Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизбони нишастҳои СҲШ дар соли 2014


Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар чорчӯби раёсати ин кишвар дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли ҷорӣ панҷ нишасти шӯрои вазирон ва мақомоти кишварҳои узви ин созмон баргузор мегардад.

Парвиз Додов, сардори раёсати шартномавӣ - ҳуқуқии вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи душанбеи 3-юми март, зимни брифинги матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "бо таваҷҷуҳ ба он ки Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2013 раёсати Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро бар ӯҳда гирфтааст, давраи ин раёсат таҳти шиори "Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ, Ҳамшукуфоӣ" сурат мегирад."

Ба гуфтаи ҷаноби Додов, "ҳадафи асосӣ ва калидии Тоҷикистон ба унвони кишвари раёсаткунанда дар СҲШ, қабл аз ҳама пешбурди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳошияи ин созмон ва инчунин ташаккули бахши мундариҷавии натиҷаҳои нишастҳои шӯроои сарои давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои ин созмон маҳсуб меёбад."

Ҷаноби Додов афзуд, ки "ҳоло кишварҳои узв таърихи баргузории чорабиниҳои дар давоми сол ба нақшагирифташуда дар қаламрави Тоҷикистонро ҳамоҳанг доранд."

Тоҷикистон мизбони нишастҳои Шанхай мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Ин ҳам дар ҳоле, ки Парвиз Додов мегӯяд, "қарор аст дар соли ҷорӣ панҷ нишасти шӯрои вазирон ва мақомотҳои марбутаи кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, мулоқоти котибони шӯрои амниятӣ, вохӯрии вазирони дифоъ, нишасти раҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узв дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, мулоқоти вазирони фарҳанг дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба ин тартиб, интизор меравад, ки аввали моҳи апрели соли ҷорӣ мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.



Ҳамчунин ба иттилои мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар чорчӯби чорабиниҳои ба нақшагирифта дар соли ҷорӣ, Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони "Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар таъмини амнияти минтақавӣ: мушкилиҳо ва дурнамо" баргузор мегардад, ки ба кори он раҳбарон ва намояндагони марказҳои мутолеотии кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир ва шарикон даъват мешаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз моҳи сентябр, аз замоне, ки Тоҷикистон раёсати давраии СҲШ - ро бар дӯш гирифтааст, дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд ва Пекин, нишастҳои Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи СҲШ, ҷаласаи Шӯрои кории СҲШ, ҷаласаи доимоамалкунандаи гурӯҳи кории коршиносон дар мавриди масъалаҳои кишоварзии кишварҳои узв, машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар мавзуи "Вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи робитаҳои СҲШ бо созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо созмонҳои шарик ва дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон муаррифии нашрияи илмӣ - публисистии "Тоҷикистон - СҲШ: субот ва шукуфоӣ" доир шудааст.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Бишкек барпо шуд, раёсати даврии ин созмон ба дӯши Тоҷикистон вогузор гардид. Ҳамчунин дар ин нишаст тасмим гирфта шуд, ки саммит ё нишасти навбатии кишварҳои узви СҲШ дар соли 2014 дар Тоҷикистон баргузор шавад. Ин аст, ки мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин мулоқоти сатҳи олӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Интизор меравад, масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ба хусус вазъи Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нируҳои НАТО аз ин кишвар то поёни соли ҷорӣ ва паёмадҳои он барои кишварҳои ҳамсоя аз мавзуоти меҳварии нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе хоҳад буд.

Зимнан, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар чорчӯби Панҷгонаи Шонгҳой дар соли 2001 ташкил шуд ва ба узвият он Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд. Эрону Ҳинд, Афғонистону Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG