Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ожонсии зидди фасод ширкати Саидовро ба изофанависӣ муттаҳам кард


Ба думболи боз шудани парвандаи "бисёрзанӣ" алайҳи тоҷири маъруфи тоҷик Зайд Саидов, Ожонсии зидди фасод аз мавҷудияти як парвандаи ҷиноии дигар хабар дод.

Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як санад аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, ки ахиран бо эълони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" вориди саҳнаи сиёсӣ шуд, хабар дод.
Дар санаде, ки Муҳаммадраҷаби Ҳанафия, сухангӯи ин ниҳод дар ихтиёри Радио Озодӣ қарор дод, омадааст, ки алайҳи масъулони ширкати “Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал”, бо иттиҳоми “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” парванда боз шудааст. Зайд Саидов, яке аз моликони ширкати мазкур аст.


Дар баёнияи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омадааст, баъди таҳқиқе дар соли 2009, маълум кардаанд, ки ширкати “Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал” ҳангоми бунёду ороиши “Душанбе-Плаза” як бинои мӯҳташаме дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ, ё 400 ҳазор доллар изофанависӣ кардааст. Ба гуфтаи муфаттишони оҷонсӣ дар ин замина, алайҳи масъулони ширкати “Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал” парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиши муқадаммотӣ дар ин замина идома дорад. Масъулони ширкат ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.

Қабл аз ин Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов гуфт, ки алайҳи зерҳимояаш бо модаи 170, яъне бисёрзанӣ парванда боз шудааст. Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон ин иқдомро фишори сиёсӣ унвон кард ва гуфт ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гуруҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад. Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба "Озодӣ" гуфт, ки бо камоли масъулияти инсонӣ изҳор медорад, ки ҳеҷ навъ фишор онҳоро водор ба ин намекунад, ки аз тасмимашон даст бикашанд ва ақибнишинӣ намоянд. Вай афзуд, онҳо бар асоси талаботи қонун ба кори худ идома дода ва таслими фишор намешаванд.

Ӯ дар идома гуфт, Зайд Саидов низ дар охирин тамоси телефоние, ки аз Фаронса дошт, ба ин мавқеъ таъкид карда ва гуфтааст, ба ҳар қимате, ки тамом шавад, ба фаъолияти худ дар чаҳорчӯби қонун барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав идома хоҳад дод.

Бинобар иттилои манобеи Тоҷикистон нав, парвандаи ҷиноиро алайҳи Зайд Саидов Додситонии кулли Тоҷикистон оғоз намуда ва барои баррасии ин парванда гуруҳи махсуси тафтишотӣ таъсис шудааст. Аммо Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, алайҳи зерҳимояаш бо модаи 170, яъне бисёрзанӣ парванда боз шудааст ва тибқи ин модда ҷарима ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳамзамон Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав иттилоъ дод, ки соати 13:55 дақиқаи рӯзи 11-уми май, манзили сарвари ин гуруҳ Зайд Саидов аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст.

​Дар иттилоияи ин гуруҳ, ки бегоҳи рӯзи шанбе нашр шуд ва як нусхаи он ба дасти "Озодӣ" расид, бо ишораи ба гуфтаи яке аз фарзандони Зайд Саидов омадааст, ки манзилашон дар ҳоле мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифт, ки модарашон дар бистари беморӣ буда ва хоҳарашон (духтари Зайд Саидов) дар батнашон фарзанд дорад."

Худи Зайд Саидов тибқи тасмим ва қарордоди расмӣ, ки ҳанӯз моҳи феврали соли равон ҳосил шудааст, ба унвони раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба ширкатаи муносиби дастаи теннисбозони ҷумҳурӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ, дар шаҳри Парижи Фаронса қарор дорад

Вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва раҳбари Шӯрои Анҷумани Соҳибкорон моҳи гузашта эълом кард, ки бо гурӯҳе аз соҳибкорону сиёсатмадорон қасд доранд, ҳизби нави сиёсиро бо номи “Тоҷикистони нав” таъсис бидиҳад.

Дар баробари Зайд Саидов, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва муовини собиқи вазири кор ва муовини низ пешини раиси гумрук, Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал", Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили иқтисодӣ Бахтиёр Баҳодуров аз ташаббускорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд. Баъди эъломи ин ташаббус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузорише нашр шудаанд, дар онҳо Зайд Саидов ба бисёрзанӣ ва қонуншиканиҳо дар замони вазир буданаш муттаҳам мешуд.
XS
SM
MD
LG