро низ боздошт. То кунун дар ин кишвар беш аз 2700 мавриди гирифторӣ ба вируси нав тасдиқ шудааст.

Коронавирус дар баробари Шабнами Сурайё нақшаву барномаҳои овозхонони дигари тоҷикро, ки маъмулан дар остонаи ҷашни Наврӯз дар хориҷ аз кишвар роҳандозӣ мекунанд, ба ҳам зад. Консерти Садриддини Наҷмиддин, ки ба рӯзи 20-уми март якҷо бо овозхони афғон Ҳабиб Қодирӣ дар Торонто барномарезӣ шуда буд, ба таъхир гузошта шуд.

Садриддини Наҷмиддин
Садриддини Наҷмиддин

Файзиддин Давидов, ки барномаву наворҳоро аз ҷараёни кори Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ ва таблиғ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи ҳунарии Садриддин ҳам ба сабаби ҷилавгирӣ аз коронавирус лағв шуд ва пули билетҳо ба мухлисон баргардонида мешавад.

Фирӯза Ҳафизова, овозхони дигари тоҷик, ки рӯзи 14-уми март бояд барои баргузории консерти наврӯзӣ дар се шаҳр ба Олмон мерафт, аз сафар худдорӣ кардааст. Ҳафизова гуфт, сабаби лағви консерти ӯ ҳам вазъи пешомада дар ҷаҳон дар робита ба вируси нав аст.

"Барои ин барномаи ҳунарӣ, ки ба 20, 21 ва 22-юми март пешбинӣ шуда буд, аз моҳи феврал омодагӣ медидам ва билетҳо ҳам фурӯхта шуда буданд. Аммо маҷбур шудам, шартномаро бо созмондиҳандаҳои консерт дар Олмон муваққатан бекор кунам ва сафари худро ҳам ба таъхир гузорам", -- нақл кард ӯ.

Фирӯза Ҳафизова
Фирӯза Ҳафизова

Ҳафизова мегӯяд, аз вазъияти пешомада нороҳат аст, вале умед дорад, ки мухлисон ӯро дарк мекунанд.

Аз ин пеш созмондиҳандагони барномаи ҳунарии Нигина Амонқулова аз бекор шудани консерти ӯ дар Исроил хабар доданд. Дар назар буд барномаи Амонқулова рӯзҳои 11 ва 12-уми март баргузор шавад.

Ба суръат паҳн шудани вируси хатарноки корона дар ҷаҳон ва тадбиру маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз он дар Тоҷикистон ҳам барномаи бисёре аз ҳунармандонро, ки барои ҷашни Наврӯз пешбинӣ шуда буд, тағйир додааст.

Вируси нав то имрӯз ба беш аз 156 ҳазор нафар сироят карда ва тақрибан 6 ҳазор нафарро куштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG