Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. 115-уми раддаи озодии расонаҳо


Дар раддабандии нави созмони “Гузоришгарони бидуни марз” – “Озодии матбуот-2014” Тоҷикистон дар мақоми 115-ум қарор гирифт.

Дар гузориши тозаи ин созмони мустақар дар шаҳри Порис, ки рӯзи чаҳоршанбе, 12 феврал нашр шуд, ба пойин рафтани сатҳи озодии расонаҳо дар кишварҳои гуногун – ИМА, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Гватемала ва ҳамзамон беҳбуд ёфтани вазъи озодиҳои матбуот дар мамолике чун дар Эквадор, Боливия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ таъкид шудааст. Гуфта мешавад, ки чун пештара се кишвар – Финландия, Ҳолланд ва Норвегия дар садри раддабандӣ ҷой гирифтаанд, Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея дар се мақоми поёни он қарор доранд.

Криштоф Делуар, Дабири кулли созмони “Гузоришгарони бидуни марз” дар бораи раддабандии ҷаҳонии Озодии матбуот 2014 мегӯяд, ки дар он рӯи ҳафт бахш - сатҳи таъқибу фишор, дигарандешӣ, мустақилияти расонаҳо, муҳит ва худсесорӣ, чаҳорчӯбаи қонун, шаффофият ва сохтор тамаркуз шудааст. Ба гуфтаи Лусӣ Мориллон, пажуҳишгари созмон, имсол ба раддабандии бархе кишварҳо, аз ҷумла, кишварҳои демократӣ он омил таъсир гузошт, ки онҳо мафҳуми “дифоъ аз амнияти милли”-ро хело густурда ва ҳатто таҳқиромез маънидод карданд.

Раддабандии “Гузоришгарони бидуни марз” таъсири манфии низоъҳои мусаллаҳона ба озодии матбуотро ҳам инъикос мекунад – Сурия, ки он ҷо ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, ҳамчун кишвари барои хабарнигорон пурхатар, дар миёни 180 кишвар дар мақоми 177 ҷойгир шудааст.

Ба навиштаи муаллифон, кишварҳои шӯравии собиқ – Турманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, ки дар онҳо расонаҳои хабарӣ таҳти фишори шадид қарор доранд, ба сабаби дорои захираҳои бузурги нафту газ доштанашон хело кам ҳадафи танқиди ҷомеъаи байнулмилалӣ қарор мегиранд. Айни ҳол дар ин кишварҳо рӯзномаву сомонаҳо таҳти назорати шадиди давлат қарор доранд ва хабарнигорони мустақилу боҷуръат ба зиндон андохта мешаванд. Баъд аз 20 соли худкомагии мутлақ моҳи январи соли 2013 дар Туркманистон Қонуни матбуот қабул шуд, ки дар он дигарандешӣ ва манъи сензура эълон шудааст.

Аммо режими раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чун пештара рӯзномаву маҷалла, садову симо ва сомонаҳои интернетии маҳаллиро идора мекунад. Хабарнигорони мустақил маҷбуранд, ки пинҳонӣ барои расонаҳои мустақар дар хориҷи кишвар гузориш нависанд, ки ин барои онҳо хатарбор аст”, гуфта шудааст дар гузориш. Ду хабарнигори туркман – Аннақурбон Амонқличев ва Сафардурдӣ Ҳоҷиев ҳафт солро дар шароити сангини зиндон сипарӣ карданд. Ҳабси хабарнигорон дар ин кишвар ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил шудааст. Туркманистон дар раддабандии озодии матбуот дар паҳлӯи Кореяи шимолӣ ва Эритрея қарор дорад.

Сензураи шадид дар Ӯзбакистон ҳам ҳукмфармост. Дар ин кишвар дасти кам 10 тан аз хабарнигорон ва истифодабарандагони интернет дар маҳбас қарор доранд. Соли гузашта ба яке аз онҳо - Муҳаммад Бекҷон, сардабири пешини рӯзномаи “Эрк”, ҷоизаи созмони “Гузоришгарони бидуни марз” эъто шуд. Дар гузориш гуфта шудааст, “хабарнигор дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифта ва аз ёрии тиббӣ маҳрум аст, аз ин рӯ ба ӯ марг таҳдид мекунад”. Хабарнигори дигар Солиҷон Абдураҳмонов барои як матлаб дар бораи паёмадҳои фоҷиаи баҳри Арал аз соли 2008 ба ин сӯ зиндонӣ аст. Мақомоти Тошканд бо назорати расонаҳои маҳаллӣ қаноат накарда, солҳои ахир сензураро дар интернет ҳам шадидтар кардаанд.

Муаллифони матлаби “Гузоришгарони бидуни марз” ба коҳиши озодии матбуот дар Қазоқистон ҳам таъкид кардаанд. Дар ин кишвар охирҳои соли 2012 ва аввалҳои соли 2013 ҳама шабакаҳои хабарии милли мустақил баста шуданд ва мунаққидони сарсахти ҳукумат мавриди пайгарди додгоҳӣ ё маъмурӣ қарор мегиранд.

Темур Варқӣ
Темур Варқӣ
Дар раддабандии ҷаҳонии “Гузоришгарони бидуни марз” доир ба озодии матбуот Тоҷикистон дар хатти 115-ум қарор дорад. Иоҳан Бир, масъули барномаҳои созмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “соли гузашта дар маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бештар Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз 20 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, тарғибу ташвиқ мешуд”. Ӯ афзуд, ки “маҳдудсозӣ ва қатъи худсаронаи сомонаҳои мустақили хабарӣ, ҳарчанд баъзан ҳамагӣ чанд рӯз идома мекарданд, ба як амри маъмулӣ табдил гардид”. Муаллифони гузориш ба он нукта ҳам ишора кардаанд, ки дар Қонуни нави матбуот, санаде, ки аз моҳи марти соли 2013 ба ҳукми амал даромад, шароити мувофиқе барои фаъолияти расонаҳову хабарнигорон пешбинӣ шудааст, аммо нуктаҳои он ҳоло татбиқ намешаванд.

Темур Варқӣ, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки бо гуфтаҳои Иоҳан Бир ва хулосаи раддабандии “Гузоришгарони бидуни марз” мувофиқ аст. Аммо, аз нигоҳи ӯ, муаллифон ба далелҳои зиёди таъқибу фишор ва ҳатто лату кӯби хабарнигорон дар соли гузашта таваҷҷуҳ накардаанд. Темур Варқӣ мегӯяд, ки худи ӯ ҳадди аққал ду бор, аз ҷумла, замони тазоҳуроти тоҷирон баъд аз сӯхтор дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе мавриди хушунати кормандони полис ва амният қарор гирифтааст. Далели дигар, ба гуфтаи ӯ, қазияи Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон» аст, ки 25 декабр, ҳангоми талоши инъикоси мурофиаи додгоҳии пурсару садои Зайд Саидов, соҳибкори
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, боздошт шуд. Абдураҳим Шукуров иқрор кард, ки ҳангоми боздошт мавриди лату кӯби кормандони милиса қарор гирифтааст.

Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, “он бардошт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ танҳо як нафар имкон дошт худро таблиғ кунад, воқеъият аст. Ва муҳимтар он аст, ки сабаби ин дар чист?”. Таҳлилгари тоҷик дар ин вазъ созмонҳои байнулмилалиро айбдор мехонад, ки “бо шинохтани ҳама маъракаҳои ба ном “интихоботӣ”, ҳукумати феълиро машрӯъият медиҳанд”.

Ба гуфтаи ӯ, мардуми Тоҷикистон он қоидаи бозиро қабул кардаанд, ки созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, нозирони худро ба “интихобот”-и Тоҷикистон мефиристанд ва ин нозирон баъд аз тақрибан шаш моҳ як гузориши чандсаҳифагӣ дар бораи ин маърака менависанду чанд созмони дигари байнулмилалӣ ба ин баҳогузорӣ мекунанд ва бо ҳамин тамом вассалом”. Ин гуна бархӯрд, аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик, ба вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон ҳам бетаъсир намемонад.
XS
SM
MD
LG