Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфт, баҳси бархоста бар сари парвози ҳавопаймоҳо миёни Маскаву Душанбе сиёсӣ нест, балки манфиати пулии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳам бархӯрдаанд. Ӯ рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “раунди аввали музокирот дар Маскав бе натиҷа поён ёфт, вале зарфиятҳои Тоҷикистону Русия ба ҳадде ҳастанд, ки тарафҳо бо роҳи мусолиматомез метавонанд масъаларо ҳал кунанд.” Сафири Русия аз ин бештар ҷузъиёт надод.
Навори видео:
Мутахассисони тоҷик мегӯянд, манъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия ва фишор барои роҳ додани ширкатҳои дигар, талоше барои “буридани болҳои Тоҷикистон” ва ё тобеи худ кардани ширкатҳои тоҷикистонӣ аст.
"Ҷанҷоли парвозҳо" баъди он бархост, ки Тоҷикистон рӯзи 20 декабр ба ҳавопаймои ширкати русии "Ямал" иҷоза надод, ки аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба Душанбе парвоз кунад. Баъди ин, Вазорати нақлиёти Русия дари чанд шаҳри кишварро ба рӯи ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” баст.
Кӣ кашад ҷабру ҷафо...
Тоҷикистон дар посух, аз “Уралские авиалинии” хоста буд, парвозҳо ба Душанберо бас кунад. Вале рӯзи 26 декабр вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин тасмими худ ба хотири садҳо муҳоҷири корӣ гузаштаанд, ки дар остонаи Соли нав қасди бозгашт ба ватанро доранд. Бо ин вуҷуд, садҳо мусофир ва бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ин моҷарои парвозҳо азоб мекашанд ва маҷбуранд, ки ё билетҳоро баргардонанд ва ё мунтазир шаванд, то кашмакаши ду тараф тамом шавад.
Чанде аз мусофирон дар фурудгоҳи «Жуковский» ва Иркутск бо нашри шарҳу видео дар вебсайтҳо гуфтаанд, ки вазъашон чандон хуб нест. Аз як тараф, ба гуфтаи онҳо, пули билетро барнамегардонанд ва аз тарафи дигар маълум нест, вақту соати парвозашон кай фаро хоҳад расид.
Эътирози Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баҳси Маскаву Душанбе дар пайи риоя нашудани паритет ё баробарии парвозҳо аз тарафи Русия сар задааст ва умед доранд, ки аз роҳи мусолиматомез масъаларо ҳал хоҳанд кард. Ду рӯз пеш Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав, ба Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристода ва аз манъи парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба чанд минтақаи Русия норизоятӣ кард. Дар ин нота таъкид шудааст, "мутобиқи моддаи 16-и Созишномаи иртиботи ҳавоии Тоҷикистону Русия ҳангоми ба вуҷуд омадани масоили баҳсӣ, ҷонибҳо метавонанд машварат кунанд. Аммо айни замон механизми машваратҳо миёни мақомоти авиатсионии кишварҳо то ба охир истифода нашудааст."
Се бар ду
Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз дошт, ки аз чандтоаш маҳрум шуд. Ширкати давлатии “Тоҷикэйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮТ Эйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд ва 65 дар сади бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон дар дасти онҳост.
Болҳои Тоҷикистонро мебуранд?
Қимати билети ширкатҳои русӣ дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт-Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар аст. Мутахассисони тоҷик мегӯянд, манъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия ва фишор барои роҳ додани ширкатҳои дигар, талоше барои “буридани болҳои Тоҷикистон” ва ё тобеи худ кардани ширкатҳои тоҷикистонӣ аст. Як гузориши телевизиони давлатии Русия дар бораи моҷаро айни унвонро дошт, ки “Болҳои Тоҷикистонро буриданд”.