Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири "ҷазира"-ҳои байни Тоҷикистону Узбекистон чӣ мешавад?


Сокинони баъзе аз минтақаҳои вилояти Суғд умед доранд, ки мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ҳарчи зудтар тақдири деҳа ё пораи замини онҳоро дар марз муайян хоҳанд кард. Ин деҳаву замини кишти сокинон дар ноҳияҳои Конибодому Ашт ва Спитамену Шаҳристон ҳамчун "анклав" ё ҷазирақаламрав боқӣ мондаанд.

Ниме дар Тоҷикистон, ниме дар Узбекистон

Дар байни роҳи ягонаи ин деҳа то маркази ҷамоат посгоҳи марзии Узбекистон гузошта шудааст

Деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом, тақрибан 100-километрии шарқи Хуҷанд, дар сарҳади вилояти Фарғонаи Узбакистон ҷойгир аст. Тақрибан 60 гектар замини кишти беш аз 50 хонаводаи ин деҳа дар он сӯи посгоҳи марзии Узбекистон мондааст.

Маъруф Мамадҷонов, раиси хоҷагии деҳқонии "Дӯстӣ", рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ба сари заминҳояшон бо убури ду посгоҳу нишон додани шиноснома мераванд. Ӯ афзуд, "ҳоло бидуни монеа ба сари замин рафта, кор мекунем. Лекин ин масъала, ки оё замин ба ихтиёри мо хоҳад гузашт ё не, пурра ҳал нашудааст. Умед дорем, то охири моҳ ҳал шавад. Моҳи декабри соли гузашта аз Хуҷанд комиссия омада, дида буд. Гуфтанд, ки ҳал шавад, хабар медиҳанд."

Равот, Сарвак...

Ба қавли ӯ, ҳоло тақрибан аъзои 450 хоҷагӣ дар посгоҳҳои марзӣ номнавис шуда, бо нишон додани шиноснома ба марзбонҳои тоҷику узбек ба сари замин мераванд. Аввали ҳамин моҳ дар ин маҳал гузаргоҳи сарҳадии Равот, байни ноҳияҳои Конибодом ва Бешариқи Узбакистон боз гардид ва, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ӯ низ бо ин роҳ озодона ба Бешариқ рафта омадааст.

Ҳалли ихтилофҳои марзӣ байни Тоҷикистону Узбекистон сокинони ин анклавҳоро умедвор кардааст, ки саддҳо аз байни макони зист ё заминҳояшон бардошта хоҳад шуд.

Сокинони деҳаи Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳия Ашт, воқеъ дар тақрибан 150-километрии Хуҷанд ва сарҳади вилояти Намангони Узбекистон мушкили монанд бо сокинони деҳаи Равоти Конибодомро доранд. Дар байни роҳи ягонаи ин деҳа то маркази ҷамоат посгоҳи марзии Узбекистон гузошта шудааст ва равуои ҳудуди 500 сокини ин деҳаи Тоҷикистон бо убури посгоҳи сарҳадбонҳои узбек сурат мегирад.

"Кадом рӯзе хостем, мегузарем"

Узбекистон миёнаҳои соли 2011 барои 9 моҳ ин роҳи ягонаи 10-километриро баст ва бошандагони деҳаи Сарвак барои рафтан ба маркази ҷамоати худ беш аз 40 километр роҳро тай мекарданд. Ба гуфтаи сокинони деҳаи Сарваки Боло, пас аз боз шудани гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон равуои онҳо ба маркази ноҳия осонтар шудааст.

"Пештар дар як ҳафта як бор иҷозаи гузар медоданд. Ҳоло кадом рӯзе хостем, мегузарем. Фақат нишон додани шиноснома кофӣ аст. Муҳр ё ягон хел қайд намегузоранд", - гуфт як сокини ин маҳал бидуни зикри номи худ. Аммо, ба қавли мусоҳиби мо, сокинони маҳалҳои дигари ноҳия барои рафтан ба деҳаи Сарвак бояд аз гузаргоҳи “Навбунёд” (аз суи Узбекистон – “Поп”) иҷозаномаи убур бигиранд.

"Анклав"-ҳо

То соли 2012 сокинони ин "анклав"-ҳо барои равуо дучори мушкил буданд. Дар пайи муроҷиатҳои сокинони ин минтақаҳои баҳснок соли 2012 раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон Узбекистон бар асоси тавофуқе роҳро барои сокинони деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт ва Равоти Конибодом боз карданд.

Дар иваз Тоҷикистон низ равуо ва иқомати муваққатии 23 хонаводаи аз нигоҳи маъмурӣ тобеи деҳкадаи "Казарма"-и ҷамоати Ҳомид Олимҷони шаҳри Бекободро ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзии Сарбанд дар Спитамен иҷозат дод. Инҳо шаҳрвандони Узбекистон ҳастанд, ки дар минтақаи марзии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, канори обанбори "Фарҳод" зиндагӣ ва дар Бекободи Узбакистон кор мекунанд.

Насимҷон Деҳқонбоев, раиси ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен, рӯзи 18-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боз шудани гузаргоҳи марзӣ ва бардошта шудани посгоҳ аз болои роҳи обанбори “Фарҳод” равуои шаҳрвандони ҳар ду ҷонибро ба марказҳои ноҳияҳои худ осон гардонд.

"Мақомот гуфтанд, ба наздикӣ маълум мешавад"

"Аммо ин ҷойҳо монанди пештара боқӣ мондаанд ва ба кишвари дигар нагузаштаанд. Ба мо мақомот гуфтанд, ки ба наздикӣ ҳамааш маълум мешавад", - гуфт ӯ.

Дар деҳаҳои Сарбанд ва Кӯҳдоман (Горний)-и ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен беш аз 3.5 ҳазор тоҷикону узбекҳо паҳлӯи ҳам зиндагӣ доранд. Қаблан мактаби ягонаи ин маҳалҳо узбекӣ ва таълим аз рӯи барномаҳои таълимии Узбекистон ва бо ҳуруфи лотинӣ сурат мегирифт. Ду сол пеш Тоҷикистон низ бо дархости сокинон барои атфоли тоҷик мактаби таҳсили 8-сола сохт.

XS
SM
MD
LG