Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 тоҷик дар Корея


Солҳои охир дар Кореяи Ҷанубӣ шумораи тоҷикон афзоиш ёфтааст ва ҳатто онҳо дар Сеул - пойтахти ин кишвар ҷамъияти худро ташкил кардаанд.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози технологӣ пешрафтаи ҷаҳон аст. Саноати мошинсозӣ ва таҷҳизоти мухобиротии ин кишвар дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро устувор нигоҳ медорад. Ҷавонони тоҷик ҳам бештар дар ҳамин риштаҳо таҳсил мекунанд.

Суоле пеш меояд, ки ин ҷавонон аз кадом вақт роҳро аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ ба истилоҳ “боз карданд?” Ҷавонон чӣ тавр метавонанд ба ин кишвар раванд, таҳсил кунанд ва ё бо тиҷорат машғул шаванд? Мо бо ин суолҳо телефонӣ ба Рустамҷон Бобоев - хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Сеул ва раҳбари ҷамъияти тоҷикон муроҷиат кардем ва пурсидем, ки худи вай кай ба Сеул рафтааст?

Бобоев: Ман барои таҳсил соли 2008 ба Сеул омадам ва дар ҳамин ҷо таҳсили магистратураро ба поён расондам.

Суол: Шумо дар он ҷо мушкили забонӣ надоштед бо мардуми маҳаллӣ бо кадом забон сӯҳбат мекунед?

Бобоев: Ман хушбахтона мушкилоти забонӣ надорам, чунки дар ин ҷо зиёда аз ду сол фақат забони куриёӣ омӯхтам. Ғайр аз ин забони англисиро ҳам медонистам ва дар оғоз он қадр мушкили забонӣ эҳсос накардам.

Суол: Ҳоло баъд аз таҳсил дар куҷо кор мекунед?
Бобоев: Дар яке аз ширкатҳои тиҷоратӣ кор мекунам. Ин ширкат маҳсулоти худро ба кишварҳои СНГ (муштаракулманофеъ) содир мекунад. Ҳоло дар ҳамин ширкат кор мекунам.

Суол: Дар он ҷо тоҷикон бисёранд?

Бобоев: Бале, дар ин ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон бисёранд. Бештари онҳо донишҷӯ ҳастанд. Шумораи онҳо қариб 100 нафарро ташкил медиҳад. Мо дар ин ҷо ҷамъияти худро ташкил кардем. Шаҳрвандоне ҳастанд, ки мисли ман дар ширкатҳову корхонаҳои Корея кор мекунанд. Ғайр аз ин, шаҳрвандони дигаре ҳастанд, ки барои тиҷорат ба ин ҷо меоянд, онҳо доимӣ нестанд, ба ин ҷо рафту омад мекунанд.

Суол: Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози технологӣ дар ҷаҳон пешрафта ба шумор меравад. Оё тоҷиконе, ки ба он ҷо мераванд, дар он ҷо касб ҳам меомӯзанд, пешрафтҳои технологиро ҳам аз худ мекунанд?

Бобоев: Албатта, мо шаҳрвандоне дорем, ки дар ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла дар ширкатҳои машҳури Самсунг ва Ҳундай кор мекунанд. Онҳо дар ҳамин ҷо дар донишгоҳҳо таҳсил кардаанд ва дар донишгоҳҳои худ бо технологияи наве, ки ҳоло на танҳо дар Корея, балки дар тамоми ҷаҳон машҳур аст ва ихтирои худи Корея мебошад, аз худ кардаанд. Онҳоро баъд аз таҳсил дар ҳамин ҷо ба кор қабул мекунанд. Дар рафти кор ҳам онҳо омӯзишро давом медиҳанд.

Суол: Ҷавонони тоҷик баъд аз таҳсили мактаб ба Корея мераванд ва бо забони курёӣ ошно нестанд. Онҳо дар донишгоҳҳои Корея таҳсилро бо кадом забон шурӯъ мекунанд?
Бобоев: Бисёрии донишҷӯёне, ки барои таҳсил меоянд, як сол давраи омӯзиши забонро паси сар мекунанд. Танҳо баъд аз омӯхтани забон онҳо ба факултаҳое дохил мешаванд, ки барои таҳсил интихоб мекунанд ва бо забони куриёӣ таҳсилро шуруъ мекунанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки пешакӣ дар шаҳри Душанбе забонро меомӯзанд ва баъд ба ин ҷо меоянд.

Суол: Худи шумо ҳам дар Душанбе пешакӣ забонро омӯхта будед ё мустақиман дар Сеул ба омӯзиши забон сар кардед?

Бобоев: Ман дар донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон забони куриёиро каме аз худ карда будам. Вале вақте ки ба ин ҷо омадам, омӯзишро давом додам. Омӯхтани забони куриёӣ он қадр осон нест.

Суол: Шумо гуфтед, ки ҷамъияти тоҷиконро ҳам ташкил кардаед. Ин ҷамъият тақрибан чӣ қадр аъзо дорад?

Бобоев: Ҷамъияти мо бештар аз 100 нафар аъзо дорад ва бисёрии онҳо донишҷӯ ҳастанд. Ҳамаи онҳое, ки дар Корея таҳсил мекунанд ва ё кору фаъолият мекунанд, метавонанд, ки аъзои ин ҷамъият шаванд.

Суол: Оё шумо тоҷикон байни худ рафту омад доред?
Бобоев: Албатта, мо ҳар се-чаҳор моҳ вохӯриҳо ташкил мекунем. Махсусан дар Наврӯз, ҷашни Истиқлол ва Соли Нав ҷамъ шуда якҷоя мешинем. Сафири Тоҷикистон дар Токио-пойтахти Япония ҳамзамон сафири Кореяи Ҷанубӣ ҳам ҳаст. Мо бо сафорат ҳам ҳамкорӣ дорем ва дар ин вохӯриҳо онҳо моро дастгирӣ мекунанд.

Суол: Умуман, шумо Кореяи Ҷанубиро чӣ тавр тавсиф мекунед, оё ин кишварест, ки барои тоҷикон дар он ҷо таҳсил кардан ва ё кор кардан мушкил аст?

Бобоев: Дар Тоҷикистон Кореяи Ҷанубиро бисёриҳо медонанд. Тоҷикон бо ширкатҳои Ҳундай, Киа ва Самсунг ин кишварро мешиносанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шояд дар хонааш ва ё дар дасташ маҳсулоти ин ширкатҳоро дорад ва ҳамин тавр ин кишварро мешиносад. Нисбат ба солҳои 2008-2009, ки мо ба ин ҷо омада будем, ҳоло рафту омади шаҳрвандони кишвари мо бисёртар шудааст. Бештарашон тиҷорат мекунанд.
Радиои Озодӣ бо кӯмаки Бобоев дар Сеул - пойтахти Кореяи Ҷанубӣ Фаридун Бозоров ва Далер Каримовро низ пайдо кард. Фаридун аз шаҳри Истаравшан барои таҳсил ба Сеул омадааст ва ҳоло дар магистратура дар донишгоҳи Кенёнг дар бахши тиҷорат таҳсил мекунад. Вай соли 2007 ба Сеул омад ва баъд аз забономӯзӣ тасилашро давом дод. Вай мехоҳад баъд аз хатми таҳсил муддате дар Сел бимонад ва таҷрибаву малакаи худро бештар кунад, сипас ба Тоҷикистон баргашата, таҷрибаи андӯхтаи худро дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷавонон омӯзонад. Вале то он вақт вай мехоҳад рисолаи илмии худро дифоъ кунад ва бо унвони илмӣ ба Тоҷикистон баргардад.

Фаридун мегӯяд, ки бо назардошти шароити душвори хонаводаҳои донишҷӯёни тоҷик дар Тоҷикистон, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба баъзе донишҷӯёни тоҷик стипендия муқаррар кардааст, вагарна таҳсил аз ҳисоби худ шояд барои ҳама имконпазир набошад. Фаридун дар давраи яке аз таътилҳои тобистона арусӣ кард ва бо хонумаш ба Сеул баргашт. Ҳоло онҳо соҳиби як кӯдак шудаанд ва чанд моҳ пеш модари Фаридун барои ёрӣ ба ин оилаи ҷавон ба Сеул омад.

Аммо Далер Каримов баъд аз хатми бахши муҳандисӣ ва барномарезии яке аз донишгоҳҳо дар ширкати Самсунги Кореяи Ҷанубӣ кор мекунад. Вай аз шаҳри Турсунзода аст ва баъд аз ду соли таҳсил дар донишгоҳи технологии шаҳри Душанбе ба Сеул рафтааст. Худаш дар озмун ширкат карда баранда шудааст. Вай бахши барномарезӣ ва иқтисодро хатм кардааст. Далер мегӯяд, ки дар давраи таҳсил барои таҷрибаомӯзӣ онҳоро ба корхонаи “Самсунг инҷениеринг” бурда буданд ва ҳамин таҷрибаомӯзӣ роҳи вайро ба ин ширкат боз кард.
Гузашта аз ин дар давраи таътили тобистона низ дар баъзе корхонаҳо кор мекард. Вале барои даромадан ба кор вай дар он ҷо ҳам дар озмун ширкат кард ва аз байни даҳҳо нафар довталаб баранда шуд.

Далер мегӯяд, ки ба ҷуз аз донистани забонҳои куриёӣ ва англисӣ бояд бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвар ошно бошӣ, чун ҳангоми ба коргирӣ дар ин бора низ суолҳои ҷиддӣ пурсида мешавад. Вай ҳоло як сол аст дар бахши лоиҳакашӣ ва идории ширкати “Самсунг инҷенеринг” кор мекунад. Далер мегӯяд, агар имкон бошад, дар оянда мехоҳад дар Тоҷикистон ва ё дар ҳар кишвари дигари Осиёи Миёна дар намояндагиҳои ин ширкат кор кунад. Агар не, корро дар худи Сеул идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG