Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани Тоҷикистон бемуштарӣ мемонад?


Идораи роҳани оҳани Тоҷикистон торафт муштариёни худро аз даст медиҳад. Агар чанд соли қабл бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик ба хотири чиптаи арзон қатораро меписандиданд, ҳоло ҳавопайморо интихоб кардаанд.

Фарқи чиптаи қатора ва ҳавопаймо ҳоло тақрибан 20 дарсад аст ва муштариён омодаанд барои ҳифзи вақту асабашон аз баҳри ин маблағ бигзаранд. Қатора аз Душанбе то Маскав тақрибан дар 4 рӯз мерасад ва марзи 4 кишварро убур мекунад, ки дар ҳар кадоме аз он тоҷикистониҳоро тафтишу таҳқири мақомоти интизомӣ мунтазир аст, ки гоҳо то 10 соат тӯл мекашад.

Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигори тоҷик, ки борҳо дар ин масир равуо кардааст, дар ин робита мегӯяд, ки кормандони гумрук, идораи сарҳадот, хадамоти беҳдоштӣ, байторӣ -- ҳамаи мақомотҳое, ки дар сарҳадҳои ин ё он давлат кор мекунанд, медароянд ва бо навбат тафтиш мекунанд, сумкаҳоро меҷӯянд, ҳатто маҷбур мекунанд, ки телефонҳои ҳамроҳро низ декларатсия кунанд, дастгоҳи наворбардорӣ, ва ё ягон асбоби маишии дигарро.

Ба назари коршиносони соҳаи нақлиёт, мушкилоти асосии мусофирони тоҷик дар марзи Тоҷикистону Узбкистон сар мезанад ва кормандони хадамоти гумруки ин кишвар таҷҳизоте, ки декларатсия нашудааст, мусодира мекунанд ва ҳатто хотираи таҷҳизоти электрониро тафтиш карда, боғоҷро тагорӯ ва ба мусофирон бадрафторӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Ҷамила Ҳусейнова, “роҳбаладони мо, роҳбарони қатораҳо дар ин масир тавре ман дидам, ҳеҷ нуфузе надоранд. Масалан барои он, ки як масофири мо аз тиризеаи қатор боқимондаи сигорро дар истгоҳи Қудуқлӣ (ки дар марзи Тоҷикистону Узбакистон воқеъ аст) ба берун партофт, ин ҷавонро аз қатор фароварданд ва фавран аз кишвар ихроҷ карданд. Ва ҳеҷ касе аз масъулони қатораи мо аз ӯ пуштибонӣ накард. Чунки мегӯянд, бефоида аст”.

Ин ягона масирест, ки кишвари дар инзиво қарордоштаи Тоҷикистонро бо Русия мепайвандад ва тариқи ин масир нисфи молҳои содиротиву воридотии Тоҷикистон мунтақил мешавад. Ва Тоҷикистон намехоҳад бо ҳеҷ яке аз ҳамсоякишварҳояш дар ин робита вориди моҷаро шавад. Тоҷикистон имкони рӯи даст гирифтани иқдомҳои ҷавобиро надорад. Чунки кишварҳои ҳамсоя аз роҳи оҳани Тоҷикстон барои интиқол додани борҳои худ истифода намекунанд. Узбакистон барои мисол фаротар аз марзи Тоҷикистон чанд масири роҳи оҳанро бунёд кард.

Усмон Қаландаров, муовини раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: "Қаблан тариқи роҳҳои оҳани мо аз 17 то 18 миллион тонна молҳои Узбакистону Қазоқистон кашонида мешуданд. Ин аз боркашонии дар дохили кишвар се маротиба бештар буд. Транзити молҳо қисмати асосии даромади Роҳи оҳанро ташкил медод. Ҳоло мо танҳо дар дохили кишвар ба боркашонӣ машғулем."

Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон аз сӯи давлат мунтазам маблағгузорӣ шуда, имтиёзҳои андозӣ дарёфт мекунад. Бо ин вуҷуд ин идора даромаднок шуда наметавонад. Ба ҳар сурат набояд интизори муфлис шудани ин ширкат шуд. Чунки давлат ба пошхӯрии ширкат роҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, пас аз як моҳ масири нави роҳи оҳан ба истифода дода хоҳад шуд, ки вилояти Хатлонро аз инзивои иртибототӣ наҷот медиҳад. Аммо баъид аст, ки Идораи Роҳи оҳан ба зудӣ аз ин масир даромад бигирад.

Анушервон Орифов, Насим Исамов

Настоящее время

XS
SM
MD
LG