Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав садҳо таксирони тоҷикро аз кор берун кард


Ширкатҳои бузурги таксӣ дар Русия, ба мисли "Yandex такси" ва "Uber", ронандаҳои тоҷикро, ки парвона (права)-и русӣ надоранд, аз кор меронанд ё аз ҳамкорӣ бо онҳо даст мекашанд. Рӯзи 1-уми июл дар Русия қонуне ба иҷро медарояд, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳодатномаҳои ронандагии кишвар ҳаққи дар онҷо мусофиркашонӣ надоранд.

Тибқи омор, беш аз 40 дарсади ронандагони нақлиёти мусофирбару боркашон дар Русия муҳоҷирон ҳастанд.

​Ҳушдори ГБДД

Баҳрулло Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаби гузашта ширкатҳои таксӣ ронандагони тоҷикро аз кор ҷавоб медиҳанд.

"Муҳоҷироне, ки таксиронӣ мекунанд, ниҳоят зиёданд. Бархеи онҳо аз ширкатҳои таксӣ мошинро ба иҷора гирифтаанд. Баъзеи дигар бо мошини худ ба мусофиркашонӣ машғул буданд. Акнун мувофиқи қонун, ки 1-уми июл ба иҷро медарояд, ширкатҳои таксӣ ҳақ надоранд, муҳоҷиронро бо шаҳодатномаҳои ронандагии Тоҷикистон ба кор бигиранд", - афзуд ӯ.

Одинаев гуфт, дар сурати иҷро накардани қонун ширкатҳои таксии Русияро ҷаримаҳои ҳангуфт – то 600 ҳазор рубл – интизор аст. Ӯ афзуд, “танҳо ҳамин шаб ба ман ҳадди ақал 15 нафар, ки ба таксиронӣ машғуланд, занг заданд. Нозирони ГБДД ба онҳо огоҳӣ додаанд, ки дигар бо шаҳодатномаҳои Тоҷикистон ҳаққи ронандагӣ надоранд."

Иҷрои қонунро як сол ба таъхир дароварданд

Баъзе аз таксиронҳои тоҷик дар Маскав

Маҳрум мондани муҳоҷирони кории тоҷик аз таксиронӣ дар Русия тибқи тағйироти нав ба қонуни бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Кодекси маъмурии Русия сурат мегирад. Қонунгузорон дар Русия ҳанӯз 1-уми июни соли гузашта ин қонунро мавриди амал қарор дода буданд.

Азбаски дар чанд рӯзи пас аз ба иҷро даромадани қонун дар шаҳрҳои бузурги Русия, бахусус, Маскаву Санкт-Петербург норасоии нақлиёт ба вуҷуд омад ва сокинони зиёде аз кор дер карданд, мақомот муҳлати иҷрои қонунро 1 солу 1 моҳ, яъне то июли имсол дароз карданд.

"Муҳоҷирони қирғизу арманистон чунин мушкил надоранд"

Дар яке аз ширкатҳои таксии шаҳри Маскав бо номи “Аверс” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун наздик ба 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар он ба ҳайси ронанда кор мекарданд, аммо пас аз 1-уми июл ҳамкорӣ бо онҳоро қатъ мекунанд. Дар ғайри сурат онҳоро ҷаримаи ҳангуфт интизор аст.

Чанд бор ҳуҷҷатҳоямро бо ҳар баҳона қабул накарданд. Базеҳоро бо ҳар баҳона аз имтиҳон гардониданд

Дар ин ширкат аз кори ронандагони тоҷик тавсиф карда, гуфтанд, минбаъд танҳо “бо онҳое кор мекунанд, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро доранд”.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистон ва Арманистон ниёз ба ивази шаҳодатномаи корӣ надоранд ва ба кори худ идома медиҳанд.

Бино ба омори мақомоти Русия, тақрибан 40 дарсади ҷойҳои кориро дар соҳаи нақлиёт дар Русия муҳоҷирон банд кардаанд. ​​Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд як мушкили аслии онҳо ин аст, ки нозирони ГБДД ҳуҷҷати онҳоро дар шаҳри Маскав барои супоридани имтиҳон қабул намекунанд. Мубин Саидзода, як таксирони тоҷик, гуфт, дар давоми як соли охир талош кард аз нав имтиҳон супурда, шаҳодатномаи ронадагии русӣ бигирад, вале муввафақ нашуд.

"Ҳуҷҷатҳоро қабул накарданд"

“Чанд бор ҳуҷҷатҳоямро бо ҳар баҳона қабул накарданд. Базеҳоро бо ҳар баҳона аз имтиҳон гардониданд”, - гуфт ӯ.

Саидзода мегӯяд, аз як ширкати Маскав мошинро бо қимати 1400 рубл барои ҳар як рӯзи иҷора гирифта, ризқи худу хонаводаашро пайдо мекард ва ҳамакнун аз он маҳрум монд. Ӯ гуфт, "дар як рӯз 2-3 ҳазор рубл аз таксиронӣ меёфтам. Дирӯз дар ширкат ба ман гуфтанд, ки дигар ба ман мошин иҷора дода наметавонанд, чунки “права”-и русӣ надорам”, - мегӯяд Мубин.

Тибқи омор, беш аз 40 дарсади ронандагони нақлиёти мусофирбару боркашон дар Русия муҳоҷирон ҳастанд.

Қонунҳое, ки фаъолияти муҳоҷиронро дар ин ва ё он соҳа маҳдуд мекунад, солҳои охир дар Русия бештар шудаанд. Аз ҷумла, манъи ҷалби муҳоҷирон дар соҳаи тиҷорат, савдо дар соли 2014 ва аз кор рондани муҳоҷирони кӯчарӯб аз Маскав дар соли 2015-ум.

XS
SM
MD
LG