Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои сиёсӣ бо Узбакистон ба таъхир афтод


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ки қарор буд рӯзҳои 17-18 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, ба таъхир афтодааст.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи 16-уми декабр эълон кард, ки нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон замони дигар баргузор хоҳад шуд. Дар назар буд, ки ин нишаст рӯзҳои 17-18 декабр дар пойтахти Тоҷикистон доир шавад.

Дар иттилоияи вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфта мешавад, ки таърихи баргузории ин машварати сиёсӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар, бо мувофиқати ҳар ду ҷониб ба вақти дигар вогузор шудааст. Аммо дар ин хабарнома, ба замони дигари баргузории ин гуфтугӯҳо ишорае нашудааст.

Интизор мерафт, ки дар нахустин машваратҳои сиёсӣ байни мақомоти дипломатии Душанбеву Тошканд, ҳайати Узбакистонро муовини вазири хориҷааш Ниёз Хоҷаев ва ҷониби Тоҷикистонро ҳамтои тоҷики ӯ Парвиз Давлатзода раҳбарӣ намоянд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то ба ҳол дар ин бора шарҳе надодааст.

Нахустин машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон, ки баъд аз ду даҳсолаи танишҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя сурат мегиранд, ҳам аҳли назар ва ҳам мардумро дар ҳарду тарафи марз ба беҳбуди равобити ин ду кишвар дар оянда бештар умедвор кардааст.

Душанбеву Тошканд аз миёнаи солҳои 90 ба ин тараф, инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд. Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шудааст. Узбакистон аз соли 1999, дар пайи талоши ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти бо Тоҷикистон ҳамсояи Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Марҳалаи дигари танишҳо байни Тошканду Душанбе ба соли 2010 бармегардад. Тошканд ба азми Душанбе барои сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзида, алайҳи ин ҳамсояаш як силсила тадбирҳои иқтисодӣ андешид. Аз ҷумла Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва бо ин камбуди бе он ҳам сангини нирӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими сарморо боз ҳам сангинтар кард. Узбакистон ҳамчунин аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард ва дар поёни ҳамон сол бо баҳонаи “сӯди ками иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлони Тоҷикистонро барчид.

Ҳамин тавр, ҳар сари чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Узбакистон ва бо ҳар баҳона дар посгоҳҳои гумрукии Узбакистон барои муддатҳои тӯлонӣ дармондани борҳое, ки ба Тоҷикистон мераванд, гузоришҳо ба даст мерасанд.

Ин ҳама равобити Тоҷикистону Узбакистонро дар як ҳолате қарор додааст, ки дар маҳофил ба он ҳатто “ҷанги сард” ном додаанд.

Аммо мулоқоти ғайриинтизори руасои ин ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт,умедҳоро дар ҳарду тарафи марз ба поёни ин “ҷанги сард” ва шикастани пиряхҳои дар ин ҳама солиёни танишҳо ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе аз нав бедор кард. Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва

дар он, тавре баъдан сухангӯи пешини вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев шарҳ дод, “масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба дунбол, дар моҳи январи соли 2015 муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт. Ҳамон рӯзҳо хабаре ҳам нашр шуд, ки ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” аз поёни моҳи март ба парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе шурӯъ мекунад, вале ин тарҳ то ҳол дар ҳаво мондааст.

Ҳамин тавр, моҳи июн дар Тошканд ҷаласаи навбатии кумиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи муовинони сарвазири ду кишвар ДавлаталӣСаидов ва Рустам Азимов доир шуд. Ҷониби Узбакистон дар он нишаст пешниҳод дод, то Душанбе рӯйхати молҳои мавриди таваҷҷӯҳашро ироа кунад. Ҳамин тавр, бар асоси натиҷаҳои нишасти Тошканд моҳе пеш аз азми Узбакистон барои бунёди як Кохи савдои он кишвар дар шаҳри Душанбе гузориш шуда буд.

Бино ба омори расмии Узбакистон, ҳаҷми тиҷорати ин кишвар бо Тоҷикистон дар соли 2014 панҷуним маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расидааст. Ин ҳамагӣ 4 дарсад аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 1 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада - дар як сол то ба 174 миллион доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG