Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Набиев: "Ба мо мегуфтанд, хурду калонро бераҳмона қатл мекунед"


Парвиз Набиев
Парвиз Набиев

Парвиз Набиев мегӯяд, ҷавонони тоҷикро тавассути намоиш додани наворҳои видеоӣ афроди ношинос ба Туркия бурда, сипас ба Сурия мефиристанд. Ӯ мегӯяд, баъд аз 50 рӯзи тамрин ба ватан баргаштааст.

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Парвиз Набиев -- як сокини ҷавони ин ноҳияро, ки дар роҳ ба сӯи Сурия буда, аммо аз Туркия пушаймон шуда баргаштааст, аз ҷавобгарӣ озод кард. Парвиз Набиев рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро тариқи интернет ба Сурия даъват карда буданд.

"Панҷоҳ рӯз дар масҷиди "Имом Бухорӣ" тамрин карда, вале чун роҳи Сурияро пеш гирифтем, аз тасмими рафтан даст кашидам," -- афзуд ӯ.

Парвиз мегӯяд, се тан аз дӯстонаш, ки бо ӯ буданд, маълум нест, оё ба Сурия рафтаанд, ё на. Ба гуфтаи Парвиз, ҷавонони тоҷикро дар Маскав тариқи наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, афроди ношинос барои ҷиҳод ба Туркия даъват мекунанд, ки баъдан ба Сурия фиристода мешаванд.

Ин сокини ҷавони ноҳияи Шаҳритус бар асоси моддаи 401, банди 3-и қонуни ҷиноӣ, яъне "иштироки зархарид дар задухӯрд ё амалиёти ҷангӣ" муттаҳам дониста мешуд, ки аз 12 то 20 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ӯро мунтазир буд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки Парвиз аз раъяш барои иштирок дар ҷангу “ҷиҳод” дар Сурия баргаштааст, додгоҳ ӯро аз толори мурофиа озод намуд.

Соли гузашта низ сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд - Комил Шукуров баъд аз он ки бо хоҳиши худ аз Сурия баргашта ва ба мақомот таслим шуд, аз ҷавобгарӣ озод гардид. Шариф Назаров, сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд 16 июли соли гузашта дар нишасти хабариаш гуфт: "Таҳқиқ маълум кард, вай дигар ҷинояте содир накардааст. Ба Сурия рафта, 4 рӯз меистад ва чун мебинад, ки ӯро ба ҷанг дохил карданианд, ба Тоҷикистон бармегардад ва худро ба мақомоти интизомии ноҳияи Спитамен таслим мекунад. Мо ин шаҳрвандро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намудем ва ҳоло ӯ дар назди аҳли оилааш аст."

Мақомот борҳо гуфтаанд, агар ҷавонони тоҷики шомил ба ҳизбу созмонҳои террористиву эктремистӣ аз амалҳои худ даст кашида, ихтиёрӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргарданд ва агар дар гузашта ҷинояте содир накардаанд, гуноҳашон бахшида хоҳад шуд.

Шумори ҷангиён аз Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ то 300 нафар тахмин зада мешавад ва мақомот мегӯянд, то имрӯз ба камияш 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона дар як сарзамини аз Ватани онҳо беш аз 4000 километр дурро ба камияш 1000 нафар мегӯянд.

Парвиз аз марзи Сурия баргашт ва аз ҷазо озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

XS
SM
MD
LG