Даҳҳо муҳоҷири тоҷик то ҳол натавонистаанд пули билети харидаи худро аз ширкати русии "Ямал" бозпас гиранд. "Ямал" моҳи декабри соли гузашта фурӯши билетҳоро ба роҳ монд, вале то кунун ба истиснои як "рейси чартерӣ" натавонистааст ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳад. Масъулони ширкат гуфтанд, ки билетҳо тавассути оҷонисҳои мухталиф фурӯхта шуда ва онҳо муваззафанд, пули муштариҳоро баргардонанд. Дастикам 20 шаҳрванди Тоҷикистон, ки намехоҳанд дигар мунтазири азсаргирии парвозҳо бошад, рӯзи 4 январ натавонистанд пули билети худро бигиранд.
Магар ин саргардонӣ нест? Баъзеҳо бо пули охирин билет харидаанд ва ҳоло бояд чӣ кор кунанд?
Рамазон – як муҳоҷири тоҷик – рӯзи 4 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта аст мунтазири бозгашт ба ватан тавассути ҳавопаймои “Ямал” нишастааст ва оҷонсиҳои билетфурӯшӣ гуфтаанд, ки пулашро дар тӯли як моҳи оянда пардохт хоҳанд кард. Вале аз рӯзу соати дақиқ ном набурдаанд.
"Магар ин саргардонӣ нест?"
"Билетро рӯзи 20 декабр харида будам ва то ҳол дар роҳ ҳастам. Соати 18-и рӯзи 3 январ эълон карданд, ки парвоз мешавад. Дар фурудгоҳи “Жуковский” ҷамъ омадем. Мисли ман беш аз сад нафар буданд. Шахсан аз одамони наздики ман панҷ нафар будем. Аммо парвоз сурат нагирифт. Гуфтанд, ки метавонем билетҳоро супорем. Магар ин саргардонӣ нест? Баъзеҳо бо пули охирин билет харидаанд ва ҳоло бояд чӣ кор кунанд?" – суол гузошт ӯ.
Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, дар фурудгоҳи “Жуковский” онҳоеро низ дидааст, ки беш аз як ҳафта аст мунтазир истодаанд, чун пули иловагӣ барои бозгашт надоранд ва мӯҳлати бозпас гирифтани маблағи билеташон аз "Ямал" низ маълум нест. Рамазон гуфт, худаш ҳафт моҳ дар шаҳри Маскав кор карда, ба қимати 10,500 рубл билет харида буд, вале дар муддати тақрибан бист рӯзи саргардонӣ дар маҷмуъ харҷаш аз 18 ҳазор рубл зиёд шудааст.
"Фақат барои таксӣ то 3 ҳазор рубл харҷ мешавад"
"Танҳо таксӣ то фурудгоҳи “Жуковский” ба 2,5-3 ҳазор рубл меорад. Дар моҳи декабр қимати билет аз Маскав ба Тоҷикистон тавассути ширкатҳои дигар то 15 ҳазор буд. Гуфтем, бо билети арзон равем, ки каме пул захира шавад, вале бовар кунед, хеле саргардон шудем", - афзуд ӯ.
Аҳлиддин, яке дигар аз муҳоҷирон, гуфт, ҳоло ният дорад бо гирифтани қарз тавассути ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ роҳашро ба ватан идома диҳад. Ӯ гуфт, барои онки дар набуданашон пули билетро аз Ямал дарёфт кунанд, номи наздикони муҳоҷирашонро сабт кардаанд.
Масъулони ширкати “Ямал” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бозпас додани пули билети муштариҳо набояд мушкил бошад. Андрей Дубров, сухангӯи ширкат гуфт, “мо мустақим билет намефурӯшем. Билетро оҷонсиҳои алоҳида фурӯхтаанд ва муштариҳо бояд билеташонро ба нуқтае баранд, ки аз онҷо харида буданд. Чун оҷонсиии дигар пули билети онҳоро нахоҳад дод.”
Даври дувуми музокирот кай хоҳад шуд?
Андрей Дубров дар идома гуфт, мушкили парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбеву Хуҷанд ҳанӯз ҳал нашудааст. Нақшаи анҷоми 7 парвоз дар ҳафта ба самти Душанбеву Хуҷанд аз фурудгоҳи "Жуковский"-и ширкати "Ямал" ҳамоно муаллақ боқӣ мемонад ва мусофирони билетхаридаро ҳам ҳамингуна дар ҳолати номуайянӣ ва интизориҳо нигоҳ медорад.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон ҳам гуфт, даври тозаи музокироти ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Русия баъди як ҳафта аз сар гирифта хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ҳоло ҳавопаймоҳои ширкати “ЮТэйр”, “Уралские авиалинии”, “Тоҷик Эйр” ба таври пурра ва “Сомон Эйр” ба таври маҳдуд аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон ва баръакс парвоз анҷом медиҳанд.
Номи ширкати русии “Ямал” рӯзи 20 декабри соли гузашта, вақте ҳавопаймои ин ширкат бо тақрибан 100 мусофир натавонист ба Душанбе парвоз кунад, расонаӣ шуд. Мақомоти ширкат иддао карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳояш розӣ нашудааст, вале Вазорати нақлиёти кишвар гуфт, ин ширкат барои парвоз иҷозаи расмӣ надорад ва санадҳои заруриро барои тасдиқ нафиристодааст.
"Ямал" - аз 20 декабр ба ин сӯ
Ба дунбол, ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Русия вориди музокирот шуда, даври аввали ин гуфтугӯ дар Маскав бидуни натиҷа поён ёфт. Баъдан Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар посух парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба истиснои Маскав Санкт-Петербург ба минтақаҳои дигари ин кишвар манъ кардааст. Тоҷикистон дар робита ба чунин бархӯрди Русия ба Вазорати умури хориҷии Русия нота ё ёддошт фиристода ҳанӯз ҷавобашро нагирифтааст. Дар ин ёддошт Русия ба нақзи созишномаи ҳавоии ду кишвар муттаҳам мешавад.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баҳси асосии парвозҳо бар сари паритет ё баробарӣ аст, вале бархе аз соҳибназарон гуфтанд, Душанбе бештар аз ворид шудани ширкатҳои зиёди русӣ ба бозори ҳавоии кишвар нигарон аст. Чун, ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир хадамоти ширкатҳои русӣ дар муқоиса ба ширкатҳои Тоҷикистон аз 50 то 100 доллар арзон будааст. Вале ҳарду тараф сиёсӣ будани баҳсро рад кардаанд.