Дар ҳоле ки то интихоботи порлумонии Тоҷикистон камтар аз як моҳи дигар мондааст, аксари ҷавонон, махсусан онҳое, ки бори аввал барои овоздиҳӣ ба ҳавзаи интихоботӣ мераванд, намедонанд, ки райъи худро ба кадом ҳизб ва ё номзади алоҳида бидиҳанд? Ин бетафовутӣ аз як тараф, агар натиҷаи бе сару садо гузаштани маъракаи пешазинтихоботӣ бошад, аз тарафи дигар далелест, ки ҷавонон ба интихобот ва умуман ба сиёсат чандон таваҷҷӯҳ надоранд. Аксари ҷавонон ба муҳтавои порлумон, аҳамияту вазифаи он сарфаҳм намераванд.
Аз 10 сокини ҷавони пойтахт, ки рӯзи 5 феврал дар кӯчаҳои Душанбе ба Радиои Озодӣ назар доданд, танҳо 3 нафар медонист, ки интихоботи порлумонӣ 1 март баргузор мешавад. 7 нафари дигар аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ аслан хабар надоштанд.
Бархе аз ҷавонон, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд мегуфтанд, ба вакиле райъ хоҳанд дод, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ҷавонон қонунҳои беҳтар нависанду ба тасвиб расонанд , шароити кор, таҳсил ва дигар масоили марбут ба ҳаёти ҷавононро бештар матраҳ кунанд. Аммо бархе ҳам овози худро дар ин интихобот беаҳамият ва баргузории ин маъракаро сарфи беҳудаи вақт унвон мекарданд.
Муҳиддини Ромиз, ҷавони 18-солаи тоҷик, ки қарор аст, барои аввалин бор дар интихоботи порлумонӣ ширкат кунад, рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз намедонад ба ҷонибдории кадом ҳизб овоз диҳад, зеро ҳанӯз барномаҳои пеш аз интихоботии ҳама аҳзоби сиёсиро нашунидааст. Аммо Муҳиддин мегӯяд, барои он номзаде овоз хоҳад дод, ки нахустин шуда қонун дар бораи комилан ройгон шудани таҳсил дар донишгоҳҳоро дар порлумон пешниҳод кунад. Аммо ба ин суол, ки “оё бовар дорад овози ӯ дар ҳаёти ояндааш таъсиргузор аст?”- Муҳиддин гуфт, ба ин суол посух гуфтан барояш хело душвор аст.
Аз сӯи дигар дар байни хоҳишҳои овоздиҳандаи бузургсол ва ҷавонон тафовути зиёде мушоҳида намешавад. Онҳоро низ масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва набуди барқ нигарон кардааст.
Намозалӣ Абдуназаров, сокини ҷавони пойтахт, ки ҳам аз рӯзи баргузории интихобот огоҳ ҳаст ва ҳам мехоҳад шахсан варақаи овоздиҳиро ба қудди партояд, бовар дорад, ки райъи ӯ дар интихоботи қарибулвуқуъ нақши хело муҳим дорад. Ӯ афзуд: “Одамон бояд вакили баргузидаи худро интихоб кунанд. Мо ҷавонон бояд нафареро депутат интихоб кунем, ки бештар барои ояндаи мо андеша кунад. Он ғояҳоеро амалӣ кунад, ки пештар анҷом нашуда буданд. Аз ҷумла тамоми Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.”
Рустам Сайфуллоеви 18-сола, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳамсабақонаш тасмим доранд дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат кунанд. Рустам мегӯяд, аллакай дар донишгоҳи онҳо ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Ҳар шом барномаҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсиро тамошо мекунанд, аммо ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба ҷонибдории кадом ҳизб овоз медиҳанд. “Овози ман ояндаи маро месозад. Ман бо овозам депутатеро интихоб мекунам, ки оянда барои рушди Тоҷикистон кор кунад. Овоз медиҳам то ин ки Тоҷикистон миёни дигар кишварҳо як зина болотар равад,”- мегӯяд бо эҳсос Рустам.
Аммо барои Шоҳмурод Диловаров, ки аз ноҳияи Рашт ба Душанбе меҳмонӣ омадааст, интихобот чандон аҳамият надорад. Ӯ мегӯяд, ки райъаш чизеро дигар нахоҳад кард ва порлумони оянда низ чун порлумонҳои қаблӣ хоҳад буд.
“Аввал ин ки худи хамин интихоботи парлумонияш чӣ аст? Ман намефахмам. Лекин агар рафта иштирок кунем ягон чиз дигар мешавад? “ - суол мегузорад Нигора Исматова, сокини дигари пойтахт.
“Ман иштирок мекунам дар интихобот. Қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меорам, аммо то куҷо овози ман арзиш дорад ё не инро намедонам,” - мегӯяд Лола, як сокини ҷавони пойтахт, ки бори аввал райъ медиҳад.
Дар интихоботи раисиҷумҳур, ки моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, ҳудуди 200 ҳазор райъдиҳанда барои аввлин бор ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд. Гуфта мешавад, дар интихоботи порлумонии моҳи март эҳтимол шумораи интихобкунандагони ҷадид боз ҳам аз 200 ҳазор бештар бошад. Дар интихоботи қарибулвуқӯъ беш аз се миллион шаҳрванд ҳаққи ширкат доранд.
Аммо то ҳол ягон интихоботи на порлумонӣ ва на президентии Тоҷикистон аз сӯи нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф нашудааст.