Давлати Тоҷикистон дар талоши дигаре барои ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳо дар кишварҳои дигар бахусус ҷангҳои мазҳабӣ, бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ барои ҳузур дар ингуна муноқишаҳо ҷазои сангине муқаррар кард. Дар ин кодекси ислоҳшуда, ки баъди имзои раиси ҷумҳур ҳамин ҳафта ҳукми иҷро гирифт, банди иловагӣ зери рақами 4011 изофа кардаанд, ки бад ин мазмун аст: “Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”.
Бар асоси ҳамин банди қонун аз ин пас ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ё ҳар хориҷӣ, ки ҳаққи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро дорад, барои ширкат дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар хориҷ аз кишвар аз 12 то ба 20 сол ба зиндон маҳкум мешавад. Айни ҷазоро онҳое низ мегиранд, ки дар фиристодани ҷавонони тоҷик барои ҷанг ба хориҷ ва ё ҷалби ин ҷавонон ба воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунии хориҷӣ мусоидат мекунанд. То кунун дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон чунин банду чунин ҷазо вуҷуд надошт ва ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия ҳукумату порлумонро водор кард, ки кодексро ислоҳ кунад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро охири моҳи май қабул кард ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ин санадро рӯзи 26-уми июл ба имзо расонд.
То моҳи майи соли равон он шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат кардаанд, бар асоси қонуни ҳамон кишвар ҷазо додаанд.Аз ҷумла моҳи декабри соли гузашта 5 ҷавони тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои олии Сурия таҳсил мекарданд, барои ширкат дар ҷанги дохилии он кишвар ба ду солии зиндон маҳкум карданд. Бино ба гузоришҳо, тақрибан 100 ҷавони тоҷик айни замон дар сафи шӯришиён алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд ва бадтар аз ин ба Созмони Давлати Исломии Ироқ ҳамроҳ шудаанд, ки як созмони ифротгарои ҷудошуда аз Ал-Қоида аст.
Мақомот мегӯянд, то кунун 6 ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд, ҳарчанд бар манобеъи дигар, теъдоди онҳо метавонад аз ин ҳам бештар бошад. Моҳи март низ мақомоти интизомии Тоҷикистон Давлат Чолов, яке аз бародарони Қурбон Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқиро бо иттиҳоми ҷалби ҷавонони тоҷик барои “ҷиҳод” дар Сурия боздошт кард ва айни замон муҳокимаи ӯ идома дорад.
Ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои хориҷӣ, чӣ дар Сурия, чӣ дар Афғонистон ва Покистон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Тоҷикистон шудааст, зеро онҳо бим доранд, ки ин ҷавонон зери таъсири ақоиди бегонаву ифротӣ монда метавонанд, ба кишвар бармегарданд ва дар инҷо ҳам ҷангу харобкорӣ мекунанд. Айни замон мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, он ҷавононе, ки гумроҳ шуда ва ба Сурия рафта ва аз онҷо баргаштаанд, ҷазо намегиранд ва метавонанд, оромона ба зиндагиву кори худ идома бидиҳанд.
Аз ҷумла Шариф Назаров, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Суғд моҳи гузашта гуфт, ки Комил Шукуров, як сокини ноҳияи Спитамен чанде пеш аз Сурия баргашта ва худро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кард. Ва дар рафти таҳқиқ маълум шуд , танҳо чаҳор рӯз дар Сурия буда ва ҷинояте содир накардааст ва барои ҳамин аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуд ва “дар назди аҳли оилааш озодона зиндагӣ дорад.” Чанде пештар аз ин ҳам вазорати умури дохилӣ як сокини дигари ноҳияи Спитаменро нишон дод, ки мегуфт, нодониста ба Сурия рафтааст ва баъди огаҳ шудан аз воқеияти ҳол дар онҷо, ба Туркия ва сипас ба Тоҷикистон баргаштааст.
Тақрибан як моҳ пеш аз таъйини ҷазои сахт барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ, Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд, гуфт, агар ҳар ҷавоне, ки гумроҳ шуда ба доми ҳаракатҳои ифротиву террористӣ афтода бошад ва ихтиёрӣ ба ватан баргардад, алайҳи ӯ парванда боз намекунанд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, ҷавонони тоҷик умдатан барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва баъзеашон ба дасти гурӯҳҳои ифротии манфиатҷӯ меафтанд, ки ин ҷавононро бо баҳонаи ҷиҳод аз тариқи Туркия ба Сурия мефиристанд. Рӯҳониёни тоҷик низ борҳо бо муроҷиат ба ҷавонон гуфтаанд, ки ҷанг дар Сурия “ҷиҳод” нест ва аз онҳо хостаанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд.