Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, дар корхонаи арақ кор намекунем". Саргузашти муҳоҷирони тоҷик дар Латвия


Вақти дарс дар Латвия
Вақти дарс дар Латвия

Бисту панҷ муҳоҷири тоҷик, ки бо даъвати як ширкати латвиягӣ барои кор ба ин кишвар рафтанд, мегӯянд, корфармо музди корашонро намедиҳад ва талош дорад, онҳо ихроҷ шаванд.

Намояндагони ширкати кордеҳ мегӯянд, гуноҳи худи муҳоҷирони тоҷик аст, ки корро намеомӯзанд ва аз шуғлҳои пешниҳодӣ ҳазар мекунанд.

Моҷарои кордеҳу коргарони тоҷик тақрибан ним сол аст, ки идома дорад ва то ба расонаҳои Латвия роҳ ёфтааст. Ахиран матбуоти ин кишвар аз раҳо шудани гурӯҳи калони шаҳрвандони Тоҷикистон аз ғуломӣ хабар дод.

Шералӣ Абдураҳимов, яке аз ин муҳоҷирон, рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати "Твидес" тирамоҳи соли 2018 онҳоро ба кор даъват кард ва бар асоси қарордод бояд 25 шаҳрванди Тоҷикистон ба васлу насби батареяҳои офтобӣ машғул мешуданд ва моҳе 926 евро маош мегирифтанд.

Нимаи моҳи ноябри соли гузашта муҳоҷирон ба Латвия расидаанд, аммо ширкат ғайриинтизор ба онҳо пешниҳод кард, ки давоми якуним моҳ хиштчинӣ омӯзанд, то онҳоро барои кор ба Ҳолланд фиристанд. Дар инҷо бояд барои ҳар соати кор ба онҳо 9 евро медодаанд.

Гуфтугӯи мушкил бо корфармо

Аммо ба гуфтаи Шералӣ Абдураҳимов, дар Ҳолланд онҳо ба сарнавишти “талхе” дучор омаданд: "Моро ба ҷойи кор бурданд. Нақшаи сохтмонро дода гуфтанд, ки ба хиштчинӣ оғоз кунед. Нақшаи сохтмон бо забони ҳолландӣ буд, чизеро нафаҳмидем. Бо корфармо бо як азоб бо забони англисӣ гуфтугӯ кардем. Ду рӯз кор кардем, кордеҳ аз хиштчинии мо розӣ нашуд. Мо гуфтем, ки мо донишҷӯ ҳастем, ҳамагӣ чанд ҳафта хиштчиниро ба мо ёд доданд".

Айни замон барои ҳалли қазияи муҳоҷирони тоҷик Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо даст ба кор шудааст. Қарор аст, ҳомиёни ҳуқуқ барои рӯёнидани маблағи муҳоҷирони тоҷик аз ширкати корфармо ва тамдиди муҳлати қонунии будубоши онҳо дар Латвия талош варзанд.

Ҳангоми кори бебарор дар Ҳолланд
Ҳангоми кори бебарор дар Ҳолланд

Корфармои ҳолландӣ, ки аз кори муҳоҷирони тоҷик қонеъ нашуд, онҳоро ба Латвия баргардонидааст. Акрамхон Усмонхонов, як тоҷики муқими Латвия, ки байни ширкати "Твидас" ва муҳоҷирони кории тоҷик миёнаравӣ кардааст, мегӯяд, онҳо "хуши кор кардан надоштанд".

Усмонхонов рӯзи 6 май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, кордиҳанда ба муҳоҷирони кории тоҷик ноҳаққӣ накардааст, аммо онҳо талаботи беш аз ҳад пеш гузошта, кор кардан нахостаанд.

Ӯ гуфт: "Як моҳ бештар онҳоро хиштчинӣ дарс дода, ба Ҳолланд фиристоданд. Сифати корашон қабул нашуд. Ширкат аз ҳисоби худ роҳкиро ва ҷойи хоби онҳоро таъмин кард. Боз харҷи онҳоро ба дӯш гирифта, ба Латвия овард. Дар хобгоҳ ҷой кард. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳар яке онҳо ширкат 1 ҳазор евро харҷ кардааст. Онҳо кор нокарда, аз ширкат маош талаб доранд."

Муҳоҷирони кории тоҷик дар навбати худ ба бандҳои шартнома ишора мекунанд, ки дар онҳо ширкат вазифадор шудааст, дар сурати ба кор таъмин накардан ҳам 926 евро бипардозад.

Ваъда дигар буд, кор дигар шуд

Шералӣ Абдураҳимов ва ҳамроҳонаш мегӯянд, шартномаи онҳо кор дар васлу насби батареяҳои офтобӣ буд, аммо ширкат ин банди шартномаро нақз карда, онҳоро ба хиштчинӣ фиристод, бо вуҷуди онки онҳо мутахассиси ин кор нестанд ва дар чанд ҳафта «омӯхтани ин кор имкон надорад».

Ба гуфтаи Акрамхон Усмонхонов, кордеҳ ба онҳо кор дар як корхонаи машрубот дар Олмонро низ пешниҳод кард, вале онҳо нахостанд: "Гуфтанд, мо дар корхонаи арақ кор намекунем, ин ҳаром аст. Вале кор нокарда, музд талаб кардан магар ҳалол аст?"

Бо гузашти 6 моҳ масъулони "Твидес" тибқи шартнома кор намеёбанд ба онҳо пешниҳод мешавад, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Ба онҳо гуфтаанд, ки баъди ду моҳ бо пайдо шудани кордеҳ онҳоро ба кор даъват мекунад.

Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, ин як найранг аст ва миёнарав мехоҳад, онҳоро аз хоки Латвия берун кунад ва бо ҳамин маоши ваъдагиро ба онҳо напардозад. Барои ҳамин муҳоҷирони кории тоҷик аз нақз шудани ҳуқуқашон ба созмони ғайриҳукуматии «Хонаи амн» муроҷиат кардаанд. Ин созмон бо истисмор ва хариду фурӯши одамон мубориза мебарад ва ба идораҳои давлатии Латвия шикоят бурдааст.

Бо кумаки созмон муҳлати иқомати муҳоҷирони кории тоҷик, ки то 23-уми апрел ба анҷом мерасид, як моҳи дигар тамдид шудааст. Айни замон 20 муҳоҷир бо кумаки ин созмон талош доранд, маоши 6 моҳаи худро аз ширкати «Твидас» ситонанд ва барои худ кори дигаре ёбанд.

Ду ҳазор доллар қарз гирифта омадем

Шералӣ Абдураҳимов мегӯяд: «Мо барои ин ҷо омадан ҳар кадоме беш аз 2 ҳазор долларӣ қарз гирифтем. Чӣ гуна дасти холӣ ба ватан баргардем?»

Қазияи саргардонии муҳоҷирони кории тоҷик дар ба телевизионҳои Латвия низ роҳ ёфт. Шабакаи телевизионии LNT-и Латвия, хабар дод ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бахши бозрасии давлатии кор муроҷиат кардаанд, ки зиёда аз чаҳор моҳ дар як ширкати бинокории Латвия, дар шароити сангин кор карда, танҳо қисми хеле хурди музди хешро гирифтаанд, гуруснагӣ мекашанд ва дар шароити ғайриинсонӣ зиндагӣ мекунанд.

Намояндаи ин идора гуфтааст, барои таҳқиқи вазъи муҳоҷирон ниҳодҳои дигари Латвия, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ ҷалб карда шуданд. Муаллифони барнома мегӯянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон истисмор шуда ва ба ғуломӣ афтодаанд. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, барои ҳалли мушкилашон ҳамчунин созмони ҳомии ҳуқуқи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ҷалб шудааст.

Истисмори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки умдатан ба Русия барои кор мераванд, зиёд дида шудааст, аммо бори аввал аст, ки дар бораи нақзи эҳтимолии ҳуқуқи онҳо дар кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо гузориш мерасад.

XS
SM
MD
LG