Алии Зареӣ, маъруф ба Аршавин, сарояндаи эронӣ, барои бозхонии бе иҷозаи таронаи "Дар оғӯши ту мемирам"-и Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик, изҳори нороҳатӣ кард ва гуфт, барои чунин кораш маъзаратхоҳӣ мекунад. Аршавин рӯзи 30 июн дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, то замони хондани ин тарона аз муаллифи матну оҳангаш хабар надошт.
"Ин таронаро яке аз дӯстони эронӣ пешниҳод кард ва гуфт, ки матнаш аз Нодири Нодирпур аст. Хондам. Вақте тарона ба бозор баромад, аз Тоҷикистон гуфтанд, ки ин тарона моли Нигина Амонқулова аст. Бисёр дар хиҷолат шудам ва ҳоло тавассути Шумо аз Нигина узр мехоҳам. Агар ӯ розӣ ҳаст, мо метавонем аз ин ба баъд дар ин тарона номи ӯро ҳам бинависем," -- афзуд Аршавин.
Аршавин дар идома дар робита ба ин ки мехоҳанд, ӯро барои бозхонии ин тарона ба додгоҳ бикашанд, гуфт, ин мушкилро мешавад аз роҳи гуфтугӯ ҳал кард. Вагарна, афзуд ӯ, "чанде аз таронаҳои маро ҳам овозхонҳои тоҷик бозхонӣ кардаанд. Якеашро Гулрӯ сароидааст. Бисёре аз овозхонҳои тоҷик оҳангу таронаҳои овозхонҳои эрониро бе иҷоза мегиранд. Агар мо "чап" гирем, шояд бисёре аз овозхонҳои тоҷик ба додгоҳ кашида шаванд."
Тобиш Ҳилолӣ ва Нигина Амонқулова, ду овозхони шинохтаи тоҷик, 28 июн ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки қасд доранд, Аршавин -- як сарояндаи эрониро барои бозхонии бидуни иҷозаи таронаи "Дар оғӯши ту мемирам" ба додгоҳ кашида ва ҷуброн талаб намоянд. Тобиш Ҳилолӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфт, матни ин тарона аз шоири тоҷик Мирзоҳусайни Бадалипур, маъруф бо тахаллуси Меҳрвар буда, оҳангаш ба худи ӯ тааллуқ дорад.
Тобиш Ҳилолӣ мегӯяд, "ин шеър дар китоби Мирзоҳусайни Бадалипур тариқи нашриёти давлатӣ чоп шуда ва мо ба он ду сол пеш оҳанг бастем. Нигина Амонқулова ин таронаро иҷро кард. Шоири мо ҳам зинда ва саломат аст ва метавонад, ин ҳамаро тасдиқ кунад. Танҳо як мисраи “Дар оғӯши ту мемирам” аз шоири маъруфи эронӣ Нодири Нодирпур ҳасту бас, ки Меҳрвар аз он илҳом гирифтааст."
Аршавин, таронасарои эронӣ, моҳи апрели соли ҷорӣ суруди “Дар оғӯши ту мемирам”-ро дар чандин пойгоҳҳои мусиқии эрониён дар ҷаҳон вориди бозор кард. Ин бозхонии Аршавин агарчӣ танҳо дар шакли MP3 буд, аммо аз сӯи фиттафурӯшиҳои Тоҷикистон дар диски алоҳида муштариён дода шуд. Тобиш Ҳилолӣ мегӯяд, “ин муаррифӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон чунин нишон медиҳад, ки гӯиё мо таронаро аз онҳо гирифтаем. Чунки пойгоҳҳои пахши ин тарона аз тарафи эрониён дар ҷаҳон зиёд аст ва шояд кам касе дар кишварҳои дигар аз ин таронаи мо ба хубӣ огоҳ бошанд.”
Нигина Амонқулова, овозхони тоҷик, низ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо аз бозхонии таронаи “Дар оғӯши ту мемирам” аз сӯи Аршавин огоҳӣ доранд ва чанде пештар ҳам телефонӣ бо ӯ сӯҳбат кардаанд. Нигина мегӯяд, аммо Аршавин барои ин кораш аз онҳо маъзаратхоҳӣ накарда ва баръакс иддао кардааст, кори хатое нашуда. Худи Оршовин мегӯяд, он вақт бо ӯ муносиб сӯҳбат нашуда ва ӯ ҳам нафаҳмидааст, асли қазия чист.
Тобиш Ҳилолӣ мегӯяд, зоҳиран Аршавин аз таронасароёни дохили Эрон аст, ки маҷбур шудааст, чанд ҷои “мазмунан урён”-и матни онҳоро ислоҳ карда, маънояшро халалдор созад. “Маънояш каме урёнтар буд. Онҳо чун сензура доранд, шеърро тамоман дигар хел кардаанд. Ростӣ, мо тасмим гирифтаем, ки ӯро ба додгоҳ бикашем,” -- таъкид кард Тобиш.
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Зеваров -- раҳбари ширкати Топмедиа мегӯяд, аз ин қазия ба хубӣ огоҳ нест ва агар барои риояи ҳаққи муаллифӣ муроҷиат шавад, онҳо метавонанд сайри ин таронаи Аршавинро дар пойгоҳҳои интернетӣ бубанданд.
Ҳарчанд бозхонии таронаи овозхонҳои маъруфи дунё, аз ҷумла эрониён аз сӯи таронасароёни тоҷик кам нест, аммо Нигина Амонқулова мегӯяд, “онҳо ба ин ҳад беинсоф нестанд, ки муаллифи матну оҳангро аз дигарон гӯянд”.
Соли гузашта низ як баҳс барои ҳаққи муаллифӣ барои як тарона миёни Баҳром Ғафурӣ ва Валӣ, овозхони эронӣ сар зада, аммо баъдан бо ислоҳи номи муаллифон ва маъзартхоҳии дувумӣ ба поён расида буд. Баҳром Ғафурӣ иддао кард, ки Валӣ таронаи "Ҳамсоядухтар"-и ӯро бидуни иҷоза ва бо ҳазфи номи муаллиф бозхонӣ ва клип кардааст. Ба дунбол ширкати PMC аз пахши ин тарона даст кашид ва Валӣ ҳам барои чунин “хатои техникӣ” узрхоҳӣ кард.