Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти бузургтарин телескопи Тоҷикистон ба саҳнаи нуҷумшиносӣ


Бузургтарин телескопи Тоҷикистон бо иқтидори кашфи кӯчактарин ситора ва хиратарин ҷирми осмонӣ, баъди 25 соли таъхир дубора ба кор даромад.

Бузургтарин телескопи Тоҷикистон, ки ҷирмҳои хуртарини осмониро ошкор мекунад, баъди корношоямии 25-сола дубора фаъол шуд. Ин дастгоҳи азимҷусса, ки дар баландии кӯҳи Санглох, воқеъ дар ноҳияи Данғара ҷойгир аст, акнун метавонад дар фосилаи беш аз 200 миллион километр таҳқиқоти муҳими астрономӣ анҷом диҳад ва ҷирмҳои андозааш 5-10 сантиметрро дар баландии то 40 ҳазор километр мушоҳида ва сабт кунад. Коре, ки то имрӯз мунаҷҷимони тоҷик фақат дар орзуяш буданд.

Телескопи расадхонаи Санглохро соли 1982 аз Олмон ба Тоҷикистон оварданд. Мутахассисон баъди ҷустуҷӯву баррасиҳо мавзеи Санглохро барои насби он беҳтарин макон интихоб карданд. Ин мавзеъ дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва ба гуфтаи мутахассисон, осмони он дар тӯли сол беш аз 200 шаби софу беабр дорад, ки барои пажӯҳиш мувофиқ аст.

Дар давоми 10 соли кор бо ин телескоп нуҷумшиносони тоҷик ба 10 дастоварди илмӣ муваффақ шудаанд. Нахустин дастоварди ин телескоп боис шуд, ки як сайёраи хурд дар кайҳон исми Тоҷикистонро бигирад. Гулчеҳра Қоҳирова, нуҷумшинос, раҳбари Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, соли 1985 барои аввалин бор дар ҷаҳон як кометаи машҳур бо номи Галей, ки он дар 70 сол як маротиба ба офтоб наздик мешавад, ба воситаи телескопи Тоҷикистон мушоҳида шуд. Баъди ин, донишмандони тоҷик як сайёраи наверо дар кайҳон пайдо карданд ва дар бораи он ба маркази астрономии байналмилалӣ маълумот доданду аксу сабтҳоро фиристоданд. Ин саёраи хурд исми Тоҷикистонро гирифт.

Бузургтарин телескопи Тоҷикистон дар Санглохи Данғара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00

Аммо ин телескоп, ки мебоист на камтар аз 100 сол хизмат кунад, баъди ҳамагӣ 10 соли фаъолият аз истифода берун шуд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили расадхонаи Санглох як муддат гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳам мустақар шуданд. Дар натиҷа, ин бинои 6-ошёна валангор ва тамоми симу қисмҳои муҳими ин дастгоҳи пурарзиш хароб шуд. Корношоям шудани дастгоҳи бузурги кайҳонӣ мунаҷҷимону олимони тоҷикро дар ин ду даҳсола ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кард. Онҳо ин ҳама сол бо телескопҳои чанд баробар хурд ва танҳо ба омӯзиши ҷирму сайёраҳои наздик ба Замин машғул буданд.

Умедҷон Ҳамроев, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизика мегӯяд, дар ҳамоишҳои байналмилалии нуҷумшиносон ҳамтоёни онҳо аз кишварҳои дигар дастовардҳои зиёдеро муаррифӣ мекарданд, аммо мунаҷҷимони тоҷик, ки аз телескопи бузург маҳрум буданд, чизе барои таъриф кардан надоштанд. "Ҳоло дигар дар ҳамоишҳои байналмилалӣ дастовардҳои мо ҳам зиёд хоҳад буд”, - гуфт ӯ. Умед Ҳамроев, ки хеле бошавқ идорасозии телескопро ба мо намоиш медод, гуфт чанд шаби пеш бо ин телескоп акси моҳро гирифт. Умед дар 10 соле, ки дар ин соҳа кор мекунад, ҳамеша орзуи кор бо чунин телескопи бузургро доштааст.

Телескопи замоне машҳур ва ягона дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле дубора барқарор мешавад, ки дар кишварҳои дигар дастгоҳҳое чанд баробар аз ин қавитар қомат афрохтаанд. Аммо мутахассисон мегӯянд, мавқеи ҷойгиршавии телескопи Тоҷикистон иқтидори баробар бо дастгоҳҳои замонавиро таъмин мекунад.

Мутахассисони тоҷик мегӯянд, тавассути ин телескоп онҳо имкони бештаре барои коҳиш додани хатару паёмадҳои бархурди ҷирму болид ва сайёраҳои осмон ба заминро хоҳанд дошт. Гулчеҳра Қоҳирова мегӯяд, солҳои ахир олимон исбот кардаанд, ки баъзе аз шиҳобу сайёраҳои хурд дар ҳаракати худ мадори Заминро бурида мегузаранд ва эҳтимоли хатари бархурди он ба Замин зиёд аст. “Паёмадҳои чунин бархурдҳо хуб нест. Масалан, дар Челябинск чунин воқеа шуда буд, ки дар натиҷа чандин нафар фавтидаву хонаҳо хароб шуда буданд”, - мегӯяд Қаҳҳорова.

Телескопи Тоҷикистон аз як лӯлаи бузурге иборат аст, ки дар дохили он оинаи қутраш якметра ҷойгир шудааст. Ду лӯлаи хурдтари телескоп ҳам, ки яке ба забони нуҷумшиносон роҳбалад ва дигараш ҷустуҷӯкунанда аст, ҷирмҳои хурду резаро аз ҳар гӯшаи осмон пайдо мекунанд ва дар шакли бузург нимоиш медиҳанд.

Расадхонаи байналмилалии Санглох қариб пурра барои истифода омода аст. Қарор аст раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик дар расми ифтитоҳи дубораи он ширкат кунад. Аммо бештар аз ҳама ифтитоҳи ин расадхонаро мунаҷҷимони ҷавони тоҷик интизоранд ва барои кор бо телескоп аз ҳоло навбат ҳам гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG