Зебо Ғаффорова, як фаъоли Фейсбук, бештари вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ёрӣ ба атфоли бемор сарф мекунад. Ӯро марги хоҳараш бар асари як бемории сахт ба ин кор водор кардааст. Дар давоми як сол ӯ тавонистааст, дар ҷамъоварии маблағи зарурӣ барои се кӯдаки бемор кумак кунад.
Аз ҷумла, Сумаяи дусола барои дармони мағзи сар бо 13 ҳазор доллар ба Ҳиндустон барои муолиҷа фиристода шудааст. Аммо чаро маҳз дар Ҳиндустон ва бо маблағи калон? Магар тибби Тоҷикистон имкони муолиҷаи Сумаяро надошт?
Зебо Ғаффорова гуфт, "табибон дар инҷо ӯро хеле хуб нигоҳубин карданд, ҳатто бепул. Аммо дидем, ки вазъи ӯ дар муддати шаш моҳ беҳтар нашуд ва беш аз ин мунтазир нашудем. Ба хотири ин ки вазъаш бадтар нашавад, зуд ба Ҳиндустон фиристодем. Ин кишвар ба ҳар ҳол аз лиҳози таҷҳизоту фанноварӣ пешрафта аст." Ғаффорова мегӯяд, айни ҳол барои кӯдаки дигаре бо номи Габриел, ки мисли Сумая аз ошёнаи баланд афтода ва ҷароҳат бардоштааст, маблағ ҷамъ мекунад.
Аксари онҳое, ки барои ҷарроҳиву муолиҷа дар хориҷ дирам ба дирам пул ҷамъ мекунанд, мегӯянд, ки тамоми талоши худро барои табобат дар Тоҷикистон карданд ва то охирин пули ҷайбашонро ҳам дар ин роҳ сарф намуданд, аммо бенатиҷа будааст. Бахтовар, як сокини Ҳисор, падари Румайсои дувунимсола мегӯяд, духтараш як соли пеш пас аз таби баланд аз беаҳамиятии табибон дар яке аз бемористонҳои Тоҷикистон фалаҷ ва нобино шуд.
Бо ин ки мақомот ҳамвора дар робита ба беҳбуд ва пешрафти соҳаи беҳдошт дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, аммо шикояту норизогии мардум аз сатҳи хидматрасонии пизишкони тоҷик ҳанӯз зиёд будааст. Иддае аз онҳо аз сифати соҳаи беҳдошт, машваратҳои пулакии пизишкон
Имрӯз барои табобат ва пайвандсозии ҷигар аз хориҷ ҳам ба Тоҷикистон меоянд. Дар ҳоли ҳозир ду бемор аз Молдова омада, дар Тоҷикистон муолиҷа мешаванд.Ғиёсиддин Меъроҷов
ва иддае дигар аз боло будани нархномаи хизматрасониҳо норозиянд. Мусоҳибонамон мегӯянд, афроде, ки пул доранд, тарҷеҳ медиҳанд барои дармон ба хориҷи кишвар сафар кунанд ва афроде ки надоранд, дар ҳамин ҷо табобат бигиранд.
Расонаҳо борҳо масъалаи дар хориҷ табобат гирифтани мансабдоронро матраҳ карда ва аз вазири тандурустӣ то раҳбарияти донишгоҳи тиббиро ба боди интиқод кашида буданд, ки онҳо саломати худро на ба шогирдону дастпарвардаҳои худ, балки ба пизишкону олимони Эрон бовар мекунанд. Соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як сӯҳбаташ ба ин масъала ишора карда, таъкид анмуд, ки тибби кишвар тавре бояд бошад, ки дигар мансабдорони баландпоя барои табобат ба хориҷ нараванд. Барои ин раисиҷумҳур ба тарбияи муттахассисони ҳирфаӣ таъкид карда буд.
Бо гузашти як сол аз ин талаби раисиҷумҳур, мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, имрӯз вазъ то ҷое тағйир ёфта ва ҳатто беморон аз кишварҳои ҳамсоя барои табобат ба Тоҷикистон меоянд. Ғиёссидин Меъроҷов, академик ва раиси Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз барои пайвандсозии узвҳо, махсусан гурда, бештар аз Афғонистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ба Тоҷикистон меоянд ва дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон амали ҷарроҳӣ мекунанд.
Ғиёсиддин Меъроҷов гуфт, "имрӯз барои табобат ва пайвандсозии ҷигар аз хориҷ ҳам ба Тоҷикистон меоянд. Дар ҳоли ҳозир ду бемор аз Молдова омада, дар Тоҷикистон муолиҷа мешаванд." Ба таъкиди ин академики тоҷик, имрӯз ба хориҷ афроде барои табобат мераванд, ки аз пешрафти илми пизишкӣ дар Тоҷикистон огоҳ нестанд. Ғиёсиддин Меъроҷов мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон тамоми бемориҳо бо нархи арзонтару дастрас табобат мешаванд.
Тибқи омори расмӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 200 пайванди гурда ва беш аз 10 пайванди ҷигар анҷом дода шудааст. Аз ин шумора 25 амали ҷарроҳӣ ба шаҳрвандони Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Русия ва Либия марбут аст. Ба бовари мутахассисони бахши тандурустӣ, шаҳрвандони хориҷиро нархи дастраси ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар меорад.